28 Сентябр 2026,
душанбе, 20:44, Душанбе
28.09.2026 07:30

Президенти кишвар дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ 90 иншоотро тариқи фосилавӣ ифтитоҳ намуданд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ 90 иншооти таъиноти гуногунро, ки ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бунёд ёфтаанд, ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд.

Бинобар иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, дар шаҳри Хоруғ 8 иншоот, аз қабили корхонаи коркард ва басту банди партовҳои сахти маишии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Атрофи тоза” бо 10 ҷои кор, корхонаи коркарди гиёҳҳои шифобахши “Панасея” бо 6 ҷои кори доимӣ ва 80 мавсимӣ, корхонаи бетони ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сомони давр” бо 10 ҷои кор, кӯдакистони хусусии “Ширинҷон” барои 100 таълимгиранда, кӯдакистони хусусии “Дилноза” барои 60 кӯдак бо 6 ҷои корӣ, муассисаи таҳсилоти томактабии “Рисолат” барои 60 кӯдак бо 12 ҷои корӣ ва Маҷмааи муосири варзишӣ бо 20 ҷои кор ифтитоҳ гардида, 6 лоиҳаи роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалию ҷумҳуриявӣ, ки дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бунёд, навсозӣ ва мумфарш мегарданд, муаррифӣ карда шуд.

Манбаъ афзудааст, ки дар ноҳияи Дарвоз 11 иншоот аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардид. Аз ҷумла, корхонаи обҳои ташнашикани ҶДММ “Дарвоз аква” бо 30 ҷои кор, муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 50 кӯдак, дар деҳаи Курговади ҷамоати деҳоти Вишхарви ноҳияи Дарвоз муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 60  кӯдак, корхонаи истеҳсолии обҳои ташнашикани ҶДММ Парки иноватсионии саноатию технологӣ бо 6 ҷои кор, меҳмонхонаи “Помир роҳи абрешим” барои 30 меҳмон бо 10 ҷои кор, панҷ меҳмонхонаи муосир дар деҳаи Зеви деҳоти Қалъаи Хумб барои то 150  меҳмон бо 20 ҷои кор ва ҶДММ “Тоҷ Корея” оид ба парвариш ва банду басти моҳӣ бо 25 ҷои кор ифтитоҳ гардид.

Иттилоъ дода мешавад, ки дар ноҳияи Ванҷ 12 иншоот, аз ҷумла Бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Садвадг бо 4 ҷои кор, маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ ва ташхиси ноҳиявӣ барои 24 корманд, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 32 барои 100 хонанда дар як баст, муассисаи томактабии “Афсона” дар деҳаи Андарбак барои 60 тарбиятгиранда, муассисаи нави томактабии “Амина” дар деҳаи Удоб барои 60 кудак, Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, се маркази хизматрасонӣ бо коргоҳҳои истеҳсолӣ ва меҳмонхона дар маркази ноҳияи Ванҷ бо 14 ҷои кор, муассисаи таълимии томактабии “Дурахшандагон” барои 60 кӯдак дар деҳаи Лугад, муассисаи томактабӣ барои 60 кӯдак дар деҳаи Рованд ва муассисаи таҳсилоти томактабии “Чашмаи дониш” барои 60 кӯдак ифтитоҳ карда шуд.

Ҳамин тавр, дар ноҳияи Рӯшон 12 иншоот, аз қабили неругоҳи офтобӣ бо иқтидори 112 киловатт дар деҳаи Вранҷан, неругоҳи хурди обӣ бо иқтидори 25 киловатт дар деҳаи Биҷрав, неругоҳи обӣ бо иқтидори 15 киловатт дар деҳаи Девлох, майдони варзишии маркази ноҳияи Рушон бо 10 ҷои кор, корхонаи саноатии банду басти мева ва тути хушк бо 20 ҷои корӣ ва хатти интиқоли барқи 110 киловолт дар масофаи 42 километр ба истифода дода шуд.

Гуфта мешавад, ки дар ноҳияи Роштқалъа 15 иншооти таъиноти гуногун, аз ҷумла муассисаи давлатии томактабии “Хирадмандон” дар деҳаи Шошбувад барои 60 кудак, муассисаи давлатии томактабии “Чеҳраи Фардо” барои 60 кудак, муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 50 кудак, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 24 барои 144 хонанда дар ду баст, парки саноатӣ бо 9 коргоҳ, гармхонаи муосир барои парвариши сабзавот ва муассисаи томактабӣ барои 200 кудак мавриди истифода қарор дода шуд.

