Тоҷикистон ва Олмон масъалаи сафарбар намудани қувваи кориро баррасӣ карданд
Аҳмад аш-Шараъ: “Баландиҳои Ҷӯлон хоки Сурия боқӣ мемонад”
Сарвазири Испания ҷанги Исроил дар Ғаззаро “наслкушӣ” хонд
Покистон ба нуқтаҳое дар Афғонистон ҳамла кард
Тоҷикистон ва Олмон масъалаи сафарбар намудани қувваи кориро баррасӣ карданд
Бо мақсади баррасии имконоти тавсеа ва таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Олмон дар самти ҷалб ва сафарбар намудани қувваи корӣ муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Насим бо Томас Фёрстер, менеҷери генералии ширкати олмонии «Premium Food Group» мулоқот намуд.
Бинобар иттилои маркази матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, зимни мулоқот ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои марбут ба ташкили механизми муназзам, шаффоф ва ба талаботи бозори меҳнат мутобиқшудаи интихоби кадрҳоро баррасӣ намуданд.
"Масъалаҳои муайян намудани эҳтиёҷоти бозори меҳнати Ҷумҳурии Федеративии Олмон ба мутахассисони соҳаҳои гуногун, интихоби номзадҳои мувофиқ, омодасозии касбӣ ва забонии онҳо ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти минбаъдаи меҳнатӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт", - зикр мегардад дар иттилоия.
Афзуда мешавад, ки ҷонибҳо масъалаи таҳкими ҳамоҳангӣ байни сохторҳои дахлдори Тоҷикистон ва шарикони олмониро баррасӣ намуданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Дар Душанбе Форуми Осиёи Марказӣ оид ба пиринг ва пайвастшавӣ (CAPIF-5) оғоз шуд
Тоҷикистон ва Олмон масъалаи сафарбар намудани қувваи кориро баррасӣ карданд
Аҳмад аш-Шараъ: “Баландиҳои Ҷӯлон хоки Сурия боқӣ мемонад”
Сарвазири Испания ҷанги Исроил дар Ғаззаро “наслкушӣ” хонд