12 Ноябр 2026,
панҷшанбе, 21:22, Душанбе
12.11.2026 12:08

Аз мағоза 10 ҳазор сомонӣ рабуд. Боздошти ҷавоне бо гумонӣ дуздӣ дар Душанбе

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ҷавонеро боздошт кард, ки ба содир намудани ҷинояти дуздӣ гумонбар аст.

Тавре ки манбаъ навиштааст, бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ аз ҷониби кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур шаҳрванд Исматов Сайумрон, сокини 28-солаи шаҳри Душанбе дастгир карда шуд.

Иттилоъ дода мешавад, ки дари мағозаи хӯроквории «Арзон», воқеъ дар кӯчаи Ховаронро шикаста, аз дохили он 10 ҳазор сомонӣ маблағи нақд ва дигар маҳсулоти мағозаро рабудааст.

Ба навиштаи манбаъ, гумонбар қаблан барои содир намудани ҷиноятҳои гуногун суд шуда буд, аммо пас аз ба озодӣ баромадан кирдорҳои ҷиноятиро боз идома додааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

12.11.2026 17:28

Сафири Тоҷикистон бо волии Ал-Ҷаҳрои Кувайт имкониятҳои нави ҳамкориро баррасӣ кард

Мақомоти Ҷумҳури Тоҷикистон бо мақомоти кишвари Кувайт имкониятҳои васеи ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва ҳамчунин, рушди робита дар соҳаҳои кишоварӣ ва сайёҳиро баррасӣ намуданд.
12.11.2026 15:22

Аз Душанбе то Амрико. Имкони роҳандозии парвозҳои мустақим миёни Тоҷикистон ва Амрико баррасӣ мешавад

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико масъалаи таъсиси хатсайри мустақими ҳавоиро миёни ду кишвар баррасӣ доранд. Дар сурати ба мувофиқа расидани ҷонибҳо, ширкати ҳавопаймоии “Сомон эйр” (Somon Air) метавонад аз ҷониби Тоҷикистон ва “Юнайтед Эйрлайн” (United Airlines) аз ҷониби Амрико интиқоли мусофиронро ба уҳда гиранд. Ҳамзамон, Душанбе барои густариши парвозҳо ба кишварҳои Аврупо ва Осиё низ талош дорад.
12.11.2026 15:20

Русия аз эҳтимоли оғози дубораи ҷанг миёни Амрико ва Эрон ҳушдор дод

Мақомоти Федератсияи Русия дар изҳори назари тозаи худ гуфтаанд, ки агар музокироти Эрону Амрико ба натиҷа нарасад, эҳтимоли оғоз шудани даргирии низомии дубора вуҷуд дорад. Русия мегӯяд, эҳтимоли оғоз шудани дубораи ҷангро мушоҳида мекунад.
12.11.2026 15:11

Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ барои мубориза бо коррупсия санади ҳамкорӣ имзо карданд

Рӯзи 11-уми ноябр мақомоти Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ барои тақвияти ҳамкорӣ ва мубориза бо коррупсия ёддошти тафоҳум измо намуданд. Ҳадаф аз имзои санади нав ҳамоҳансозии фаъолияти ниҳодҳои масъул, табодули иттилоот дар бораи ҷиноятҳои коррупсионӣ ва мубориза бо фасоди фаромиллӣ мебошад.
12.11.2026 15:01

Тиҷорати Осиёи Марказӣ бо кишварҳои Халиҷи Форс дар 5 сол 4 баробар афзудааст

Тиҷорати кишварҳои Осиёи Марказӣ бо кишварҳои Халиҷи Форс дар давоми панҷ соли охир чор маротиба зиёд шуда ва ҳаҷми умумии он дар соли 2025 ба 3,9 миллиард доллар расидааст. Сармоягузории кишварҳои Халиҷи Форс дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба 31,1 миллиард доллар баробар шудааст.
12.11.2026 14:03

Доналд Трамп дар номаи “муҳтарамона” ба Байден чӣ навишта буд ва чаро муҳтавои он пас аз 6 сол ошкор мешавад?

Доналд Трамп, президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар моҳи январи соли 2021 қабл аз тарки Кохи Сафед ба ҷойнишини худ Ҷо Байден номае гузошт, ки муҳтавои он аз назари ҷомеа пинҳон монда буд ва ҳоло ошкор мешавад.
12.11.2026 12:14

СПАД интиқоли силоҳ ба Тоҷикистон ва мубориза бо таҳдидҳои амниятӣ аз Афғонистонро баррасӣ кард Қарори СПАД: ирсоли силоҳ, техникаи ҳарбӣ ба Душанбе ва мубориза бо маводи мухаддир, таҳдидҳои амният аз сӯи Афғонистон Кишварҳои узви Созмони

Кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) тасмим гирифтаанд, ки то охири соли 2026 барои тақвияти марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ба ин кишвар силоҳ, техникаи ҳарбӣ ва таҷҳизоти ҳифзи сарҳад ирсол кунанд. Ин ҳадаф дар доираи барномаи панҷсолаи тақвияти марзи Тоҷикистон бо Афғонистон амалӣ мешавад.
12.11.2026 10:45

Фавзия Кӯфӣ: “Ин бор Толибонро занони Афғонистон шикаст медиҳанд”

Фавзия Кӯфӣ, намояндаи пешини Маҷлиси намояндагони Афғонистон аз ҷомеаи байналмилалӣ даъват кардааст, ки барои ҳимоят аз ҳуқуқи занони афғонистонӣ ба иқдомҳои амалӣ рӯ оварда, фақат бо изҳороту изҳори ҳамдардӣ иктифо накунанд.
12.11.2026 10:33

Эрон: ҷанг агар оғоз шавад, ба пойгоҳҳои Амрико дар Осиёи Ғарбӣ ва Аврупо ҳамла хоҳем кард

Муҳсин Ризоӣ, Дабири кулли Шурои олии амнияти миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар паёми ҳушдоромез гуфт, агар Амрико ҳамла кунад, Эрон ба пойгоҳҳои ин кишвар дар Ғарби Осиё ва Аврупо ҳамла хоҳад кард.