11 Ноябр 2026,
чоршанбе, 15:57, Душанбе
11.11.2026 15:47

Амнияти Осиёи Марказӣ дар ҷаҳони бисёрқутбӣ: вазирони хориҷӣ дар Маскав чӣ гуфтанд?

Дар давроне, ки рақобатҳои геополитикӣ шиддат мегиранд ва низоми муносибатҳои байналмилалӣ ба тағйироти ҷиддӣ рӯ ба рӯ мешаванд, вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) дар Маскав масъалаи ояндаи амнияти минтақавӣ ва ҷаҳони бисёрқутбиро баррасӣ карданд. Дар ин нишаст аз зарурати муттаҳид намудани созмонҳои байналмилалӣ то ҳифзи соҳибихтиёрии кишварҳо ва вазъияти Афғонистон мавриди баррасии вазирони корҳои хориҷии узви созмон қарор гирифт ва ҳар кишвар мавқеи худро баён кард.

Дар шаҳри Маскав рӯзи 10-уми ноябр дар доираи Форуми байналмилалии таъмини амнияти дастаҷамъӣ ҷаласаи пленарӣ таҳти унвони “Амнияти дастаҷамъӣ дар ҷаҳони бисёрқутбӣ” баргузор шуд. Дар он вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон, Русия, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон, инчунин, дабири кулли СААД иштирок карданд.

Ин ҳамоиш дар ҳоле баргузор мешавад, ки масъалаҳои амнияти байналмилалӣ, тағйирёбии таносуби қудратҳо ва муносибатҳои байнидавлатӣ дар маркази баҳсҳои сиёсӣ қарор доранд. Иштирокдорон дар мавриди нақши созмонҳои минтақавӣ, зарурати ҳамоҳангсозии сиёсати амниятӣ ва роҳҳои ташаккули низоми нави муносибатҳои байналмилалӣ табодули назар карданд.

Форум дар доираи раёсати Русия дар СААД баргузор шуда, Вазорати корҳои хориҷии Русия ва Бунёди “Росконгресс” бо дастгирии ҳукумати ин кишвар созмондиҳандагони он буданд. Мубоҳисаро Фёдор Лукянов, мудири илмии Бунёди рушди Клуби байналмилалии баҳсии “Валдай” ва сармуҳаррири маҷаллаи “Россия в глобальной политике”, роҳбарӣ кард.

СААД ва талош барои ташаккули низоми нави амниятӣ

Дабири кулли СААД Таалатбек Масадиков дар оғози баҳс ба натиҷаҳои ҳамкориҳои кишварҳои узви ин созмон ишора карда, Осиёи Марказиро намунаи ҳамкории созандаи байнидавлатӣ ва суботи минтақавӣ номид.

Ба гуфтаи ӯ, дар арафаи 35-солагии имзои Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва 25-солагии таъсиси СААД кишварҳои узв метавонанд ба натиҷаҳои ҳамкориҳои муштарак назар кунанд. Таалатбек Масадиков таъкид кардааст, ки нақши Авруосиё дар низоми ташаккулёбандаи ҷаҳони бисёрқутбӣ тадриҷан меафзояд ва Осиёи Марказӣ дар ин раванд мавқеи хос дорад.

“Бо қаноатмандӣ натиҷаҳои мусбати фаъолияти муштаракамонро қайд мекунем. Дар пасманзари тақвият ёфтани нақши Авруосиёи бузург дар ҷаҳони бисёрқутбии ташаккулёбанда, Осиёи Марказӣ намунаи ҳамкории созандаи байнидавлатӣ буда, ба намунаи субот ва рушди босуръат табдил меёбад”, - гуфтааст дабири кулли СААД.

Ӯ ҳамчунин, ба ҳалли ихтилофоти сарҳадӣ дар минтақа ишора карда, нақши иродаи сиёсии роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказиро дар ин раванд муҳим донистааст.

“Ба шарофати иродаи сиёсӣ ва иқдомҳои пайгиронаи сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баҳсҳои сарҳадӣ ба гузашта рафтанд. Рӯҳияи шарикӣ ва ҳамкорӣ кафолати ҳалли осоиштаи мушкилоти деринаи байнидавлатӣ мегардад”, - таъкид кардааст Таалатбек Масадиков.

