Попи Рум аз ҷавонон хост ба дунболи пулу шуҳрат дар шабакаҳои иҷтимоӣ набошанд
Котиби Шурои амнияти Эрон: “Посухи Амрико фиребкорона аст. Бо Вашингтон музокира надорем
Путин: “Мавзуи иқтисод ва амният дар меҳвари нишасти СААД қарор мегирад”
Ироқчӣ ба Трамп: Ҷанг ва таҳримҳо моро ба созиш водор намекунанд
Попи Рум аз ҷавонон хост ба дунболи пулу шуҳрат дар шабакаҳои иҷтимоӣ набошанд
Роҳбари калисои католикӣ Попи Рум Леои XIV аз ҷавонон даъват кардааст, ки муваффақиятро фақат бо сарват, шуҳрат ё маъруфият дар шабакаҳои иҷтимоӣ насанҷанд.
Леои XIV дар ин бора рӯзи 11-уми ноябр дар маросими шабонаи ёдбуд дар Аргентина изҳори назар кард. Дар ин чорабинӣ тақрибан 1 миллион нафар гирди ҳам омада буданд.
Попи Рум дар суханронии худ ҷавононро аз пайравӣ аз он чизе, ки ба гуфтаи ӯ, «бутҳои замони муосир» мебошанд, аз ҷумла муваффақияти зоҳирӣ ва зебоии ҷисмонӣ, ҳушдор додааст. Ӯ аз рафтори баъзе ҷавонон дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ изҳори нигаронӣ карда, гуфтааст, ки бархе барои ба даст овардани маъруфият ба дурӯғгӯӣ, хиёнат ба дигарон ва таҳқири онҳо даст мезананд.
«Дар баробари чизе, ки наметавонад ба шумо ҳаёт бахшад, сар хам накунед», — таъкид кардааст Леои XIV.
Сафари 12-рӯзаи Попи Рум ба Амрикои Ҷанубӣ нахустин сафари ӯ ба Аргентина ба шумор меравад. Ӯ аввалин раҳбари калисои католикӣ аст, ки пас аз соли 1987 ба ин кишвар сафар мекунад. Аргентина аз ҷумлаи кишварҳои дорои аксарияти аҳолии католикӣ мебошад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Британияи Кабир ба захираҳои сурма, нуқра, тилло ва сурби Тоҷикистон “чашм дӯхтааст”
Попи Рум аз ҷавонон хост ба дунболи пулу шуҳрат дар шабакаҳои иҷтимоӣ набошанд
Амнияти Осиёи Марказӣ дар ҷаҳони бисёрқутбӣ: вазирони хориҷӣ дар Маскав чӣ гуфтанд?
Футболбози 18-солаи тоҷик ба бошгоҳи Арабистони Саудӣ пайваст