Тоҷикистон барои тағйирёбии иқлим 72 миллион евро мегирад
Мактаби футболи бошгоҳи "Истиқлол" дар Амрико фаъол мегардад
«Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино ба се забон нашр шуд
Ислом Махачев розӣ нашуд. Рақобати Карлос Пратес ва Майкл Моралес барои камарбанди муваққатӣ
Ободкориҳои ҷашнӣ дар Роштқалъа: дорухонаҳо, хатҳои оби тоза ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
Ба пешвози 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон яксилсила иншооти нави иҷтимоӣ мавриди истифода қарор гирифтанд.
Дар маркази ноҳия дорухонаи муосир ифтитоҳ ёфт, ки ба сокинон хизматрасонии дорусозиро дар сатҳи беҳтар фароҳам меорад. Ҳамзамон, дар деҳаи Сежд майдончаи варзишӣ ва хати нави оби нӯшокӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Хати мазкур 17 километр тӯл кашида, 103 хоҷагиро бо оби тоза таъмин менамояд.
Дар деҳаи Шошбувад низ лӯлаи оби нӯшокӣ ба масофаи 20 километр кашида шуда, дастрасии сокинон ба оби ошомидании босифатро беҳтар намудааст. Илова ба ин, дар деҳаи Рубот дорухонаҳои нав ба фаъолият оғоз намуданд, ки ба беҳтар шудани хизматрасонии тиббӣ мусоидат мекунанд.
Ба гуфтаи мақомот ифтитоҳи чунин иншоот дар арафаи ҷашни Истиқлол самараи сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нишонаи таваҷҷуҳи хоса ба рушди иҷтимоиву иқтисодии минтақаҳои дурдасти кӯҳистон маҳсуб меёбад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд