Эрон: ҷанг агар оғоз шавад, ба пойгоҳҳои Амрико дар Осиёи Ғарбӣ ва Аврупо ҳамла хоҳем кард
Қазоқистон 70 фоизи саҳмияҳои ду кони бузурги волфрамро ба ширкатҳои писарони Трамп медиҳад
Британияи Кабир ба захираҳои сурма, нуқра, тилло ва сурби Тоҷикистон “чашм дӯхтааст”
Попи Рум аз ҷавонон хост ба дунболи пулу шуҳрат дар шабакаҳои иҷтимоӣ набошанд
Қазоқистон 70 фоизи саҳмияҳои ду кони бузурги волфрамро ба ширкатҳои писарони Трамп медиҳад
Қазоқистон 70 дарсади саҳмияҳои лоиҳаи истихроҷи волфрамро дар ду кони бузурги худ ба як ширкати амрикоӣ вогузор кардааст. Арзиши умумии ин тарҳ тақрибан 1,1 миллиард доллар арзёбӣ мешавад. Ширкати мазкур бо фаъолияти тиҷоратии писарони президенти ИМА Доналд Трамп – Доналд Трамп Ҷуниор ва Эрик Трамп иртибот дорад.
Тиқби иттилои расонаҳо маълумоти марбут ба ин созиш дар ҳисоботи молиявии ширкати давлатии “Тау-Кен Самрук” (Tau-Ken Samruk) нашр шудааст. Бар асоси ин маълумот, ширкати амрикоии “Ков каз капитал” (Cove Kaz Capital) соҳиби 70 дарсади саҳмияҳои лоиҳаи истихроҷи волфрам дар конҳои “Северний Катпар” ва “Верхний Қайрақтӣ” дар вилояти Қарағандаи Қазоқистон мешавад.
Ҳукумат аз ҷузъиёти созиш чӣ мегӯяд?
Вазири саноат ва сохтмони Қазоқистон Ерсайин Нағаспаев дар шарҳи ин созишнома гуфтааст, ки вазорати таҳти роҳбарии ӯ бевосита масъули ин муомила нест.
Ба гуфтаи ӯ, конҳои “Северний Катпар” ва “Верхний Қайрақтӣ” қаблан ба ширкати “Тау-Кен Самрук”, ки зерсохтори вазорат мебошад, супурда шуда буданд. Ин ширкат барои ҷалби сармоя ва пайдо кардани шарикони тиҷоратӣ масъул аст.
Ерсайин Нағаспаев шарҳ додааст, ки барои азхудкунии конҳои маъдан дар Қазоқистон роҳҳои гуногун истифода мешаванд. Яке аз онҳо ба ширкатҳои махсусгардонидашуда вогузор кардани идораи лоиҳаҳо мебошад, то онҳо бо сармоягузорони эҳтимолӣ музокира карда, дар бораи шартҳои ҳамкорӣ ба мувофиқа расанд.
Вазир ҳамзамон таъкид кардааст, ки Қазоқистон аз лиҳози захираҳои волфрам ва як қатор маъданҳои дигари муҳим дар байни се кишвари пешсафи ҷаҳон қарор дорад. Ба гуфтаи ӯ, ҳамин захираҳо таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги байналмилалиро ба ин кишвар ҷалб мекунанд.
Чаро саҳми Қазоқистон 30 дарсад аст?
Яке аз масъалаҳои баҳсбарангези созишнома ҳаҷми саҳми ҷониби Қазоқистон дар лоиҳа мебошад. Тибқи шартҳои эълоншуда, ширкати амрикоӣ 70 дарсади саҳмияҳоро соҳиб мешавад ва танҳо 30 дарсад ба ҷониби қазоқ боқӣ мемонад.
Дар посух ба савол дар бораи он ки чаро ҳиссаи Қазоқистон дар истихроҷи ин захираи стратегӣ ҳамагӣ 30 дарсад муайян шудааст, вазир гуфт, ки ширкати “Тау-Кен Самрук” ин созишномаро муомилаи муносиб арзёбӣ мекунад.
Ерсайин Нағаспаев ҳамчунин, ба таҷрибаи Қазоқистон дар ҳамкорӣ бо сармоягузорони хориҷӣ дар соҳаи нафту газ ишора кардааст. Ба гуфтаи ӯ, таҷрибаи қаблӣ нишон медиҳад, ки тағйир додани шартҳои созишномаҳои бо ширкатҳои байналмилалӣ басташуда кори осон нест.
Волфрам ва аҳамияти он барои Қазоқистон
Ширкати “Ков каз капитал” аллакай корҳои ибтидоиро барои татбиқи лоиҳаи азхудкунии ду кони бузурги волфрам дар вилояти Қарағанда оғоз кардааст.
Волфрам яке аз металлҳои муҳим дар саноати муосир ба шумор меравад. Он ба далели сахтӣ ва тобоварӣ ба ҳарорати баланд дар истеҳсоли таҷҳизоти саноатӣ, асбобҳои бурранда, бахшҳои мошинсозӣ ва баъзе навъҳои таҷҳизоти низомӣ истифода мешавад. Таваҷҷуҳи сармоягузорони хориҷӣ ба захираҳои ин металл дар ҳоле афзоиш меёбад, ки кишварҳои бузурги ҷаҳон барои таъмини ашёи хоми зарурии саноати худ рақобат мекунанд.
Лоиҳаи мазкур бо фаъолияти тиҷоратии писарони Доналд Трамп иртибот дорад. Аммо дар матни нашршуда ҷузъиёти пурраи сохтори моликияти ширкат ва уҳдадориҳои мушаххаси сармоягузор дар баробари Қазоқистон оварда нашудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Фавзия Кӯфӣ: “Ин бор Толибонро занони Афғонистон шикаст медиҳанд”
Эрон: ҷанг агар оғоз шавад, ба пойгоҳҳои Амрико дар Осиёи Ғарбӣ ва Аврупо ҳамла хоҳем кард
Қазоқистон 70 фоизи саҳмияҳои ду кони бузурги волфрамро ба ширкатҳои писарони Трамп медиҳад
Тоҷикистон ва Ӯзбекистон барои бартараф кардани монеаҳои нақлиётӣ ба созиш расиданд