СПАД интиқоли силоҳ ба Тоҷикистон ва мубориза бо таҳдидҳои амниятӣ аз Афғонистонро баррасӣ кард Қарори СПАД: ирсоли силоҳ, техникаи ҳарбӣ ба Душанбе ва мубориза бо маводи мухаддир, таҳдидҳои амният аз сӯи Афғонистон Кишварҳои узви Созмони
Фавзия Кӯфӣ: “Ин бор Толибонро занони Афғонистон шикаст медиҳанд”
Эрон: ҷанг агар оғоз шавад, ба пойгоҳҳои Амрико дар Осиёи Ғарбӣ ва Аврупо ҳамла хоҳем кард
Қазоқистон 70 фоизи саҳмияҳои ду кони бузурги волфрамро ба ширкатҳои писарони Трамп медиҳад
Эрдуғон мегӯяд ҳаққи вето дар Шурои амнияти СММ лағв шавад
Президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон бо нашри як мақола дар хабаргузории “Блумберг” хостори лағви ҳаққи вето дар Шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳид шудааст. Ӯ гуфтааст, низоми кунунии Шурои амният ба воқеиятҳои ҷаҳони муосир мувофиқат намекунад.
Раҷаб Тайиб Эрдуғон гуфтааст, бекор шудани ҳаққи вето бояд дар маркази ислоҳоти Шурои амният қарор гирад. Ӯ афзудааст, буҳронҳои солҳои ахир, аз ҷумла пандемия, буҳронҳои энергетикӣ, халалдор шудани занҷираи таъминот ва низоъҳои минтақавӣ нишон доданд, ки вогузор намудани масъулияти ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ ба шумори маҳдуди пойтахтҳо дигар ба шароити имрӯз мувофиқ нест.
Президенти Туркия гуфт, сохтори кунунии Шурои амният ҳанӯз ҳам муносибатҳои байналмилалии баъди Ҷанги дуюми ҷаҳонро инъикос мекунад. Ба гуфтаи ӯ, фақат зиёд намудани шумори аъзои доимии Шуро мушкили тамаркузи қудратро ҳал намекунад ва метавонад имтиёзҳои низоми мавҷудро бештар намояд.
Ҳамчунин, Раҷаб Тайиб Эрдуғон пешниҳод намуд, ки мақоми узвияти доимӣ дар Шурои амният барҳам дода шавад. Ба гуфтаи ӯ, ҳамаи аъзои Шуро бояд аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ барои муҳлатҳои муайян интихоб шаванд. Ӯ гуфт, кишварҳое, ки мехоҳанд дубора узи Шурои амният шаванд, бояд ба воситаи интихобот ва бо дастгирии аксарияти кишваҳои узви Созмони Милали Муттаҳид ба ин мақом даст ёбанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Як созмони хориҷӣ амнияти ҳавонавардии Тоҷикистонро месанҷад
Сафири Тоҷикистон бо волии Ал-Ҷаҳрои Кувайт имкониятҳои нави ҳамкориро баррасӣ кард
Аз Душанбе то Амрико. Имкони роҳандозии парвозҳои мустақим миёни Тоҷикистон ва Амрико баррасӣ мешавад
Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ барои мубориза бо коррупсия санади ҳамкорӣ имзо карданд