СПАД интиқоли силоҳ ба Тоҷикистон ва мубориза бо таҳдидҳои амниятӣ аз Афғонистонро баррасӣ кард Қарори СПАД: ирсоли силоҳ, техникаи ҳарбӣ ба Душанбе ва мубориза бо маводи мухаддир, таҳдидҳои амният аз сӯи Афғонистон Кишварҳои узви Созмони
Фавзия Кӯфӣ: “Ин бор Толибонро занони Афғонистон шикаст медиҳанд”
Эрон: ҷанг агар оғоз шавад, ба пойгоҳҳои Амрико дар Осиёи Ғарбӣ ва Аврупо ҳамла хоҳем кард
Қазоқистон 70 фоизи саҳмияҳои ду кони бузурги волфрамро ба ширкатҳои писарони Трамп медиҳад
Русия аз эҳтимоли оғози дубораи ҷанг миёни Амрико ва Эрон ҳушдор дод
Мақомоти Федератсияи Русия дар изҳори назари тозаи худ гуфтаанд, ки агар музокироти Эрону Амрико ба натиҷа нарасад, эҳтимоли оғоз шудани даргирии низомии дубора вуҷуд дорад. Русия мегӯяд, эҳтимоли оғоз шудани дубораи ҷангро мушоҳида мекунад.
Дар ин бора Максим Максимов, муовини мудири департаменти Ховари Миёна ва Африқои Шимолии Вазорати корҳои хориҷии Русия рӯзи 11-уми ноябр дар ҷараёни суханронӣ дар Форуми байналмилалии таъмини амнияти дастаҷамъӣ изҳори назар кардааст.
Ин дипломати Русия таъкид намуд, ки Вашингтон ҳоло дар муносибат бо Теҳрон мавқеи интизориро пеш гирифта, кӯшиш мекунад аз авҷ гирифтани низоъ дар миқёси васеъ пешгирӣ намояд. Бо вуҷуди ин, вазъ дар тангаи Ҳурмуз гоҳе дубора муташанниҷ мешавад ва тамосҳои ду ҷониб асосан ба воситаи миёнаравҳо сурат мегиранд.
Максим Максимов яке аз омилҳои нигаронкунандаро ҳузури назарраси неруҳои низомии Амрико дар минтақа донистааст. Ӯ гуфтааст, ки айни замон се гурӯҳи зарбазани киштиҳои ҳавопаймобар ва ду гурӯҳи экспедитсионии неруҳои пиёдагарди баҳрии ИМА дар минтақа мустақар шудаанд.
Тиқби арзёбии Максим Максимов агар талошҳои дипломатӣ ба нокомӣ анҷоманд, эҳтимоли гузаштан ба амалиёти низомӣ вуҷуд дорад.
Хатари густариши ҷанг ба дигар кишварҳо
Русия бар ин назар аст, ки оғози дубораи амалиёти васеи низомӣ метавонад кишварҳои соҳили Халиҷи Форсро низ ба вазъияти душвор рӯ ба рӯ кунад. Русия ҳушдор медиҳад, ки оқибатҳои чунин даргирӣ аз ҳудуди Эрон ва Амрико фаротар рафта метавонанд.
Максим Максимов дар ин замина ба нақши эҳтимолии ҷунбиши “Ансоруллоҳ”-и Яман, маъруф ба “Ҳусиҳо”, ишора кардааст. Ба гуфтаи ӯ, дар сурати густариши низоъ ин гурӯҳ метавонад ҳаракати киштиҳоро дар тангаи Бобулмандеб маҳдуд ё қатъ кунад. Бобулмандеб аз масирҳои муҳимми тиҷорати байналмилалӣ буда, тавассути он қисми зиёди боркашонии баҳрӣ миёни Аврупо ва Осиё анҷом мешавад. Баста шудани ин гузаргоҳ метавонад мушкилоти интиқоли молу маҳсулотро афзоиш дода, ба бозорҳои ҷаҳонӣ таъсир расонад.
Бо вуҷуди нигарониҳо аз эҳтимоли оғози ҷанг, Русия изҳор дошт, ки роҳи ҳалли бӯҳронро дар идомаи муколама мебинад. Ба гуфтаи Максим Максимов Русия умедвор аст, ки Вашингтон ва Теҳрон ба музокироти созанда бармегарданд ва барои таҳияи созиши фарогиру дарозмуддат ба мувофиқа мерасанд.
Максим Максимов гуфт, ки дар созиши эҳтимолии нав бояд шартҳои асосие, ки дар созишномаи Исломобод қабул шуда буд, ба назар гирифта шавад.
Вашингтон фишори иқтисодиро идома медиҳад
Дар ҳамин ҳол, ин хушбинии Русия дар ҳолест, ки мақомоти Амрико аз мавҷудияти роҳҳои гуногуни ҳалли бӯҳрон бо Эрон хабар медиҳанд. Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии ИМА рӯзи 10-уми ноябр гуфта буд, ки Вашингтон барои бастани созиш бо Теҳрон омода аст, аммо пешниҳодҳои кунунии ҷониби Эронро “ғайриҷиддӣ ва бемаънӣ” мешуморад.
Ӯ ҳамчунин, таъкид кардааст, ки Амрико маҷбур нест танҳо миёни оғози дубораи амалиёти низомӣ ва қабули талабҳои Эрон интихоб кунад. Ба гуфтаи Рубио, Вашингтон имконоти дигари таъсиррасонӣ ба Теҳронро низ дорад.
“Ройтерз” бо истинод ба манобеи худ хабар додааст, ки Рубио ҷонибдори идомаи фишорҳои иқтисодӣ ба Эрон мебошад. Ӯ бар ин назар аст, ки таҳримҳои Амрико имконоти молиявии Теҳронро маҳдуд карда, ба фаъолияти он дар минтақа таъсири ҷиддӣ расонидаанд.
Вазири корҳои хориҷии Амрико рӯзи 9-юми ноябр низ эътироф карда буд, ки музокироти Вашингтон ва Теҳрон ҳанӯз ба марҳилаи пешрафти назаррас нарасидааст. Ҳарчанд миёнаравҳо бо ҷониби Эрон дар тамосанд, нишонаҳои наздик шудани тарафҳо ба созиши ниҳоӣ ҳанӯз мушоҳида намешаванд.
Ҳамин тариқ, дар ҳоле ки каналҳои дипломатӣ миёни ду кишвар боз мондаанд, ихтилофҳо дар мавриди шартҳои созиш ва идомаи фишорҳои Амрико ҳамчунон ҳалли бӯҳронро мушкил мекунанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Як созмони хориҷӣ амнияти ҳавонавардии Тоҷикистонро месанҷад
Сафири Тоҷикистон бо волии Ал-Ҷаҳрои Кувайт имкониятҳои нави ҳамкориро баррасӣ кард
Аз Душанбе то Амрико. Имкони роҳандозии парвозҳои мустақим миёни Тоҷикистон ва Амрико баррасӣ мешавад
Русия аз эҳтимоли оғози дубораи ҷанг миёни Амрико ва Эрон ҳушдор дод