Тоҷикистон ва Қатар дар бораи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон гуфтугӯ карданд
Дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ баргузор мегардад
Иштирок ва суханронии вазири рушди иқтисод ва савдо дар муколамаи шарикони рушд
Дар ҳашт моҳ 995,2 ҳазор метри мураббаъ хонаи истиқоматӣ сохта ва ба истифода дода шудааст
Рушди рӯзафзуни сайёҳӣ дар Бадахшон. Беш аз 17 ҳазор гардишгар ба вилоят ворид шуданд
Дар шаш моҳи аввали соли 2025 17 ҳазору 921 нафар сайёҳ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ворид шуда, бо маконҳои таърихиву фарҳангӣ, табиати нотакрор ва чашмаҳои шифобахши ин минтақа ошно шудаанд.
Дар ин хусус, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба “Ховар” иттилоъ доданд.
Бадхашон бо кӯҳҳои сарбафалак, сабзазорҳои кӯҳӣ, кӯлҳои мусаффо ва мардумони меҳмоннавоз сол ба сол таваҷҷуҳи бештари сайёҳони дохиливу хориҷиро ҷалб мекунад.
Манзараҳои табиӣ ва мероси этнографии нодир ин вилоятро ба як макони ҷолиби гардишгарӣ дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ табдил додаанд.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ рӯзи 28-уми июн дар мулоқот бо фаъолони вилоят таъкид намуданд, ки Бадахшон яке аз минтақаҳои нотакрор ва дорои имконоти васеи рушди сайёҳӣ ба шумор меравад.
Президенти Тоҷикистон таъкид намуда буданд, ки бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ зарур аст, инфрасохтор, сатҳи хизматрасонӣ ва шабакаҳои коммуникатсионӣ беҳтар гарданд.
Ба ин тартиб, роҳбарияти маҳаллӣ вазифадор шудааст, ки ҳамоҳанг бо вазорату идораҳои марбута барномаҳои мукаммали дастгирии сайёҳиро татбиқ намояд.
Таҳлилгарон мегӯянд, рушди устувори туризм дар Бадахшон метавонад ба эҷоди ҷойҳои нави корӣ, афзоиши даромади аҳолӣ ва таблиғи имконоти фарҳангию табиии кишвар мусоидат кунад. Ҳамчунин, ин раванд метавонад бахши муҳимми иқтисоди “сабз” дар Тоҷикистонро тақвият бахшад.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Сарвазири Қатар: “Эрон ҳамсояи Қатар аст ва ҳамеша чунин боқӣ хоҳад монд”
Арабистони Саудӣ дар 24 соат 94 бор ба Яман ҳамла кард
Вохӯрии Ҳабибулло Воҳидзода бо Александр Баженов
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» ҷамъбаст гардид