Агентии обуҳавошиносӣ: “Се рӯзи оянда омадани сел пешгӯӣ мешавад”
Қариб як сол дер. Санаи баргузории Ҷоми Осиё-2027 тағйир ёфт
Беш аз 97 фоиз. Вазорати мудофиа ҳолати иҷроиши нақшаи даъвати тирамоҳиро эълон кард
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Ба 170 тарбиятгирандаи мактаб-интернати Истаравшан туҳфаҳои Президенти кишвар расид
Бинобар иттилои маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2-юми ноябр дар Маҷмааи миллии соҳибкории "Роҳи Абрешим"'-и шаҳри Истаравшан аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 170 нафар тарбиятгирандаи мактаб-интернати шаҳри Истаравшан туҳфа супорида шуд.
Иттилоъ дода мешавад, ки туҳфаҳоро вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулҳафиз Ашӯрзода ва раиси шаҳри Истаравшан Абдусаттор Қодирӣ ба тарбиягирандагони мактаб-интернат тақдим намуданд.
“Зимни тақдими туҳфаҳо зикр гардид, ки ғамхорӣ нисбат ба ятимону бепарасторон ва фарзандони оилаҳои камбизоат дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи махсус дошта, барои беҳтар намудани шароити таҳсил ва зиндагии онҳо пайваста тадбирҳои зарурӣ ва самарабахш андешида мешаванд”, - навиштааст манбаъ.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Ҷанги зидди Эрон мавқеи Трампро дар Конгресси ИМА заиф кард
Занони ниёзманд дар Ҳилманди Афғонистон: Толибон на иҷозаи кор медиҳанду на талбандагӣ
Суханронии сафири Тоҷикистон бо забони урду соҳибкорони покистониро ба ваҷд овард
Дар Вазорати фарҳанг лоиҳаи рушди таҳсилоти бадеӣ ва фарҳангии кӯдакону наврасон муҳокима шуд