Лавров: Низоми фарогири амният дар фазои Авруосиё ташкил карда шавад

Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавров дар суханронии худ масъалаи ташкили низоми фарогири амният дар фазои Авруосиёро матраҳ кард. Ӯ гуфт, ки Русия дар мавриди тарзи ташкили муколама барои расидан ба тавозуни одилонаи манфиатҳои кишварҳо санади мавқеии худро дорад. Ба гуфтаи Лавров, ҳангоми ташаккули чунин низом бояд ба назар гирифта шавад, ки амнияти ҳеч яке аз ҷонибҳои иштирокдор халалдор нашавад. Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русяи пешниҳод кард, ки сохторҳои минтақавии мавҷуда ва робитаҳои миёни онҳо мавриди баррасӣ қарор гиранд. Ӯ ба Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ишора карда, гуфт, ки ҳар ду созмон дар барномаҳои фаъолияти худ бахши муҳимми амниятӣ доранд.

“Дар ин қора дигар сохторҳои минтақавӣ низ ҳастанд, ки СААД бо онҳо фаъолона ҳамкорӣ мекунад ва ёддоштҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шудаанд. Ин, албатта, ИДМ ва Созмони ҳамкории Шанхай мебошанд. Дар ҳар дуи онҳо дар барномаҳои фаъолият бахши хеле ҷиддии амниятӣ мавҷуд аст”, - таъкид кард Сергей Лавров.

Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия зарурати омӯзиши имкониятҳои мавҷуда ва робитаҳои байни созмонҳоро таъкид карда, афзуд:

“Биёед, якҷо ҷамъ омада, бубинем, ки аллакай чӣ имкониятҳо дорем, кадом сохторҳои минтақавӣ вуҷуд доранд ва байни ин сохторҳо чӣ гуна робитаҳо ба роҳ монда шудаанд. Мо чунин мешуморем, зарурати таъсиси ниҳоди наве нест, ки созмонҳои мавҷуда, аз ҷумла СААД-ро, ки бар принсипҳои хеле мушаххаси дорои уҳдадории ҳуқуқӣ асос ёфтааст, тобеи худ кунад”.

Ин мавқеъ дар ҳоле баён мешавад, ки масъалаи ҳамоҳангсозии фаъолияти созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар баробари тағйироти геополитикӣ аҳамияти бештар пайдо кардааст.

Беларус: ҷаҳон ба низоми нави муносибатҳо ворид мешавад

Вазири корҳои хориҷии Беларус Максим Риженков дар суханронии худ ба тағйироти низоми ҷаҳонӣ ва зарурати ҳифзи ҳамбастагии кишварҳои ҳампаймон таваҷҷуҳ кард. Ба гуфтаи ӯ, вазъи кунунии байналмилалӣ аз ташаккули низоми нави ҷаҳонӣ шаҳодат медиҳад, ки Минск онро низоми бисёрқутбӣ ва одилонатар арзёбӣ мекунад.

“Имрӯз сайёра беш аз ҳар вақти дигар ба сулҳу субот ниёз дорад. Ҳамаи мо инро мебинем. Тамоми вазъи кунунӣ аз ташаккули низоми нави ҷаҳонӣ шаҳодат медиҳад, ки мо онро, табиист, одилонатар медонем. Яъне низоми бисёрқутбӣ”, - гуфт Максим Риженков.

Ӯ ҳамчунин, таъкид кардааст, ки кишварҳои узви ин раванд бояд ба хатарҳои ҷаҳонӣ ва кӯшишҳои халалдор кардани ҳамбастагии онҳо вокуниши муштарак нишон диҳанд.

“Кишварҳои аксарияти ҷаҳонӣ, мо, Русия ва ҳампаймонҳои мо бояд хатару чолишҳои ҷаҳониро, ки пеш аз ҳама аз ҷониби Ғарб ба миён гузошта мешаванд, ба таври возеҳ дарк карда, ба онҳо вокуниш нишон диҳанд. Зеро онҳо пайваста устувории ҳамбастагӣ ва омодагии моро барои то охир идома додани ин раванд месанҷанд”, - гуфт вазири корҳои хориҷии Беларус.

