“Ҳар чизе дар дасти мо буд, кардем”. Нурулло Алиев ба муҳимтарин муҳорибааш омода аст
Ҷабҳаи озодӣ: Мо се Толибро дар вилояти Парвони Афғонистон куштем
Тарғиби фарҳанги китобхонӣ. XIV Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мегардад.
Мақомот зани гумонбар ба дуздидани навзод аз таваллудхонаро дастгир кард
Баъди баимзорасии созишнома 10 ҳазор ҷавон ба омӯзиш фаро гирифта мешаванд
Барномаи ҷаҳонии озуқавории Созмони Милали Муттаҳид (БОҶ) ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи кумаки техникӣ оид ба татбиқи муштараки чорабиниҳои асосиро ба имзо расониданд. Ин созишнома дар доираи лоиҳаи “Ҷалб намудани ҷавонони хоҷагиҳои фермерии хурд тавассути истифода намудани технологияи кишоварзӣ барои беҳтар намудани амнияти озуқаворӣ ва занҷираҳои арзиши маҳсулот,” аз ҷониби Агентии Корея оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ ((KOICA) дастгирӣ карда мешавад.
Ин созишнома як қадами муҳим дар самти талошҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои навсозии бахши кишоварзии худ тавассути инноватсияҳои рақамӣ, ҷалби ҷавонон ва шарикии фарогир мебошад. Он ба Стратегияи рақамисозии соҳаи кишоварзии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2027 мувофиқат мекунад, ки ба тавсеаи мубодилаи дониш, инноватсия ва рушди пайвастагии занҷираи арзиш афзалият медиҳад.
Тибқи ин созишнома, тақрибан 10 ҳазор нафар ҷавони аз 15 то 35-сола ба омӯзиш фаро гирифта мешаванд.
Адҳам Мусаллам Намоянда ва директори Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон зимни чорабиниии баимзораси созишнома қайд кард, ки ин шарикӣ уҳдадории муштараки мо дар бунёди иқтисоди устувор ва технологияи кишоварзиро инъикос мекунад, ки имкониятҳоро барои деҳқонони ҷавон тавсия медиҳад ва амнияти озуқавориро таҳким мебахшад.
«Бо омезиши навовариҳои рақамӣ ва афзоиши тавонмандӣ, мо имкониятҳои навро барои пешрафти ҷавонон дар Тоҷикистон фароҳам меорем», иброз дошт Адҳам Мусаллам.
БОҶ ҳамчунон ҷонибдори дастгирии дигаргунсозии соҳаи кишоварзӣ дар Тоҷикистон тавассути шарикии стратегӣ, ҳалли рақамӣ ва навовариҳо барои ҷавонон мебошад.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Толибон бе Тоҷикистону Чин роҳи Долони Вахонро боз карданд. Чин гуфт, роҳ баста мемонад
Путин: “Шикасти Русия дар ҷанг ғайриимкон аст”
Заминларза бо қувваи 7 бал дар Тибет: 16 нафар ба ҳалокат расида ва 65 тани дигар захмӣ шуданд
Байни Тоҷикистону Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ба имзо расид