Аз Душанбе то Амрико. Имкони роҳандозии парвозҳои мустақим миёни Тоҷикистон ва Амрико баррасӣ мешавад
Дар Давҳа масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба соҳаи алоқаи Тоҷикистон баррасӣ шуд
Тиҷорати Осиёи Марказӣ бо кишварҳои Халиҷи Форс дар 5 сол 4 баробар афзудааст
“Ҳамлаҳои Украина интернетро халалдор кард”. Тоҷикистон ба Чин роҳ мекушояд. Қудратҳо барои ояндаи рақамӣ дар Осиёи Марказӣ рақобат мекунанд
Дар Давҳа масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба соҳаи алоқаи Тоҷикистон баррасӣ шуд
Дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Садулло бо роҳбари Ooredoo Group Азиз Алусман Фахру мулоқот намуд.
Маркази матбуоти Хадамоти алоқа навиштааст, ки дар доираи вохӯрӣ имконияти ҳамкориҳои минбаъда дар самти рушди шабакаҳои фарохмаҷро ва 5G, таъсиси марказҳои коркарди маълумот, ҷорӣ намудани хизматрасониҳои абрӣ, рушди инфрасохтори нахи оптикӣ, таҳкими пайвастагии байналмилалии телекоммуникатсионӣ ва ҷалби сармоягузорӣ ба соҳаи алоқаи Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Иттилоъ дода мешавад, ки ширкати Ooredoo яке аз ширкатҳои байналмилалии соҳаи телекоммуникатсия ва технологияҳои рақамӣ буда, дар 9 кишвари Шарқи Наздик, Африқои Шимолӣ ва Осиёи Ҷанубу Шарқӣ фаъолият намуда, дорои тақрибан 150 миллион муштарӣ мебошад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Як созмони хориҷӣ амнияти ҳавонавардии Тоҷикистонро месанҷад
Сафири Тоҷикистон бо волии Ал-Ҷаҳрои Кувайт имкониятҳои нави ҳамкориро баррасӣ кард
Аз Душанбе то Амрико. Имкони роҳандозии парвозҳои мустақим миёни Тоҷикистон ва Амрико баррасӣ мешавад
Русия аз эҳтимоли оғози дубораи ҷанг миёни Амрико ва Эрон ҳушдор дод