Қазоқистон: Созмони Милал бояд маркази низоми байналмилалӣ боқӣ монад

Вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Мухтор Тлеуберди дар баромади худ ба зарурати ҳифзи ҳуқуқи байналмилалӣ ва нақши Созмони Милали Муттаҳид дар таъмини суботи ҷаҳонӣ ишора кардааст. Ба гуфтаи ӯ, кишварҳои узви СААД бояд ҳамоҳангсозии талошҳои худро барои муқовимат бо хатарҳои беруна идома диҳанд. Аммо чунин ҳамкорӣ бояд бар пояи эҳтироми соҳибихтиёрии давлатҳо ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ сурат гирад.

Мухтор Тлеуберди таъкид кардааст, ки ҳатто дар шароити ихтилофоти ҷиддӣ давлатҳо бояд имкони ба мувофиқа расиданро нигоҳ доранд.

“Мо чунин мешуморем, ки низоми устувори байналмилалӣ пеш аз ҳама бояд ба ҳуқуқи байналмилалӣ, эҳтироми соҳибихтиёрии давлатҳо ва қобилияти кишварҳо барои ба мувофиқа расидан, ҳатто дар шароити ихтилофоти ҷиддӣ, такя кунад”, - гуфтааст вазири корҳои хориҷии Қазоқистон.

Ӯ нақши Созмони Милалро дар ин раванд муҳим арзёбӣ карда, гуфтааст: “Аз ин рӯ, СММ бояд меҳвари низоми байналмилалӣ, минбар барои муколамаи ҷаҳонӣ ва Оинномаи он пояи умумии ҳуқуқи байналмилалии фарогир боқӣ монад”.

Мухтор Тлеуберди ҳамчунин, ба имкониятҳои кишварҳои узви СААД дар Шурои амнияти СММ ишора карда, таъкид намудааст, ки узвияти онҳо дар фаъолияти ин ниҳод метавонад омили таъсиррасон ба ислоҳоти худи созмон бошад.

Қирғизистон: амнияти як давлат набояд аз ҳисоби давлати дигар таъмин шавад

Вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Жээнбек Кулубаев низ дар бораи тағйироти муносибатҳои байналмилалӣ ва афзоиши рақобатҳои геополитикӣ изҳори назар кардааст. Ба гуфтаи ӯ, дар шароити кунунӣ шаклҳои нави низоми ҷаҳонӣ ташаккул меёбанд, дар ҳоле ки парокандагии муносибатҳои байналмилалӣ ва рақобати геополитикӣ шиддат гирифтаанд. Жээнбек Кулубаев афзудааст, ки имкониятҳои пешгирӣ ва ҳалли буҳронҳо дар баъзе ҳолатҳо коҳиш ёфта, эҳтимоли сар задани низоъҳо бештар мешавад. Ӯ махсусан ба принсипи баробарии амниятии давлатҳо таъкид карда, гуфтааст, ки амнияти як кишвар набояд ба зарари кишвари дигар таъмин гардад.

“Барои Қирғизистон СААД унсури муҳимми суботи минтақавӣ ва механизми дорои хусусияти мудофиавӣ мебошад, ки ҳадафаш таъмини амнияти дастаҷамъӣ, ҳифзи соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии давлатҳои узви созмони мост”, — гуфт Жээнбек Кулубаев.

Ӯ ҳамчунин, ҷонибдории кишварашро аз рушди амалгароёнаи созмон баён карда, гуфтааст, ки фаъолияти он бояд бар асоси ризоияти тарафҳо, баланд бардоштани самаранокӣ ва ба назар гирифтани манфиатҳои қонунии ҳамаи давлатҳои узв ба роҳ монда шавад.

