12 Ноябр 2026,
панҷшанбе, 21:22, Душанбе
12.11.2026 15:22

Аз Душанбе то Амрико. Имкони роҳандозии парвозҳои мустақим миёни Тоҷикистон ва Амрико баррасӣ мешавад

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико масъалаи таъсиси хатсайри мустақими ҳавоиро миёни ду кишвар баррасӣ доранд. Дар сурати ба мувофиқа расидани ҷонибҳо, ширкати ҳавопаймоии “Сомон эйр” (Somon Air) метавонад аз ҷониби Тоҷикистон ва “Юнайтед Эйрлайн” (United Airlines) аз ҷониби Амрико интиқоли мусофиронро ба уҳда гиранд. Ҳамзамон, Душанбе барои густариши парвозҳо ба кишварҳои Аврупо ва Осиё низ талош дорад.

Тоҷикистон мехоҳад ҷуғрофияи парвозҳои байналмилалии худро васеъ карда, ба бозорҳои нави ҳавопаймоӣ роҳ ёбад. Яке аз самтҳои ҷолиби ин нақша Иёлоти Муттаҳида аст, ки масъалаи барқарор кардани робитаи мустақими ҳавоӣ бо он дар музокироти мақомоти ду кишвар қарор дорад.

Рӯзи 5-уми ноябр директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода бо намояндагони сафорати ИМА бо роҳбарии Карсон Релитс Рокер мулоқот кард. Ҷонибҳо лоиҳаи созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамлу нақли ҳавоӣ ва имкони роҳандозии парвозҳои мустақимро баррасӣ намуданд.

Ба иттилои Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон лоиҳаи санад аллакай таҳия шуда, барои баррасӣ ба ниҳодҳои дахлдор пешниҳод гардидааст. Агар созишнома тасдиқ шавад, Сомон эйр метавонад интиқоли мусофиронро аз ҷониби Тоҷикистон ва “United Airlines” аз ҷониби Амрико анҷом диҳад.

Ин музокирот идомаи гуфтугӯҳои қаблии ду кишвар аст. Зеро масъалаи таъсиси парвозҳои мустақим миёни ду кишвар қабл аз ин низ мавриди баррасӣ қарор гирифта буд. Вале то ҳол ҷадвали эҳтимолии парвозҳо ва муҳлати оғози онҳо эълон нашудааст.

Абу-Забӣ низ дар нақшаҳои нави Душанбе

Тоҷикистон дар қатори Амрико, ҳамзамон  бо Амороти Муттаҳидаи Араб низ барои ба роҳ мондани парвозҳои мустақим музокирот анҷом медиҳад.

Рӯзи 8-уми октябр Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон хабар дод, ки ҷонибҳо масъалаи ба роҳ мондани парвозҳои ширкати “Etihad Airways” дар хатсайрҳои Душанбе – Абу-Забӣ ва Хуҷанд – Абу-Забиро баррасӣ кардаанд.

Заминаи ҳуқуқии ин ҳамкорӣ созишномаи байниҳукуматии ду кишвар мебошад, ки 17 –уми июли соли 2025 ба имзо расида буд. Тибқи пешниҳоди ибтидоӣ, дар марҳилаи аввал эҳтимол дорад ҳафтае ду парвоз анҷом дода шавад. Бо вуҷуди ин, масъалаи шумораи ниҳоии парвозҳо ва муҳлати оғози онҳо ҳанӯз мувофиқа нашудааст.

Лондон, Пекин ва Сеул дар харитаи нави парвозҳо

Нақшаҳои Тоҷикистон танҳо ба Амрико ва кишварҳои Халиҷи Форс маҳдуд намешаванд. Душанбе ҳамчунин, мехоҳад робитаҳои ҳавоии худро бо чанд маркази муҳимми иқтисодии Осиё ва Аврупо тақвият диҳад.

Моҳи августи соли 2026 Агентии авиатсияи гражданӣ аз баррасии роҳандозии парвозҳо аз Душанбе ба Сеул, Пекин ва Лондон хабар дода буд. Дар ин миён қадамҳо дар самти густариши робитаҳои ҳавоӣ бо Аврупо аллакай гузошта шудааст. Ширкати “Somon Air” рӯзи 29-юми августи соли 2026 парвозҳои мустақимро дар хатсайри Душанбе – Минск оғоз кард. Ҳоло ин парвозҳо ҳафтае як маротиба анҷом дода мешаванд.