Тибқи иттилои дастрас, дар ноҳияи Шуғнон 16 иншоот, аз қабили муассисаи томактабии рақами 10 бо номи “Ганҷи миллат” барои 60 кӯдак, неругоҳи офтобӣ дар деҳаи Рож бо иқтидори 3 мегаватт, Парки саноатии ноҳияи Шуғнон иборат аз 6 коргоҳи саноатӣ бо 40 ҷои кор, гармхонаи муосир ва ҳавзи моҳипарварӣ дар деҳаи Пашор, муассисаи таҳсилоти томактабии деҳаи “Нишус” барои 30 кудак, муассисаи таҳсилоти томактабии “Дурахшондагон” барои 60 кудак, муассисаи хусусии таҳсилоти томактабии №2 бо номи “Насли Истиқлол” барои 80 кудак ва муассисаи таҳсилоти томактабии №7 “Меҳри Пешво” барои фарогирии 60 кӯдак аз ҷониби Сарвари давлат ба таври фосилавӣ ифтитоҳ гардид.

Ҳамчунин, дар ноҳияи Ишкошим 9 иншоот, аз ҷумла муассисаи таҳсилоти томактабии №5 барои 60 кудак, 4 гармхонаи нави муосир бо 7 ҷои корӣ ва Парки саноатӣ бо 80 ҷои корӣ ва қалъаи таърихии Ямчун баъди навсозӣ ифтитоҳ шуд.

Афзуда мешавад, ки дар ноҳияи Мурғоб 4 иншоот сохта, ба истифода дода шуд, аз қабили бинои нави шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, муассисаи таҳсилоти томактабии “Парасту” барои 60 кӯдак, муассисаи таҳсилоти томактабии “Дурахшон” барои 100 тарбиятгиранда, бинои нави нозироти андози ноҳия ва ду неругоҳи таҷрибавии бодӣ бо иқтидори умумии 200 киловатт неруи барқ.

Dialog.tj

 

Хатти хабарҳо

28.09.2026 15:34

Иштирок ва суханронии вазири рушди иқтисод ва савдо дар муколамаи шарикони рушд

Имрӯз, 28-уми сентябр дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмон Абдураҳмонзода дар муколамаи шарикони рушд оид ба мусоидат ба рушди савдо, сайёҳӣ ва рақобатпазирии минтақавӣ иштирок ва суханронӣ намуд.
28.09.2026 11:11

Президенти Сербистон истеъфо дод

Александр Вучич, раиси ҷумҳури Сербистон, рӯзи якшанбе аз мақоми худ истеъфо дод ва ба давраи дуюм ва ниҳоии раёсати ҷумҳуриаш пеш аз анҷоми муҳлат хотима бахшид. Истеъфои ӯ роҳро барои баргузории интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ боз мекунад.
28.09.2026 10:58

Бо дастури Президент мактаби №6-и шаҳри Хоруғ ба номи Алишери Мирзонабот номгузорӣ мешавад

Имрӯз, 28-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд.
28.09.2026 10:57

Дар ҳашт моҳ 995,2 ҳазор метри мураббаъ хонаи истиқоматӣ сохта ва ба истифода дода шудааст

Давоми ҳашт моҳи соли 2026 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масоҳати 995,2 ҳазор метри мураббаъ хонаи истиқоматӣ сохта ва ба истифода дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 34,3 дарсад зиёд мебошад.
28.09.2026 09:08

Раҳбари католикҳои ҷаҳон бар ҷилавгирӣ аз озори ҷинсӣ тавассути аъзои калисо таъкид кард

Поп Леои XIV-ум дар ҷараёни сафараш ба Фаронса, бо қурбониёни озори ҷинсӣ тавассути аъзои калисо дар ин кишвар дидор карда ва ваъда додааст, ки ҷилави ин гуна рафторҳоро дар миёни аъзои калисои католикӣ мегирад.
28.09.2026 08:33

Иштироки Пешвои миллат дар тантанаҳои идона ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Хоруғ

27-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
28.09.2026 07:30

Президенти кишвар дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ 90 иншоотро тариқи фосилавӣ ифтитоҳ намуданд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ 90 иншооти таъиноти гуногунро, ки ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бунёд ёфтаанд, ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд.
28.09.2026 06:29

Дар шаҳри Хоруғ Боғи фарҳангию фароғатии Дуои модар ифтитоҳ шуд

27-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шаҳри Хоруғ Боғи фарҳангию фароғатии Дуои Модарро мавриди истифода қарор доданд.