Тоҷикистон: субот дар Афғонистон барои тамоми минтақа аҳамият дорад

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар суханронии худ ба масъалаи ҷаҳони бисёрқутбӣ ва зарурати таъмини субот дар Афғонистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир кард. Ба гуфтаи ӯ, иқтидори ҷаҳони бисёрқутбӣ аз он вобаста аст, ки давлатҳо то чӣ андоза метавонанд муносибатҳои худро дар асоси эҳтироми ҳамдигар ва баробарҳуқуқӣ ба роҳ монанд.

Сироҷиддин Муҳриддин ҳамчунин, таъкид кард, ки Тоҷикистон ба барқарории сулҳу субот дар Афғонистон манфиатдор аст. Ӯ ин масъаларо на танҳо аз дидгоҳи амнияти Осиёи Марказӣ, балки дар заминаи имкониятҳои нави ҳамкориҳои иқтисодӣ, нақлиётӣ ва энергетикӣ муҳим арзёбӣ кард. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон мавқеи Душанберо дар масъалаи Афғонистон чунин баён кард:

“Мо Афғонистони босубот ва сулҳомезро на танҳо шарти муҳимтарини амнияти Осиёи Марказӣ, балки заминаи зарурӣ барои рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ, нақлиётӣ ва энергетикӣ дар фазои васеътари минтақа медонем” - таъкид кард Сироҷиддин Муҳриддин

Ӯ ҳамчунин, роҳи ҳалли вазъи ин кишварро дар муколамаи сиёсӣ ва фарогир медонад.

“Мо ҷонибдори ҳалли мусолиматомези сиёсӣ дар Афғонистон бар асоси муколамаи умумимиллӣ ҳастем. Ҷомеаи ҷаҳонӣ набояд таваҷҷуҳи худро ба масъалаи Афғонистон коҳиш диҳад”, - таъкид кард Сироҷиддин Муҳриддин.

Ин изҳорот мавқеи Тоҷикистонро дар масъалаи Афғонистон, ки бо амнияти сарҳадӣ ва ояндаи робитаҳои минтақавӣ пайванди мустақим дорад, бори дигар ба миён мегузорад.

Оё кишварҳои минтақа метавонанд ба дидгоҳи муштараки амниятӣ бирасанд?

Суханрониҳои иштирокдорони ҷаласа нишон доданд, ки ҳарчанд кишварҳои узви СААД дар мавриди роҳҳои ташаккули низоми ҷаҳонӣ ва масъалаҳои амниятӣ дидгоҳҳои гуногун доранд, як қатор мавзуъҳо дар баромадҳои онҳо такрор мешуданд.

Эҳтироми соҳибихтиёрии давлатҳо, риояи ҳуқуқи байналмилалӣ, пешгирӣ аз низоъҳо ва ҳамоҳангсозии талошҳои кишварҳо аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки намояндагони кишварҳои иштирокдор ба онҳо таваҷҷуҳ карданд.

Дар баробари ин, масъалаи Афғонистон дар суханронии вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ҷойгоҳи хос дошт. Душанбе субот дар ин кишварро бо амнияти Осиёи Марказӣ ва имкониятҳои ҳамкориҳои иқтисодию нақлиётӣ дар минтақа алоқаманд медонад.

Форуми байналмилалии таъмини амнияти дастаҷамъӣ аз 10 то 11-уми ноябр дар Маскав идома ёфт. Ҷаласаи пленарӣ бо иштироки дабири кулли СААД ва вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узв ба баррасии ояндаи амнияти Авруосиё ва ҷойгоҳи созмонҳои минтақавӣ дар низоми ташаккулёбандаи ҷаҳонӣ бахшида шуд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

11.11.2026 15:17

Футболбози 18-солаи тоҷик ба бошгоҳи Арабистони Саудӣ пайваст

Футболбози ҷавони тоҷик Абдулло Иброҳимзода фаъолияти худро дар Арабистони Саудӣ идома медиҳад. Ӯ бо клуби “Ал-Қодисия” шартнома баста, дар марҳилаи аввал дар ҳайати дастаи ҷавонони то 19-сола бозӣ хоҳад кард.
11.11.2026 15:10

Сироҷиддин Муҳриддин: “Ҷомеаи ҷаҳонӣ набояд таваҷҷуҳ ба масъалаи Афғонистонро кам кунад”

