4 Ноябр 2026,
чоршанбе, 13:21, Душанбе
04.11.2026 09:57

Дар Вазорати фарҳанг лоиҳаи рушди таҳсилоти бадеӣ ва фарҳангии кӯдакону наврасон муҳокима шуд

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён бо намояндагони ширкати SP Impact ва Хадамоти Корея оид ба таълими бадеӣ ва фарҳангӣ (KACES) мулоқот намуд.

Тавре ки маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст, зимни мулоқот лоиҳаи рушди таҳсилоти бадеӣ ва фарҳангии кӯдакону наврасон дар заминаи китобхона дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Манбаъ афзудааст, ки мақсади асосии лоиҳа фароҳам овардани имконияти бештар барои рушди қобилияти эҷодии кӯдакону наврасон, ҷалби онҳо ба ҳаёти фарҳангиву бадеӣ тавассути татбиқи барномаҳои таълимию тарбиявӣ ва таҳкими иқтидори кадрии маҳаллӣ мебошад.

Гуфта мешавад, ки инчунин, дар мулоқот ҷонибҳо оид ба самтҳои татбиқи лоиҳа, рушди ҳамкориҳо ва истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ дар соҳаи таҳсилоти бадеӣ ва фарҳангӣ мубодилаи афкор намуданд.

Dialog.tj

 

Хатти хабарҳо

04.11.2026 10:53

Ҷанги зидди Эрон мавқеи Трампро дар Конгресси ИМА заиф кард

Ҳизби демократии ИМА дар натиҷаи охирини интихоботи миёндавраӣ бо ба даст овардани 51 курсӣ назорати Сенатро аз ҷумҳурихоҳон гирифт. Ҳамзамон, демократҳо дар Маҷлиси намояндагон низ бартарии худро афзоиш дода, дар интихоботи ҳокимони иёлатҳо пешсаф шуданд. Ин натиҷаҳо мавқеи сиёсии ҳукумати Доналд Трампро дар Конгресси ИМА бо мушкилоти ҷиддӣ рӯбарӯ мекунанд.
04.11.2026 10:27

Занони ниёзманд дар Ҳилманди Афғонистон: Толибон на иҷозаи кор медиҳанду на талбандагӣ

Теъдоде аз занон дар Ҳилманди Афғонистон, ки сарпарастии хонаводаҳои худро бар дӯш доранд, мегӯянд, гурӯҳи террористии Толибон на ба онҳо иҷозаи кор медиҳанд ва на мегузоранд, ки гадоӣ кунанд.
04.11.2026 10:09

Суханронии сафири Тоҷикистон бо забони урду соҳибкорони покистониро ба ваҷд овард

Суханронии Шарифзода Юсуф Тоир, сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон бо забони урду дар ҷараёни боздид аз Палатаи савдо ва саноати шаҳри Файсалободи Покистон таваҷҷуҳи соҳибкорони ин минтақаро ҷалб кард.
04.11.2026 08:30

Ба 170 тарбиятгирандаи мактаб-интернати Истаравшан туҳфаҳои Президенти кишвар расид

Бинобар иттилои маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2-юми ноябр дар Маҷмааи миллии соҳибкории "Роҳи Абрешим"'-и шаҳри Истаравшан аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 170 нафар тарбиятгирандаи мактаб-интернати шаҳри Истаравшан туҳфа супорида шуд.
03.11.2026 13:57

Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад

Муҳаммад Акраминиё, сухангӯи артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, дар сурати ҳамлаи дубораи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Эрон бо вокуниши фаврӣ, шадидтар ва густурдатар аз гузашта посух хоҳад дод.
03.11.2026 13:49

Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд

Шарифзода Юсуф Тоир, Сафири Тоҷикистон дар Покистон дар суҳбат бо расонаҳои покистонӣ хостори тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, густариши тиҷорати дуҷониба ва афзоиши сармоягузорӣ дар миёни Тоҷикистон ва Покистон шудааст.
03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.