СПАД интиқоли силоҳ ба Тоҷикистон ва мубориза бо таҳдидҳои амниятӣ аз Афғонистонро баррасӣ кард Қарори СПАД: ирсоли силоҳ, техникаи ҳарбӣ ба Душанбе ва мубориза бо маводи мухаддир, таҳдидҳои амният аз сӯи Афғонистон Кишварҳои узви Созмони
Фавзия Кӯфӣ: “Ин бор Толибонро занони Афғонистон шикаст медиҳанд”
Эрон: ҷанг агар оғоз шавад, ба пойгоҳҳои Амрико дар Осиёи Ғарбӣ ва Аврупо ҳамла хоҳем кард
Қазоқистон 70 фоизи саҳмияҳои ду кони бузурги волфрамро ба ширкатҳои писарони Трамп медиҳад
СПАД интиқоли силоҳ ба Тоҷикистон ва мубориза бо таҳдидҳои амниятӣ аз Афғонистонро баррасӣ кард Қарори СПАД: ирсоли силоҳ, техникаи ҳарбӣ ба Душанбе ва мубориза бо маводи мухаддир, таҳдидҳои амният аз сӯи Афғонистон Кишварҳои узви Созмони
Кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) тасмим гирифтаанд, ки то охири соли 2026 барои тақвияти марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ба ин кишвар силоҳ, техникаи ҳарбӣ ва таҷҳизоти ҳифзи сарҳад ирсол кунанд. Ин ҳадаф дар доираи барномаи панҷсолаи тақвияти марзи Тоҷикистон бо Афғонистон амалӣ мешавад.
Рӯзи 10-уми ноябр дар шаҳри Маскав ин масъала дар нишасти муштараки вазирони корҳои хориҷӣ, мудофиа ва котибони шуроҳои амнияти кишварҳои СААД мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар ин нишаст кишварҳои узв аз афзоиши таҳдидҳои террористӣ, қочоқи маводи мухаддир ва фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ изҳори нигаронӣ намуданд. Ҳамчунин, дар ин нишаст масъалаҳои мубориза бо ҷиноятҳои киберӣ, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва зарурати боло бурдани омодагии ҳарбии кишварҳои узв баррасӣ гардид.
Дар як бахши ин нишаст масъалаи ҳифзи амнияти сарҳадҳои ҷанубии Осиёи Марказӣ, аз ҷумла марзи Тоҷикистон бо Афғонистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Тибқи барномаи панҷсолаи байниҳукуматӣ Русия, Қазоқистон, Беларусия ва Қирғизистон бояд ба Тоҷикистон дар таҳкими имкониятҳои ҳифзи сарҳад кумак намоянд. Ин кумак интиқоли силоҳ, техникаи ҳарбӣ ва таҷҳизоти махсуси назорати сарҳадро дар бар мегирад. Ин барнома соли 2024 тасдиқ шуда буд ва интизор меравад то поёни соли 2026 амалӣ шавад.
Таваҷҷуҳи СААД ба масъалаи таҳкими марзи Тоҷикистон бо Афғонистон дар ҳолест, ки баъди бозгашти гурӯҳи террористии Толибон ба қудрат дар соли 2021 вазъияти амниятии Афғонистон яке аз масъалаҳоест, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ аз он нигаронӣ доранд. Мақомоти СААД борҳо дар хусуси фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ дар ин кишвар, аз ҷумла шохаи “Давлати Исломӣ” дар Хуросон ҳушдор доданд.
Дар нишасти вазирони дифои СААД дар баробари матраҳ намудани масъалаи тақвияти марзи Тоҷикистон бо Афғонистон, пешниҳод шуд, ки иқтидори ҳарбии СААД афзоиш дода шавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Як созмони хориҷӣ амнияти ҳавонавардии Тоҷикистонро месанҷад
Сафири Тоҷикистон бо волии Ал-Ҷаҳрои Кувайт имкониятҳои нави ҳамкориро баррасӣ кард
Аз Душанбе то Амрико. Имкони роҳандозии парвозҳои мустақим миёни Тоҷикистон ва Амрико баррасӣ мешавад
Русия аз эҳтимоли оғози дубораи ҷанг миёни Амрико ва Эрон ҳушдор дод