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як нишасти байналмилалӣ дар шаҳри Маскав аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост, ки таваҷҷуҳ ба вазъи Афғонистонро коҳиш надиҳанд. Ӯ гуфт, субот дар ин кишвар на фақат ба амнияти Осиёи Марказӣ, балки барои рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ, нақлиётӣ ва энергетикӣ дар минтақа низ аҳамияти муҳим дорад.
11.11.2026 15:03

Дар даври ниҳоии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 562 довталаб иштирок менамоянд

11-уми ноябр дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи ҷумҳуриявии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Дилрабо Мансурӣ ҷаласаи ситоди даври чоруми озмун баргузор гардид.
11.11.2026 14:01

Ба чанд қонун, аз ҷумла «Дар бораи сиёсати аграрӣ» тағйироту иловаҳо ворид гардид

Имрӯз, 11-уми ноябр таҳти раёсати раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид.
11.11.2026 11:39

“Ҳамлаҳои Украина интернетро халалдор кард”. Тоҷикистон ба Чин роҳ мекушояд. Қудратҳо барои ояндаи рақамӣ дар Осиёи Марказӣ рақобат мекунанд

Ҳамлаҳои паҳподӣ ба марказҳои коркарди маълумоти Русия дар моҳи октябр фаъолияти бархе аз хизматрасониҳои рақамиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ халалдор карданд. Дар ҳамин замина, Тоҷикистон хатти нави нахи оптикиро аз тариқи Помир ба Чин ба кор андохт. Ин тарҳ на танҳо имкони пайвасти мустақим ба шабакаҳои интернетии Осиёро фароҳам меорад, балки метавонад мавқеи кишварро дар рақобати геополитикӣ барои назорат ва рушди инфрасохтори рақамии минтақа тағйир диҳад.
11.11.2026 11:15

Котиби Шурои амнияти Эрон: “Посухи Амрико фиребкорона аст. Бо Вашингтон музокира надорем

Муҳсин Ризоӣ, китоби Шурои олии амнияти миллии Эрон гуфт, ки посухи Иёлоти Муттаҳида ба ҳафт шарти пешниҳоднамудаи Теҳрон қонеъкунанда нест. Ӯ гуфт, то замони иҷрои талабҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз нахоҳад шуд ва ҳоло миёни ду кишвар ҳеч гуна гуфтугӯ идома надорад.
11.11.2026 11:01

Путин: “Мавзуи иқтисод ва амният дар меҳвари нишасти СААД қарор мегирад”

Владимир Путин, раисҷумҳури Федератсияи Русия гуфт, ки нишасти навбатии Созмони аҳдномаи амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) на фақат ба масъалаҳои амниятӣ, балки ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва башардӯстонаи кишварҳои узв низ бахшида мешавад.
11.11.2026 10:54

Дар Москва ҷанбаҳои муҳимми амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ гардид

10-уми ноябр дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти муштараки Шурои вазирони корҳои хориҷӣ, Шурои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони Шурои амнияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) иштирок кард.
11.11.2026 09:12

Вазири молияи Амрико аз тарси таҳдиди Эрон ба пойгоҳи низомӣ паноҳ гирифт

Скотт Бессант, вазири молияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баъди дарёфти таҳдидҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон аз тарс манзили зисташ дар Вашингтонро тарк кард. Ӯро ба як пойгоҳи низомӣ интиқол додаанд.
11.11.2026 09:05

Саршумори бузи кӯҳии морхӯр дар Тоҷикистон дар 30 сол 10 баробар зиёд шудааст

Саршумори бузи нодири кӯҳии морхӯр ё пармашох дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар се даҳсолаи ахир дар натиҷаи амалӣ намудани барномаҳои ҳифзи муҳити зист ва ҷалби сокинони маҳаллӣ 10 баробар зиёд шудааст. Имрӯз саршумори он дар Тоҷикистон аз 7 ҳазор сар гузаштааст. Ин дар ҳолест, ки дар солҳои 1990 саршумори он 500 сар шумурда мешуд.