Футболбози 18-солаи тоҷик ба бошгоҳи Арабистони Саудӣ пайваст
Дар даври ниҳоии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 562 довталаб иштирок менамоянд
Боздошти ду ҷавону ду ноболиғ бо гумони дуздӣ
Саршумори бузи кӯҳии морхӯр дар Тоҷикистон дар 30 сол 10 баробар зиёд шудааст
Ҷамолиддин Абдуллозода бо роҳбари ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Габриэл Акимова мулоқот намуд
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода бо роҳбари Намояндагии Хазинаи нуфӯзи СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон Габриэл Акимова мулоқот намуд.
Бинобар иттилои маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамолиддин Абдуллозода аз ҳамкориҳои судманди дуҷониба бо ЮНИСЕФ, махсусан, дар масъалаҳои саломатии модар ва кӯдак, эмгузаронӣ, ғизо, рушди барвақтии кӯдакон ва тақвияти низомҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ изҳори қаноатмандӣ намуд.
"Дар ин замина, таъкид гашт, ки ҳамкорӣ бо ЮНИСЕФ дар заминаи татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, барномаҳои миллии тандурустӣ ва ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор, бахусус дар робита ба таъмини саломатӣ ва некӯаҳволии модарон, кӯдакон ва наврасон муҳим мебошад", - зикр мегардад дар иттилоия.
Гуфта мешавад, ки дар вохурӣ масъалаҳои эмкунӣ ва пешгирии бемориҳои сироятӣ, ғизои кӯдакон ва рушди солим, ҳифзи иҷтимоӣ ва фарогирӣ, беҳтар кардани низоми тандурустии модар ва кӯдак, рушди нигоҳубини аввалияи тиббӣ, беҳтар кардани ғизои кӯдакон ва рушди барвақтӣ, рақамикунонӣ ва баланд бардоштани устувории низоми тандурустӣ ва дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ шуданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Фавзия Кӯфӣ: “Ин бор Толибонро занони Афғонистон шикаст медиҳанд”
Эрон: ҷанг агар оғоз шавад, ба пойгоҳҳои Амрико дар Осиёи Ғарбӣ ва Аврупо ҳамла хоҳем кард
Қазоқистон 70 фоизи саҳмияҳои ду кони бузурги волфрамро ба ширкатҳои писарони Трамп медиҳад
Тоҷикистон ва Ӯзбекистон барои бартараф кардани монеаҳои нақлиётӣ ба созиш расиданд