11 Ноябр 2026,
чоршанбе, 15:49, Душанбе
11.11.2026 15:17

Футболбози 18-солаи тоҷик ба бошгоҳи Арабистони Саудӣ пайваст

Футболбози ҷавони тоҷик Абдулло Иброҳимзода фаъолияти худро дар Арабистони Саудӣ идома медиҳад. Ӯ бо клуби “Ал-Қодисия” шартнома баста, дар марҳилаи аввал дар ҳайати дастаи ҷавонони то 19-сола бозӣ хоҳад кард.

Тибқи иттилои сомонаи “Transfermarkt” Абдулло Иброҳимзода 16-уми сентябри соли 2026 ба ҳайати “Ал-Қодисия” шомил шудааст. Ӯ аз клуби “Душанбе” ба таври бозигари озод ба тими Саудӣ гузаштааст. Аммо хабари расмӣ дар бораи ин гузариш танҳо акнун дар расонаҳо нашр шудааст.

Қарор аст футболбози 18-сола дар ҳайати U-19 маҳорати худро нишон диҳад. Ҳамзамон, масъулони клуб ният доранд, ки ӯро тадриҷан ба тамринҳо ва бозиҳои дастаи асосӣ ҷалб кунанд.

Абдулло Иброҳимзода 20-уми октябри соли 2008 таваллуд шудааст. Мавқеи асосии ӯ нимҳимоятгари канори рост буда, қадаш 176 сантиметр аст. Ӯ пойи рости худро бештар барои бозӣ истифода мебарад.

Абдулло Иброҳимзода то гузаштан ба футболи Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон бозӣ мекард. Ӯ фаъолияти варзишии худро дар Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишии Душанбе оғоз карда, тобистони соли 2024 ба клуби “Душанбе” пайваста буд.

Футболбози ҷавон ҳамчунин, таҷрибаи бозӣ дар ҳайати мунтахаби наврасони Тоҷикистонро дорад. Ӯ дар мусобиқаи Ҷоми Осиё миёни футболбозони то 17-сола ва қаҳрамонии ҷаҳон дар ҳамин синну сол ширкат кардааст.

Гузариш ба клуби “Ал-Қодисия” метавонад барои Иброҳимзода қадами муҳим дар идомаи фаъолияти касбӣ бошад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

11.11.2026 15:17

Футболбози 18-солаи тоҷик ба бошгоҳи Арабистони Саудӣ пайваст

Футболбози ҷавони тоҷик Абдулло Иброҳимзода фаъолияти худро дар Арабистони Саудӣ идома медиҳад. Ӯ бо клуби “Ал-Қодисия” шартнома баста, дар марҳилаи аввал дар ҳайати дастаи ҷавонони то 19-сола бозӣ хоҳад кард.
11.11.2026 15:10

Сироҷиддин Муҳриддин: “Ҷомеаи ҷаҳонӣ набояд таваҷҷуҳ ба масъалаи Афғонистонро кам кунад”

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як нишасти байналмилалӣ дар шаҳри Маскав аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост, ки таваҷҷуҳ ба вазъи Афғонистонро коҳиш надиҳанд. Ӯ гуфт, субот дар ин кишвар на фақат ба амнияти Осиёи Марказӣ, балки барои рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ, нақлиётӣ ва энергетикӣ дар минтақа низ аҳамияти муҳим дорад.
11.11.2026 15:03

Дар даври ниҳоии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 562 довталаб иштирок менамоянд

11-уми ноябр дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи ҷумҳуриявии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Дилрабо Мансурӣ ҷаласаи ситоди даври чоруми озмун баргузор гардид.
11.11.2026 14:01

Ба чанд қонун, аз ҷумла «Дар бораи сиёсати аграрӣ» тағйироту иловаҳо ворид гардид

Имрӯз, 11-уми ноябр таҳти раёсати раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид.
11.11.2026 11:39

“Ҳамлаҳои Украина интернетро халалдор кард”. Тоҷикистон ба Чин роҳ мекушояд. Қудратҳо барои ояндаи рақамӣ дар Осиёи Марказӣ рақобат мекунанд

Ҳамлаҳои паҳподӣ ба марказҳои коркарди маълумоти Русия дар моҳи октябр фаъолияти бархе аз хизматрасониҳои рақамиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ халалдор карданд. Дар ҳамин замина, Тоҷикистон хатти нави нахи оптикиро аз тариқи Помир ба Чин ба кор андохт. Ин тарҳ на танҳо имкони пайвасти мустақим ба шабакаҳои интернетии Осиёро фароҳам меорад, балки метавонад мавқеи кишварро дар рақобати геополитикӣ барои назорат ва рушди инфрасохтори рақамии минтақа тағйир диҳад.
11.11.2026 11:15

Котиби Шурои амнияти Эрон: “Посухи Амрико фиребкорона аст. Бо Вашингтон музокира надорем

Муҳсин Ризоӣ, китоби Шурои олии амнияти миллии Эрон гуфт, ки посухи Иёлоти Муттаҳида ба ҳафт шарти пешниҳоднамудаи Теҳрон қонеъкунанда нест. Ӯ гуфт, то замони иҷрои талабҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз нахоҳад шуд ва ҳоло миёни ду кишвар ҳеч гуна гуфтугӯ идома надорад.
11.11.2026 11:01

Путин: “Мавзуи иқтисод ва амният дар меҳвари нишасти СААД қарор мегирад”

Владимир Путин, раисҷумҳури Федератсияи Русия гуфт, ки нишасти навбатии Созмони аҳдномаи амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) на фақат ба масъалаҳои амниятӣ, балки ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва башардӯстонаи кишварҳои узв низ бахшида мешавад.
11.11.2026 10:54

Дар Москва ҷанбаҳои муҳимми амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ гардид

10-уми ноябр дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти муштараки Шурои вазирони корҳои хориҷӣ, Шурои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони Шурои амнияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) иштирок кард.
11.11.2026 09:12

Вазири молияи Амрико аз тарси таҳдиди Эрон ба пойгоҳи низомӣ паноҳ гирифт

Скотт Бессант, вазири молияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баъди дарёфти таҳдидҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон аз тарс манзили зисташ дар Вашингтонро тарк кард. Ӯро ба як пойгоҳи низомӣ интиқол додаанд.
11.11.2026 09:05

Саршумори бузи кӯҳии морхӯр дар Тоҷикистон дар 30 сол 10 баробар зиёд шудааст

Саршумори бузи нодири кӯҳии морхӯр ё пармашох дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар се даҳсолаи ахир дар натиҷаи амалӣ намудани барномаҳои ҳифзи муҳити зист ва ҷалби сокинони маҳаллӣ 10 баробар зиёд шудааст. Имрӯз саршумори он дар Тоҷикистон аз 7 ҳазор сар гузаштааст. Ин дар ҳолест, ки дар солҳои 1990 саршумори он 500 сар шумурда мешуд.