Дар даври ниҳоии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 562 довталаб иштирок менамоянд
Боздошти ду ҷавону ду ноболиғ бо гумони дуздӣ
Саршумори бузи кӯҳии морхӯр дар Тоҷикистон дар 30 сол 10 баробар зиёд шудааст
Литсеи Дурахшандагони Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид
Дар даври ниҳоии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 562 довталаб иштирок менамоянд
11-уми ноябр дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи ҷумҳуриявии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Дилрабо Мансурӣ ҷаласаи ситоди даври чоруми озмун баргузор гардид.
Бинобар иттилои маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, даври чоруми озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 12-уми ноябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон оғоз гардида, дар он 562 довталаб иштирок менамоянд, ки 445 нафари онҳоро духтарон ташкил медиҳанд.
“Дар ҷаласа масъалаҳои ташкиливу омодагӣ ба оғози даври чоруми озмун, риояи талаботи низомнома, таъмини шароити зарурӣ барои довталабон, фаъолияти ҳайати ҳакамон, волонтёрон ва назоратчиён, инчунин инъикоси ҷараёни озмун тавассути воситаҳои ахбори омма мавриди баррасӣ қарор гирифтанд”, - навиштааст манбаъ.
Иттилоъ дода мешавад, ки дар даври якуми озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли ҷорӣ 368 ҳазору 291 нафар, дар даври дуюм 75 ҳазору 795 довталаб ва дар даври сеюм 4 ҳазору 484 довталаб иштирок намуданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Амнияти Осиёи Марказӣ дар ҷаҳони бисёрқутбӣ: вазирони хориҷӣ дар Маскав чӣ гуфтанд?
Футболбози 18-солаи тоҷик ба бошгоҳи Арабистони Саудӣ пайваст
Сироҷиддин Муҳриддин: “Ҷомеаи ҷаҳонӣ набояд таваҷҷуҳ ба масъалаи Афғонистонро кам кунад”
Дар даври ниҳоии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 562 довталаб иштирок менамоянд