11 Ноябр 2026,
чоршанбе, 21:03, Душанбе
11.11.2026 17:46

Британияи Кабир ба захираҳои сурма, нуқра, тилло ва сурби Тоҷикистон “чашм дӯхтааст”

Британияи Кабир имконияти сармоягузорӣ дар истихроҷу коркарди маъданҳои стратегӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ мекунад. Ин кишвар дар пайи пайдо намудани манбаъҳои нави ашёи хом ва коҳиш додани вобастагиаш аз Чин мебошад.

Намояндагони созмони бритониёии “Eurasia Critical Minerals Organisation” (ECMO) рӯзи 6-уми ноябр бо масъулони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон масъалаи ҷалби сармоя ба соҳаи истихроҷи маъданро баррасӣ кардаанд.

Дар ин бора рӯзи 9-юми ноябр сомонаи “RTVI” гузориши муфассал нашр карда, афзуд, ки ҷонибҳо ҳамчунин, рушди саноати кӯҳкорӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои сармоягузорони хориҷиро муҳокима карданд. Дар бораи имзои созишномаҳои мушаххаси сармоягузорӣ ҳанӯз хабар дода нашудааст.

Британияи Кабир асосан ба захирмаҳои сурма, нуқра, тилло ва сурби Тоҷикистон таваҷҷуҳ кардааст. Бар асоси иттилои Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон беш аз 600 кони дорои тақрибан 50 навъи маъдан ба қайд гирифта шудааст.

Британияи Кабир мехоҳад манбаъҳои таъмини маъданҳои стратегиро гуногун карда, вобастагии худро аз Чин коҳиш диҳад. Тибқи маълумоти ҳукумати Британия, Чин тақрибан 70 дарсади истихроҷ ва 90 дарсади коркарди ҷаҳонии унсурҳои нодири заминиро дар ихтиёр дорад.

Ҳамкории ду кишвар дар ин соҳа аз соли 2025 фаъолтар шудааст. Он замон ширкати бритониёии “Vast Resources” бо Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ёддошти тафоҳумро барои омӯзиши имконоти ҷустуҷӯи конҳои металлҳои стратегӣ имзо карда буд.

Британияи Кабир ҳамзамон бо Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон низ дар самти истихроҷ ва коркарди маъданҳои муҳим ҳамкорӣ дорад.

Тоҷикистон метавонад ба яке аз манбаъҳои нави таъмини ашёи хоми стратегии Британия табдил ёбад, аммо то ҳол дар бораи ҳаҷми сармоягузориҳои мушаххас дар ин самт иттилоъ дода нашудааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

11.11.2026 17:46

Британияи Кабир ба захираҳои сурма, нуқра, тилло ва сурби Тоҷикистон “чашм дӯхтааст”

Британияи Кабир имконияти сармоягузорӣ дар истихроҷу коркарди маъданҳои стратегӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ мекунад. Ин кишвар дар пайи пайдо намудани манбаъҳои нави ашёи хом ва коҳиш додани вобастагиаш аз Чин мебошад.
11.11.2026 15:17

Футболбози 18-солаи тоҷик ба бошгоҳи Арабистони Саудӣ пайваст

Футболбози ҷавони тоҷик Абдулло Иброҳимзода фаъолияти худро дар Арабистони Саудӣ идома медиҳад. Ӯ бо клуби “Ал-Қодисия” шартнома баста, дар марҳилаи аввал дар ҳайати дастаи ҷавонони то 19-сола бозӣ хоҳад кард.
11.11.2026 15:10

Сироҷиддин Муҳриддин: “Ҷомеаи ҷаҳонӣ набояд таваҷҷуҳ ба масъалаи Афғонистонро кам кунад”

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як нишасти байналмилалӣ дар шаҳри Маскав аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост, ки таваҷҷуҳ ба вазъи Афғонистонро коҳиш надиҳанд. Ӯ гуфт, субот дар ин кишвар на фақат ба амнияти Осиёи Марказӣ, балки барои рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ, нақлиётӣ ва энергетикӣ дар минтақа низ аҳамияти муҳим дорад.
11.11.2026 15:03

Дар даври ниҳоии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 562 довталаб иштирок менамоянд

11-уми ноябр дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи ҷумҳуриявии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Дилрабо Мансурӣ ҷаласаи ситоди даври чоруми озмун баргузор гардид.
11.11.2026 14:01

Ба чанд қонун, аз ҷумла «Дар бораи сиёсати аграрӣ» тағйироту иловаҳо ворид гардид

Имрӯз, 11-уми ноябр таҳти раёсати раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид.
11.11.2026 11:39

“Ҳамлаҳои Украина интернетро халалдор кард”. Тоҷикистон ба Чин роҳ мекушояд. Қудратҳо барои ояндаи рақамӣ дар Осиёи Марказӣ рақобат мекунанд

Ҳамлаҳои паҳподӣ ба марказҳои коркарди маълумоти Русия дар моҳи октябр фаъолияти бархе аз хизматрасониҳои рақамиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ халалдор карданд. Дар ҳамин замина, Тоҷикистон хатти нави нахи оптикиро аз тариқи Помир ба Чин ба кор андохт. Ин тарҳ на танҳо имкони пайвасти мустақим ба шабакаҳои интернетии Осиёро фароҳам меорад, балки метавонад мавқеи кишварро дар рақобати геополитикӣ барои назорат ва рушди инфрасохтори рақамии минтақа тағйир диҳад.
11.11.2026 11:15

Котиби Шурои амнияти Эрон: “Посухи Амрико фиребкорона аст. Бо Вашингтон музокира надорем

Муҳсин Ризоӣ, китоби Шурои олии амнияти миллии Эрон гуфт, ки посухи Иёлоти Муттаҳида ба ҳафт шарти пешниҳоднамудаи Теҳрон қонеъкунанда нест. Ӯ гуфт, то замони иҷрои талабҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз нахоҳад шуд ва ҳоло миёни ду кишвар ҳеч гуна гуфтугӯ идома надорад.
11.11.2026 11:01

Путин: “Мавзуи иқтисод ва амният дар меҳвари нишасти СААД қарор мегирад”

Владимир Путин, раисҷумҳури Федератсияи Русия гуфт, ки нишасти навбатии Созмони аҳдномаи амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) на фақат ба масъалаҳои амниятӣ, балки ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва башардӯстонаи кишварҳои узв низ бахшида мешавад.
11.11.2026 10:54

Дар Москва ҷанбаҳои муҳимми амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ гардид

10-уми ноябр дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти муштараки Шурои вазирони корҳои хориҷӣ, Шурои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони Шурои амнияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) иштирок кард.