“Ҳар чизе дар дасти мо буд, кардем”. Нурулло Алиев ба муҳимтарин муҳорибааш омода аст
Ҷабҳаи озодӣ: Мо се Толибро дар вилояти Парвони Афғонистон куштем
Тарғиби фарҳанги китобхонӣ. XIV Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мегардад.
Мақомот зани гумонбар ба дуздидани навзод аз таваллудхонаро дастгир кард
Тоҷикистон: Дар ҳодисаҳои нақлиётӣ панҷ нафар фавтидаанд
Дар паи ҳодисаҳои нақлиётӣ дар кишвар панҷ нафар ба ҳалокат расидаанд, ки дар миёни онҳо ноболиғ низ ҳастанд.
Дар ин бора вазорати корҳои дохилӣ хабар додааст.
Тавре дар хабар омадааст, ҳодисаҳои маргбор аз ҷониби ронандаҳо риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ сурат гирифтааст. Давлатов Фирдавс ронандаи автомашинаи электронии тамғаи «DJNGFEYG AEJLUS L7» сокини ноҳияи Восеъ, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи автомобилгарди Душанбе-Кӯлоб аз самти шаҳри Душанбе ба самти ноҳияи Фархор дар ҳудуди ноҳияи Данғара бехатарии ҳаракат дар роҳро риоя накарада, ба самти муқобили роҳ баромада, ба қисмати пеши автомашинаи тамғаи «ТАЙОТА СВИШ», таҳти идораи ронанда Неъматов Хуршед сокини ноҳияи Фархор бархӯрдааст, ки дар натиҷа, мусофирони дохили автомашина Саидова Садаф ва Закияи Меҳроби хурдсол бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнинӣ дар беморхона ба ҳалокат расида, ронанда бо бардоштани ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ гардид.
Сабаби дигари ҳодисаи маргбор ин рондани ноболиғ Эшпулатов Ҳабибулло мебошад, ки дучархаи барқии “Скутер”-ро дар ҳудуди деҳаи Чашмасори ҷамоати деҳоти Султонободи ноҳияи Рӯдакӣ идора мекард, аз уҳдаи идораи дучархаи барқӣ набаромада, ба қисми пушти воситаи нақлиёти боркаши тамғаи “ХОВО”, таҳти идораи ронанда Давлатов Ойбек сокини ноҳияи Ёвон бархӯрда, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Абдуқодир Султонов ронандаи дигарест, ки аз беэҳтиётӣ ба садама дучор гаридада, натиҷаи он ба марг анҷом ёфтааст. Дар хабар омадааст, ки ронанда Абдуқодир Султонов соли таваллудаш 2005 сокини шаҳри Панҷакент, ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди «Панҷакент-Айнӣ» дар ҳудуди деҳаи Суфиёни шаҳри Панҷакент бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, скутеррони ноболиғ Бердиёров Зуҳал Атҳамович, соли таваллудаш 2009, сокини шаҳри Панҷакентро пахш намудааст. Дар натиҷа, скутеррони ноболиғ Бердиёров З.А. аз ҷароҳати ҷисмонии бардоштааш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Давлатов Бахтиёр сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Бохтар ба самти ноҳияи Данғара ҳангоми расидан дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Лаҳури ноҳияи Данғара аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада бо қисмати паҳлуи тарафи рости автомашина ба автомобили тамғаи «Хундай Аванте», ки таҳти идораи ронанда Хушвахтов Ҳоҷишерхон Хушвахтович, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Вахш, ки аз самти ноҳияи Данғара ба самти шаҳри Бохтар дар роҳи худаш ҳаракат мекард, бархӯрдааст. Дар натиҷа мусофири автомашинаи “Тайота Приус”, Идрисов Яҳё Аюбхонович, соли таваллудаш 1995, сокини шаҳри Душанбе ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона интиқол додан дар роҳ ба ҳалокат расида, худи ронандаи автомобили тамғаи “Тайота Приус” Давлатов Б.С. ва мусофирони дигараш Ёрзода Зафар Идибек, соли таваллудаш 1995, Соҳибзода Муҳаммад Маҳмадали, соли таваллудаш 1990, сокинони шаҳри Душанбе ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Вобаста ба ҳодисаҳои рухдодаи се шабонарӯзи гузашта таҳқиқот идома дорад.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Толибон бе Тоҷикистону Чин роҳи Долони Вахонро боз карданд. Чин гуфт, роҳ баста мемонад
Путин: “Шикасти Русия дар ҷанг ғайриимкон аст”
Заминларза бо қувваи 7 бал дар Тибет: 16 нафар ба ҳалокат расида ва 65 тани дигар захмӣ шуданд
Байни Тоҷикистону Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ба имзо расид