Иштирок ва суханронии Президенти мамлакат дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД
Сироҷиддин Муҳриддин: “Ҷомеаи ҷаҳонӣ набояд таваҷҷуҳ ба масъалаи Афғонистонро кам кунад”
Ба чанд қонун, аз ҷумла «Дар бораи сиёсати аграрӣ» тағйироту иловаҳо ворид гардид
Дар Москва ҷанбаҳои муҳимми амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Ӯзбекистон барои бартараф кардани монеаҳои нақлиётӣ ба созиш расиданд
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои зиёд намудани ҳаҷми ҳамлу нақли бор, сода намудани расмиёти гумрукӣ, транзитӣ ва бартараф кардани мушкилоти логистикӣ ба созиш расидаанд.
Ин масъала рӯзи 11-уми ноябр дар шаҳри Тошканд дар ҷараёни мулоқоти Рухшона Насриддинова, муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Илҳом Маҳкамов, вазири нақлиёти Ҷумҳурии Ӯзбекистон баррасӣ шудааст.
Яке аз мавзуҳои асосии мулоқоти ду ҷониб осон намудани интиқоли масолеҳи сохтмонӣ аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон будааст. Ду ҷониб масъалаи кам кардани хароҷоти ҳамлу нақли автомобилӣ ва тезондани борфарории маҳсулоти содироти Ӯзбекистон дар истгоҳҳои роҳи оҳани Тоҷикистонро баррасӣ кардаанд.
Дар мулоқот масъалаи баланд бардоштани иқтидори гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва бартараф кардани монеаҳое, ки ба интиқоли мол халал мерасонанд, низ баррасӣ шудааст.
Ду ҷониб тасмим гирифтаанд барои афзоиши содироти Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ва беҳтар намудани ҳаракати боркашонӣ чораҳои зарурӣ андешанд.
Бар асоси иттилои Кумитаи омори Ӯзбекистон гардиши савдои ду кишвар дар 8 моҳи аввали соли 2026 ба 686, 3 миллион доллар расидааст. Ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 21, 5 фоиз зиёд мебошад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Фавзия Кӯфӣ: “Ин бор Толибонро занони Афғонистон шикаст медиҳанд”
Эрон: ҷанг агар оғоз шавад, ба пойгоҳҳои Амрико дар Осиёи Ғарбӣ ва Аврупо ҳамла хоҳем кард
Қазоқистон 70 фоизи саҳмияҳои ду кони бузурги волфрамро ба ширкатҳои писарони Трамп медиҳад
Тоҷикистон ва Ӯзбекистон барои бартараф кардани монеаҳои нақлиётӣ ба созиш расиданд