Аз Душанбе то Амрико. Имкони роҳандозии парвозҳои мустақим миёни Тоҷикистон ва Амрико баррасӣ мешавад
Дар Давҳа масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба соҳаи алоқаи Тоҷикистон баррасӣ шуд
Тиҷорати Осиёи Марказӣ бо кишварҳои Халиҷи Форс дар 5 сол 4 баробар афзудааст
“Ҳамлаҳои Украина интернетро халалдор кард”. Тоҷикистон ба Чин роҳ мекушояд. Қудратҳо барои ояндаи рақамӣ дар Осиёи Марказӣ рақобат мекунанд
Тиҷорати Осиёи Марказӣ бо кишварҳои Халиҷи Форс дар 5 сол 4 баробар афзудааст
Тиҷорати кишварҳои Осиёи Марказӣ бо кишварҳои Халиҷи Форс дар давоми панҷ соли охир чор маротиба зиёд шуда ва ҳаҷми умумии он дар соли 2025 ба 3,9 миллиард доллар расидааст. Сармоягузории кишварҳои Халиҷи Форс дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба 31,1 миллиард доллар баробар шудааст.
Тибқи иттилои Бонки рушди Авруосиё ҳаҷми тиҷорати ду минтақа аз як миллиард доллари соли 2020 то 3,9 миллиард доллар дар соли 2025 афзоиш ёфтааст.
Дар ин давра сармоягузории кишварҳои Халиҷи Форс дар минтақаи Осиёи Марказӣ 3, 4 баробар зиёд шудааст. Қисми зиёди маблағҳо ба бахши энергетика, аз ҷумла бунёди неругоҳҳои офтобӣ ва бодӣ равона гардидаанд.
Амороти Муттаҳидаи Араб бо 20,6 миллиард доллар яке аз бузургтарин кишварҳои сармоягузори кишварҳои Халиҷи Форс дар Осиёи Марказӣ мебошад. Арабистони Саудӣ бо 6,5 миллиард ва Қатар бо 3,1 миллиард доллар дар ҷойҳои баъдӣ қарор гирифтаанд.
Дар гузориши Бонки рушди Авруосиё зикр шудааст, ки тақрибан 70 фоизи тиҷорати минтақаи Халиҷи Форс ва Осиёи Марказӣ ба содироти маҳсулоти кишварҳои Халиҷи Форс ба Осиёи Марказӣ рост меояд.
Тибқи арзёбии Бонки рушди Авруосиё, имкони афзоиши иловагии тиҷорати ду минтақа то соли 2030 тақрибан 4,9 миллиард долларро ташкил хоҳад дод.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Як созмони хориҷӣ амнияти ҳавонавардии Тоҷикистонро месанҷад
Сафири Тоҷикистон бо волии Ал-Ҷаҳрои Кувайт имкониятҳои нави ҳамкориро баррасӣ кард
Аз Душанбе то Амрико. Имкони роҳандозии парвозҳои мустақим миёни Тоҷикистон ва Амрико баррасӣ мешавад
Русия аз эҳтимоли оғози дубораи ҷанг миёни Амрико ва Эрон ҳушдор дод