Эрон: ҷанг агар оғоз шавад, ба пойгоҳҳои Амрико дар Осиёи Ғарбӣ ва Аврупо ҳамла хоҳем кард
Қазоқистон 70 фоизи саҳмияҳои ду кони бузурги волфрамро ба ширкатҳои писарони Трамп медиҳад
Британияи Кабир ба захираҳои сурма, нуқра, тилло ва сурби Тоҷикистон “чашм дӯхтааст”
Попи Рум аз ҷавонон хост ба дунболи пулу шуҳрат дар шабакаҳои иҷтимоӣ набошанд
Эрон: ҷанг агар оғоз шавад, ба пойгоҳҳои Амрико дар Осиёи Ғарбӣ ва Аврупо ҳамла хоҳем кард
Муҳсин Ризоӣ, Дабири кулли Шурои олии амнияти миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар паёми ҳушдоромез гуфт, агар Амрико ҳамла кунад, Эрон ба пойгоҳҳои ин кишвар дар Ғарби Осиё ва Аврупо ҳамла хоҳад кард.
Тибқи иттилои расонаҳои Эрон, Муҳсин Ризоӣ дар пайи ҳаракатҳои низомии нави Амрико дар шабакаи иҷтимоии “Х” навишт, Вашингтон агар ба Эрон ҳамла кунад, ҳамаи пойгоҳҳои амрикоие, ки дар он ширкат мекунад, мавриди ҳамла қарор хоҳанд гирифт.
“Ҳеч фосилаи амн ва паноҳгоҳи амн барои таҷовузгарон вуҷуд нахоҳад дошт. Ҳеч гуна дахлнопазирӣ барои пойгоҳҳои таҷовузкор боқӣ нахоҳад монд” – таъкид намуд Муҳсин Ризоӣ.
Вокуниши тунди Муҳсин Ризоӣ дар ҳоле садо медиҳанд, баъзе расонаҳо ҳадс мезананд, ки эҳтимолан Амрико ба Эрон ҳамла мекунад. Лаҳни бархе мақомоти амрикоӣ низ аз он ҳикоят дорад, ки Аморико барои як ҳамлаи васеъ омода мешавад.
Дар ин таҳдид Муҳин Ризоӣ ба Амрико ҳушдор дод, ки ин бор посухи низомии Эрон ба Амрико аз марзҳои Ховари Миёна фаротар, то ба Аврупо хоҳад расид. Дар пайи ин таҳдидҳо бархе расонаҳои эронӣ навиштаанд, ки бурди мушакҳои Эрон аз марзи 2000 километр фаротар рафтааст. Агар Эрон ба сохти мушакҳо то бурди 4000 ҳазор километр даст ёфта бошад, пойгоҳҳои Амрико дигар дар Аврупо низ дар амният нахоҳад буд.
Вокунишҳои сахти лафзии мақомоти Эрону Амрико дар ҳоле расонаӣ мешаванд, ки чанде қабл Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфт, ҳоло Амрико зурур намедонад, ки ба Эрон ҳамлаи дубора кунад. Дар пайи авҷи ин танишҳо мақомоти Русия ва Чин аз Амрико ва Эрон хостанд, ки танишҳоро аз роҳи музокира ҳаллу фасл кунанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Фавзия Кӯфӣ: “Ин бор Толибонро занони Афғонистон шикаст медиҳанд”
Эрон: ҷанг агар оғоз шавад, ба пойгоҳҳои Амрико дар Осиёи Ғарбӣ ва Аврупо ҳамла хоҳем кард
Қазоқистон 70 фоизи саҳмияҳои ду кони бузурги волфрамро ба ширкатҳои писарони Трамп медиҳад
Тоҷикистон ва Ӯзбекистон барои бартараф кардани монеаҳои нақлиётӣ ба созиш расиданд