Занони ниёзманд дар Ҳилманди Афғонистон: Толибон на иҷозаи кор медиҳанду на талбандагӣ
Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад
Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Занони ниёзманд дар Ҳилманди Афғонистон: Толибон на иҷозаи кор медиҳанду на талбандагӣ
Теъдоде аз занон дар Ҳилманди Афғонистон, ки сарпарастии хонаводаҳои худро бар дӯш доранд, мегӯянд, гурӯҳи террористии Толибон на ба онҳо иҷозаи кор медиҳанд ва на мегузоранд, ки гадоӣ кунанд.
Ин занон рӯзи сешанбе, 3-юми ноябр, дар суҳбат бо рӯзномаи “8-и субҳ”-и Афғонистон гуфтаанд, ки кӯдаконашон гуруснаанд ва бо чунин вазъият аз таъмини ниёзҳои аввалия ва ояндаи онҳо нигарон ҳастанд.
Ҳуснои 45-сола, сокини шаҳри Лашкаргоҳ, мегӯяд, ки пас аз кушта шудани шавҳараш масъулияти сарпарастӣ ва тарбияи чаҳор фарзанди ятими худро бар дӯш дорад.
Ба гуфтаи Ҳусно, Толибон барои ҷамъоварии гадоён кумитае таъсис додаанд ва аъзои ин кумита дар шаҳр ба ҳеч кас иҷозаи гадоӣ намедиҳанд.
Ин зан мегӯяд, ки барои таъмини хароҷоти зиндагии фарзандонаш дар шаҳр дӯкони сайёр ташкил карда буд, аммо Толибон ба фаъолияти ӯ монеъ шуданд ва иҷозаи кор надоданд.
Ҳамзамон, манобеи ин расона мегӯянд, ки аъзои ин кумита ҳар рӯз дар шаҳр гаштугузор мекунанд ва ба гадоии афрод ва фаъолияти иқтисодии занон монеъ мешаванд.
Толибон тақрибан се сол пеш талбандагиро дар Афғонистон манъ эълон карданд ва ҳамзамон маҳдудиятҳои густурдаеро бар шуғли занон ҷорӣ намуданд.
Ин дар ҳолест, ки маҳдудиятҳои Толибон бар шуғл ва ҳузури иҷтимоии занон имкониятҳои даромади онҳоро дар Афғонистон башиддат коҳиш додааст.
Бар асоси гузорише, ки Созмони Милали Муттаҳид моҳи августи соли 2026 нашр кардааст, танҳо ҳафт дарсади занон дар Афғонистон соҳиби шуғл ҳастанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Ҷанги зидди Эрон мавқеи Трампро дар Конгресси ИМА заиф кард
Занони ниёзманд дар Ҳилманди Афғонистон: Толибон на иҷозаи кор медиҳанду на талбандагӣ
Суханронии сафири Тоҷикистон бо забони урду соҳибкорони покистониро ба ваҷд овард
Дар Вазорати фарҳанг лоиҳаи рушди таҳсилоти бадеӣ ва фарҳангии кӯдакону наврасон муҳокима шуд