Имсол дар хиёбони Саъдӣ Шерозӣ сохтмони эстакада ва як пули автомобилгард оғоз мегардад
Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намуд
Сафари Президенти кишвар ба Шаҳринав аз боздиди Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода оғоз шуд
Дар баъзе кӯчаҳои ду ноҳияи Душанбе барқ муваққатан хомӯш мешавад
Иштироки Рустами Эмомалӣ дар маросими ифтитоҳи Академияи футболи ВМКБ
Имрӯз, 14-уми октябр президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар маросими ифтитоҳи Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки дар ноҳияи Дарвоз баргузор гардид, иштирок намуд.
Тавре ки Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст, пас аз ифтитоҳи Академия Рустами Эмомалӣ дар фестивали футболи кӯдакона иштирок кард, ки дар он футболбозони наврас маҳорати худро намоиш доданд.
Гуфта мешавад, ки президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон бо инфрасохтори маҷмааи нави варзишӣ ва шароите, ки барои омодасозии футболбозони ҷавон фароҳам оварда шудааст, шинос шуд.
Иттилоъ дода мешавад, ки Академияи футболи ВМКБ дар Дарвоз дорои ду майдони футбол бо алафи сунъӣ, болопӯшида ва кушода мебошад, ки барои баргузории тамринҳо ва машғулиятҳо дар шароити гуногуни обу ҳаво имкон фароҳам меорад.
Ҳамчунин, дар ҳудуди маҷмаа бинои маъмурӣ бунёд гардидааст, ки дар он маҷмааи истиқоматӣ барои будубоши тарбиятгирандагон, ошхона ва толори варзишӣ пешбинӣ шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Иштироки Рустами Эмомалӣ дар маросими ифтитоҳи Академияи футболи ВМКБ
Дипломати рус: Дар ҳамлаи Украина ба хоки Русия кӯдакону ғайринизомиён кушта мешаванд
Филми эронии “Қиморбоз” дар ҷашвораи “Тоҷи Сомон”-и Душанбе намоиш дода мешавад
Имсол дар хиёбони Саъдӣ Шерозӣ сохтмони эстакада ва як пули автомобилгард оғоз мегардад