Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Фаврӣ: Мошини хизматии раиси ВМКБ ба дарёи Панҷ сарозер шуд
Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сарозер шудани мошини хизматии раиси ВМКБ хабар дод.
Манбаъ навиштааст, ки имрӯз, 17-уми июни тахминан соати 10:40 автомашинаи хизматии раиси ВМКБ Мирзонабот Алишер Худобердӣ, КИ дар дохилаш ёрдамчии охирин Ҷанобилшоев Садоншо Рамазоншоевич, ҳамсар ва фарзанди хурдсоли раиси вилоят қарор доштанд, дар киллометри 282-юми шоҳроҳи «Душанбе-Хоруғ», дар байни деҳаҳои Зиғар ва Яхчисори ноҳияи Дарвоз ба садама дучор гардид. Бинобар суръати баланд воситаи нақлиёт ба иншоотҳои муҳандисӣ-сарҳадӣ бархӯрда, ду сутунпоя ва симхорро зер карда, ба дарёи Панҷ сарозер шудааст.
Гуфта мешавад, ки аз ҷойи ҳодиса як адад рақами қайди давлатии 287 ТҶ ва қисмҳои алоҳидаи воситаи нақлиёт пайдо карда шуд.
Бинобар иттилои манбаъ, бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода раиси КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Раҷабалӣ Рахмоналӣ ва дигар шахсони масъул дар ҷойи ҳодиса қарор доранд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав