Мактаби футболи бошгоҳи "Истиқлол" дар Амрико фаъол мегардад
«Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино ба се забон нашр шуд
Ислом Махачев розӣ нашуд. Рақобати Карлос Пратес ва Майкл Моралес барои камарбанди муваққатӣ
Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ҷамъбаст мегардад
6 - 7-уми ноябр ҳарорати ҳаво тағйир ёфта, боронҳои шадид меборад
Тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон бар асари ворид шудани сардиҳо аз шимолу ғарб рӯзҳои 6-7-уми ноябр ҳарорати ҳаво тағйир ёфта, боронҳои шадид меборад.
Дар пайи пешгӯйии тағйирёбии обу ҳаво Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ба шаҳрвандон ҳушдор додааст, ки дар рӯзҳои сард ва боронӣ эҳтиёткор бошанд: “Дар ин рӯзҳо эҳтимоли зиёд шудани садамаҳои нақлиётӣ дар шоҳроҳҳо, махсусан дар қитъаҳо ва роҳҳои кӯҳӣ, маҳдуд шудани ҳаракати нақлиёт дар роҳҳо дар натиҷаи вайрон шудани пулҳо, обхезӣ ва ҳодисаҳои дигар зиёд аст” – таъкид шудааст дар иттилоияи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон.
Кумитаи мазкур ҳушдор додааст, ки дар сурати тоза накардани ҷӯйбору заҳбурҳо эҳтимоли зери об мондани маҳалҳои аҳолинишин аз селобҳо вуҷуд дорад. Бо ин далел, Кумита аз шаҳрвандон хостааст, ки ҳавлию хонаҳо ва селроҳаҳоро аз ҳар гуна хасу хошок ва сангу партов тоза карда, ҳангоми дар берун будан қоидаҳои бехатариро риоя намоянд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират масъалаҳои ҳамкориро баррасӣ карданд
Тоҷикистон барои тағйирёбии иқлим 72 миллион евро мегирад
Беш аз 100 миллиард евро зарар ба Аврупо: Олмон аз талош барои поён додани муноқишаи Эрон ва Амрико хабар дод
Кремл: Путин барои гуфтугӯ бо ҳамаи раҳбарони ҷаҳон омода аст