4 Ноябр 2026,
чоршанбе, 13:21, Душанбе
04.11.2026 10:53

Ҷанги зидди Эрон мавқеи Трампро дар Конгресси ИМА заиф кард

Ҳизби демократии ИМА дар натиҷаи охирини интихоботи миёндавраӣ бо ба даст овардани 51 курсӣ назорати Сенатро аз ҷумҳурихоҳон гирифт. Ҳамзамон, демократҳо дар Маҷлиси намояндагон низ бартарии худро афзоиш дода, дар интихоботи ҳокимони иёлатҳо пешсаф шуданд. Ин натиҷаҳо мавқеи сиёсии ҳукумати Доналд Трампро дар Конгресси ИМА бо мушкилоти ҷиддӣ рӯбарӯ мекунанд.

Ба гузориши расонаҳо, бар асоси омори охирини нашршуда, демократҳо то кунун 51 курсии Сенати ИМА-ро ба даст овардаанд. Ҷумҳурихоҳон бо 40 курсӣ дар мақоми баъдӣ қарор доранд.

Тибқи ин омор, демократҳо дар муқоиса бо ҳайати қаблии Сенат шаш курсӣ ба даст овардаанд, дар ҳоле ки ҷумҳурихоҳон низ шаш курсии худро аз даст додаанд.

Дар Маҷлиси намояндагони ИМА низ фосилаи байни ду ҳизб бештар шудааст. Демократҳо бо ба даст овардани 198 курсӣ дар муқобили 111 курсии ҷумҳурихоҳон пешсафанд. Ин омор аз афзоиши 19 курсии демократҳо ва коҳиши ҳамин миқдор курсӣ барои ҷумҳурихоҳон шаҳодат медиҳад.

Дар интихоботи ҳокимони иёлатҳо низ демократҳо бо ба даст овардани 24 мақом дар муқобили 15 мақоми ҷумҳурихоҳон пешсафанд. Ҳамзамон, шумораи ҳокимони иёлатҳо аз ҳизби демократ се нафар афзоиш ёфтааст.

Ин натиҷаҳо дар ҳоле ба даст омадаанд, ки фаъолияти ҳукумати Трамп дар ҷанги зидди Эрон, паёмадҳои иқтисодии ҷанг ва афзоиши хароҷоти зиндагӣ дар Амрико ба мавзуъҳои баҳсбарангези саҳнаи сиёсии ин кишвар табдил ёфтаанд.

Тағйири тавозуни қудрат дар Конгресс метавонад имкониятҳои демократҳоро барои назорат бар фаъолияти ҳукумати Трамп ва фишори сиёсӣ ба он бештар кунад. Ин вазъ ҳамчунин, метавонад дар роҳи татбиқи барномаҳои раиси ҷумҳури ИМА монеаҳо ва маҳдудиятҳои бештар эҷод намояд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

04.11.2026 10:53

Ҷанги зидди Эрон мавқеи Трампро дар Конгресси ИМА заиф кард

Ҳизби демократии ИМА дар натиҷаи охирини интихоботи миёндавраӣ бо ба даст овардани 51 курсӣ назорати Сенатро аз ҷумҳурихоҳон гирифт. Ҳамзамон, демократҳо дар Маҷлиси намояндагон низ бартарии худро афзоиш дода, дар интихоботи ҳокимони иёлатҳо пешсаф шуданд. Ин натиҷаҳо мавқеи сиёсии ҳукумати Доналд Трампро дар Конгресси ИМА бо мушкилоти ҷиддӣ рӯбарӯ мекунанд.
04.11.2026 10:27

Занони ниёзманд дар Ҳилманди Афғонистон: Толибон на иҷозаи кор медиҳанду на талбандагӣ

Теъдоде аз занон дар Ҳилманди Афғонистон, ки сарпарастии хонаводаҳои худро бар дӯш доранд, мегӯянд, гурӯҳи террористии Толибон на ба онҳо иҷозаи кор медиҳанд ва на мегузоранд, ки гадоӣ кунанд.
04.11.2026 10:09

Суханронии сафири Тоҷикистон бо забони урду соҳибкорони покистониро ба ваҷд овард

Суханронии Шарифзода Юсуф Тоир, сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон бо забони урду дар ҷараёни боздид аз Палатаи савдо ва саноати шаҳри Файсалободи Покистон таваҷҷуҳи соҳибкорони ин минтақаро ҷалб кард.
04.11.2026 08:30

Ба 170 тарбиятгирандаи мактаб-интернати Истаравшан туҳфаҳои Президенти кишвар расид

Бинобар иттилои маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2-юми ноябр дар Маҷмааи миллии соҳибкории "Роҳи Абрешим"'-и шаҳри Истаравшан аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 170 нафар тарбиятгирандаи мактаб-интернати шаҳри Истаравшан туҳфа супорида шуд.
03.11.2026 13:57

Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад

Муҳаммад Акраминиё, сухангӯи артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, дар сурати ҳамлаи дубораи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Эрон бо вокуниши фаврӣ, шадидтар ва густурдатар аз гузашта посух хоҳад дод.
03.11.2026 13:49

Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд

Шарифзода Юсуф Тоир, Сафири Тоҷикистон дар Покистон дар суҳбат бо расонаҳои покистонӣ хостори тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, густариши тиҷорати дуҷониба ва афзоиши сармоягузорӣ дар миёни Тоҷикистон ва Покистон шудааст.
03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.