Аммо дурнамои хатсайри Лондон ҳанӯз номуайян аст. Моҳи январи соли 2026 Ҳабибулло Назарзода гуфта буд, ки оғози парвозҳои мунтазам дар ин масир ба далели нокифоя будани талаботи мусофирон ба таъхир гузошта шудааст.

Бо вуҷуди ин, моҳи апрел роҳбарияти “Somon Air” масъалаи роҳандозии хатсайри мазкурро бо ҳайати намояндагони Британияи Кабир дубора баррасӣ кардааст.

Русия ҳамоно самти асосии парвозҳои Тоҷикистон аст

Дар ҳоле, ки Тоҷикистон дар бораи кушодани хатсайрҳои нав музокирот мекунад, Русия ҳанӯз ҳам дар бозори ҳавопаймоии кишвар ҷойгоҳи асосӣ дорад.

Тибқи маълумоти Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон, дар шаш моҳи аввали соли 2026 дар ҷадвали парвозҳо ҳафтае 275 парвози мунтазам дар 57 самт пешбинӣ шуда буд. Аз ин шумора 32 самт Тоҷикистонро бо шаҳрҳои Русия мепайвастанд. Бист самт ба кишварҳои дигари хориҷӣ ва панҷ самт ба хатсайрҳои дохилӣ рост меомад.

Ҳамзамон, аз шумораи умумии парвозҳои ҳафтаина 159 парвозро ширкатҳои ҳавопаймоии Русия анҷом медоданд.

Омори “Somon Air” низ ин вобастагиро нишон медиҳад. Ширкат дар шаш моҳи аввали соли 2026 595,2 ҳазор мусофирро интиқол додааст, ки 540,6 ҳазор нафари онҳо аз хатсайрҳои байналмилалӣ истифода кардаанд. Тибқи маълумоти нашршуда, 56 дарсади мусофиркашонии ширкат ба самти Русия рост омадааст.

Дар ҳамин давра ҳавопаймоҳои “Somon Air” ба Туркия, Олмон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Ӯзбекистон, Ҳиндустон ва шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ низ парвоз анҷом додаанд.

Навсозии парк ва рақобат барои бозорҳои нав

Густариши шабакаи парвозҳо бо навсозии парки ҳавопаймоии “Somon Air” низ пайванд дорад. Ширкат дар соли 2026 ду ҳавопаймои “Boeing 737 MAX 8”-ро ба парки худ ворид кард. Ҳавопаймои аввал рӯзи 27-уми июл ва дуюм моҳи сентябр дастрас шудааст. Қарор аст ин ҳавопаймоҳо ҳам барои анҷом додани парвозҳои мавҷуда ва ҳам барои кушодани хатсайрҳои нави байналмилалӣ истифода шаванд.

Барои Тоҷикистон, ки ба баҳр роҳи мустақим надорад, иртиботи ҳавоӣ яке аз воситаҳои муҳимми пайвастшавӣ бо бозорҳои ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Роҳандозии парвозҳои мустақим метавонад имкониятҳои сафарҳои корӣ, гардишгарӣ ва робитаҳои тиҷоратиро васеъ кунад.

Бо вуҷуди ин, таҷрибаи баррасии хатсайри Лондон нишон медиҳад, ки мавҷудияти имкониятҳои техникӣ ва омодагии ширкатҳои ҳавопаймоӣ худ ба худ оғози парвозҳоро кафолат намедиҳанд. Талаботи воқеии мусофирон, мувофиқаҳои байнидавлатӣ ва манфиатҳои иқтисодии ширкатҳо низ дар ин раванд нақши муҳим доранд. Аз ин рӯ, парвозҳои мустақим ба Амрико ва Абу-Забӣ ҳоло бештар як дурнамои мавриди музокирот буда, санаи дақиқи роҳандозии онҳо мушаххас нашудааст.

Dialog.tj

        

 

Хатти хабарҳо

12.11.2026 17:28

Сафири Тоҷикистон бо волии Ал-Ҷаҳрои Кувайт имкониятҳои нави ҳамкориро баррасӣ кард

Мақомоти Ҷумҳури Тоҷикистон бо мақомоти кишвари Кувайт имкониятҳои васеи ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва ҳамчунин, рушди робита дар соҳаҳои кишоварӣ ва сайёҳиро баррасӣ намуданд.
12.11.2026 15:22

Аз Душанбе то Амрико. Имкони роҳандозии парвозҳои мустақим миёни Тоҷикистон ва Амрико баррасӣ мешавад

