Аз Душанбе то Амрико. Имкони роҳандозии парвозҳои мустақим миёни Тоҷикистон ва Амрико баррасӣ мешавад
Дар Давҳа масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба соҳаи алоқаи Тоҷикистон баррасӣ шуд
Тиҷорати Осиёи Марказӣ бо кишварҳои Халиҷи Форс дар 5 сол 4 баробар афзудааст
“Ҳамлаҳои Украина интернетро халалдор кард”. Тоҷикистон ба Чин роҳ мекушояд. Қудратҳо барои ояндаи рақамӣ дар Осиёи Марказӣ рақобат мекунанд
Як созмони хориҷӣ амнияти ҳавонавардии Тоҷикистонро месанҷад
Созмони байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ICAO) аз 7-ум то 19-уми ноябри соли 2026 дар Тоҷикистон санҷиши амнияти авиатсияи гражданиро анҷом медиҳад.
Гуфта мешавад, санҷиши мазкур ба ҳифзи парвозҳо аз дахолатҳои ғайриқонунӣ, аз ҷумла таҳдидҳои амниятӣ равона шудааст. Дар ин бора Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода, навиштааст, ки ин санҷиш яке аз марҳилаҳои муҳимми ҳамкории кишвар бо ICAO ба шумор меравад.
Қаблан, дар моҳҳои январ ва феврали соли 2026 ин созмон вазъи назорати давлатии бехатарии парвозҳо, қобилияти парвозии ҳавопаймоҳо ва низоми иҷозатномадиҳиро низ арзёбӣ карда буд. Ба гуфтаи Агентии авиатсияи гражданӣ натиҷаи он мусбат арзёбӣ шудааст.
Омодагӣ ба санҷиши кунунӣ чанд моҳ боз идома дорад. Аз ҷумла, моҳи сентябр дар Душанбе комиссияи байниидоравӣ масъалаи омодагӣ ба санҷиши ICAO-ро баррасӣ карда буд. Ҳамчунин, 29-уми октябр дар ҷаласаи Ҳукумати Тоҷикистон Барномаи миллии амнияти авиатсияи гражданӣ барои солҳои 2026–2030 мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Натиҷаи ин санҷиш барои эътибори байналмилалии мақомоти танзимкунандаи авиатсияи Тоҷикистон ва густариши ҳамкориҳо бо ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ муҳим хоҳад буд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Як созмони хориҷӣ амнияти ҳавонавардии Тоҷикистонро месанҷад
Сафири Тоҷикистон бо волии Ал-Ҷаҳрои Кувайт имкониятҳои нави ҳамкориро баррасӣ кард
Аз Душанбе то Амрико. Имкони роҳандозии парвозҳои мустақим миёни Тоҷикистон ва Амрико баррасӣ мешавад
Русия аз эҳтимоли оғози дубораи ҷанг миёни Амрико ва Эрон ҳушдор дод