Эрон: ҷанг агар оғоз шавад, ба пойгоҳҳои Амрико дар Осиёи Ғарбӣ ва Аврупо ҳамла хоҳем кард
Қазоқистон 70 фоизи саҳмияҳои ду кони бузурги волфрамро ба ширкатҳои писарони Трамп медиҳад
Британияи Кабир ба захираҳои сурма, нуқра, тилло ва сурби Тоҷикистон “чашм дӯхтааст”
Попи Рум аз ҷавонон хост ба дунболи пулу шуҳрат дар шабакаҳои иҷтимоӣ набошанд
Фавзия Кӯфӣ: “Ин бор Толибонро занони Афғонистон шикаст медиҳанд”
Фавзия Кӯфӣ, намояндаи пешини Маҷлиси намояндагони Афғонистон аз ҷомеаи байналмилалӣ даъват кардааст, ки барои ҳимоят аз ҳуқуқи занони афғонистонӣ ба иқдомҳои амалӣ рӯ оварда, фақат бо изҳороту изҳори ҳамдардӣ иктифо накунанд.
Фавзия Кӯфӣ, вакили Маҷлиси намояндагон, ки зодаи Бадахшони Афғонистон аст, дар ҷарёни супурдани ҷоизаи байналмилалии “Чатэм-Хаус” дар соли 2026 ба занони Афғонистон, ин нуктаро баён кард. Ин ҷоиза ба далели ҷасорат ва муқовимати онҳо дар баробари табъиз ва маҳдудиятҳои марбут ба ҷинсият тақдим шудааст.
Фавзия Кӯфӣ рӯзи чоршанбе, 11-уми ноябр дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии “X” навиштааст, ки ин нуктаро дар ҷараёни маросими супурдани ҷоиза низ матраҳ кардааст.
Ӯ бо таъкид ба нақши занон дар муқовимат ба сиёсати Толибон гуфтааст: “Толибон ин дафъа аз сӯи занон шикаст хоҳанд хӯрд”.
Фавзия Кӯфӣ ҳамзамон аз бархе сиёсатмадорон интиқод карда, гуфтааст, ки онҳо аз ранҷу мушкилоти занони Афғонистон чашм мепӯшанд ва ба ҷойи андешидани чораҳои ҷиддӣ, аз фурсатҳои аксбардорӣ бо намояндагони онҳо хушҳол мешаванд.
Фавзия Кӯфӣ гуфт, ҳимоят ва пуштибонӣ аз ҳуқуқи занони Афғонистон фақат набояд дар сатҳи пахши изҳорот, баёнияҳои сиёсӣ ва изҳори ҳамдардӣ боқӣ бимонад. Ӯ таъкид намуд, ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд барои поён додан ба хушунату ҳазфи занон аз ҷомеа ва ҳаёти иҷтимоӣ амалан иқдом намояд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Фавзия Кӯфӣ: “Ин бор Толибонро занони Афғонистон шикаст медиҳанд”
Эрон: ҷанг агар оғоз шавад, ба пойгоҳҳои Амрико дар Осиёи Ғарбӣ ва Аврупо ҳамла хоҳем кард
Қазоқистон 70 фоизи саҳмияҳои ду кони бузурги волфрамро ба ширкатҳои писарони Трамп медиҳад
Тоҷикистон ва Ӯзбекистон барои бартараф кардани монеаҳои нақлиётӣ ба созиш расиданд