Дар даври ниҳоии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 562 довталаб иштирок менамоянд
Боздошти ду ҷавону ду ноболиғ бо гумони дуздӣ
Саршумори бузи кӯҳии морхӯр дар Тоҷикистон дар 30 сол 10 баробар зиёд шудааст
Литсеи Дурахшандагони Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид
Боздошти ду ҷавону ду ноболиғ бо гумони дуздӣ
Милитсияи пойтахт аз боздошти чор кас хабар дод, ки бо даст доштан дар ҷинояти дуздӣ гумонбаранд.
Тавре ки Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе навиштааст, кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур Нарзуллоев Сайдалӣ, соли таваллудаш 1998, Исмоилов Анҷуман, сокини 21-солаи шаҳри Душанбе ва ноболиғон Қурбонов И. ва Ибрагимов М.-ро, ки ҳамаашон қаблан бо ҷурмҳои гуногун суд шудаанд, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир намуданд.
Гуфта мешавад, ки номбурдагон пинҳонӣ вориди утоқи кории ширкати сохтмонии ҶДММ «Пойтахт Инвест» гардида, аз он ҷо маблағи пулӣ ва телефонҳои мобилиро, ки дар маҷмуъ беш аз 91 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, тасарруф намудаанд.
Ба наивштаи манбаъ, ҳоло 4 далели ҷинояти дуздии гумонбарон ошкор гардида, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор доранд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Амнияти Осиёи Марказӣ дар ҷаҳони бисёрқутбӣ: вазирони хориҷӣ дар Маскав чӣ гуфтанд?
Футболбози 18-солаи тоҷик ба бошгоҳи Арабистони Саудӣ пайваст
Сироҷиддин Муҳриддин: “Ҷомеаи ҷаҳонӣ набояд таваҷҷуҳ ба масъалаи Афғонистонро кам кунад”
Дар даври ниҳоии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 562 довталаб иштирок менамоянд