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико масъалаи таъсиси хатсайри мустақими ҳавоиро миёни ду кишвар баррасӣ доранд. Дар сурати ба мувофиқа расидани ҷонибҳо, ширкати ҳавопаймоии “Сомон эйр” (Somon Air) метавонад аз ҷониби Тоҷикистон ва “Юнайтед Эйрлайн” (United Airlines) аз ҷониби Амрико интиқоли мусофиронро ба уҳда гиранд. Ҳамзамон, Душанбе барои густариши парвозҳо ба кишварҳои Аврупо ва Осиё низ талош дорад.
12.11.2026 15:20

Русия аз эҳтимоли оғози дубораи ҷанг миёни Амрико ва Эрон ҳушдор дод

Мақомоти Федератсияи Русия дар изҳори назари тозаи худ гуфтаанд, ки агар музокироти Эрону Амрико ба натиҷа нарасад, эҳтимоли оғоз шудани даргирии низомии дубора вуҷуд дорад. Русия мегӯяд, эҳтимоли оғоз шудани дубораи ҷангро мушоҳида мекунад.
12.11.2026 15:11

Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ барои мубориза бо коррупсия санади ҳамкорӣ имзо карданд

Рӯзи 11-уми ноябр мақомоти Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ барои тақвияти ҳамкорӣ ва мубориза бо коррупсия ёддошти тафоҳум измо намуданд. Ҳадаф аз имзои санади нав ҳамоҳансозии фаъолияти ниҳодҳои масъул, табодули иттилоот дар бораи ҷиноятҳои коррупсионӣ ва мубориза бо фасоди фаромиллӣ мебошад.
12.11.2026 15:01

Тиҷорати Осиёи Марказӣ бо кишварҳои Халиҷи Форс дар 5 сол 4 баробар афзудааст

Тиҷорати кишварҳои Осиёи Марказӣ бо кишварҳои Халиҷи Форс дар давоми панҷ соли охир чор маротиба зиёд шуда ва ҳаҷми умумии он дар соли 2025 ба 3,9 миллиард доллар расидааст. Сармоягузории кишварҳои Халиҷи Форс дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба 31,1 миллиард доллар баробар шудааст.
12.11.2026 14:03

Доналд Трамп дар номаи “муҳтарамона” ба Байден чӣ навишта буд ва чаро муҳтавои он пас аз 6 сол ошкор мешавад?

Доналд Трамп, президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар моҳи январи соли 2021 қабл аз тарки Кохи Сафед ба ҷойнишини худ Ҷо Байден номае гузошт, ки муҳтавои он аз назари ҷомеа пинҳон монда буд ва ҳоло ошкор мешавад.
12.11.2026 12:14

СПАД интиқоли силоҳ ба Тоҷикистон ва мубориза бо таҳдидҳои амниятӣ аз Афғонистонро баррасӣ кард Қарори СПАД: ирсоли силоҳ, техникаи ҳарбӣ ба Душанбе ва мубориза бо маводи мухаддир, таҳдидҳои амният аз сӯи Афғонистон Кишварҳои узви Созмони

Кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) тасмим гирифтаанд, ки то охири соли 2026 барои тақвияти марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ба ин кишвар силоҳ, техникаи ҳарбӣ ва таҷҳизоти ҳифзи сарҳад ирсол кунанд. Ин ҳадаф дар доираи барномаи панҷсолаи тақвияти марзи Тоҷикистон бо Афғонистон амалӣ мешавад.
12.11.2026 10:45

Фавзия Кӯфӣ: “Ин бор Толибонро занони Афғонистон шикаст медиҳанд”

Фавзия Кӯфӣ, намояндаи пешини Маҷлиси намояндагони Афғонистон аз ҷомеаи байналмилалӣ даъват кардааст, ки барои ҳимоят аз ҳуқуқи занони афғонистонӣ ба иқдомҳои амалӣ рӯ оварда, фақат бо изҳороту изҳори ҳамдардӣ иктифо накунанд.
12.11.2026 10:33

Эрон: ҷанг агар оғоз шавад, ба пойгоҳҳои Амрико дар Осиёи Ғарбӣ ва Аврупо ҳамла хоҳем кард

Муҳсин Ризоӣ, Дабири кулли Шурои олии амнияти миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар паёми ҳушдоромез гуфт, агар Амрико ҳамла кунад, Эрон ба пойгоҳҳои ин кишвар дар Ғарби Осиё ва Аврупо ҳамла хоҳад кард.