12 Ноябр 2026,
панҷшанбе, 11:18, Душанбе
03.02.2026 13:56

Соли гузашта 72 ҳазору 695 нафар бо ҷойи кор таъмин гардиданд

Тибқи иттилои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2025 ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 154 ҳазору 822 нафар муроҷиат намуданд, ки аз ин шумора 120 ҳазору 391 нафар ҳамчун корҷӯ ба қайд гирифта шудаанд.

Манбаъ меафзояд, ки ба 67 ҳазору 853 нафар мақоми бекорӣ дода шуда, аа ҳолати 1-уми декабри соли 2025 теъдоди бекорони дар қайдбуда 58,6 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Бинобар иттилои вазорат, дар натиҷаи татбиқи чорабиниҳои Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ барои солҳои 2023-2027 давоми соли гузашта 72 ҳазору 695 нафар бо ҷойи кор таъмин гардиданд, ки ин нишондиҳанда 102,4 фоизи дурнамои солонаи барномаро ташкил дод.

“Аз ҷумла, 8759 нафар шаҳрванди ба ҳимояи махсуси иҷтимоӣ ниёздошта тавассути ҷойҳои кории бандшуда (квота) бо кор таъмин гардиданд, ки ин нишондод 99,5 фоизи нақшаи солонаи барномаро ташкил медиҳад ва нисбат ба соли 2024-ум 1,6 фоиз зиёд мебошад”, - омадааст дар варақаи иттилоотии Вазорати меҳнат.

Гуфта мешавад, ки дар давраи ҳисоботӣ тавассути мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 929 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод гузаронида шуда, дар ин ярмаркаҳо 10 ҳазору 58 корхонаю ташкилот иштирок намуданд. Дар натиҷаи чорабинии мазкур 11 ҳазору 336 нафар бо ҷойи кор таъмин гардиданд, ки ба ҳар як ярмарка 12,1 нафар рост меояд.

Dialog.tj

 

Хатти хабарҳо

12.11.2026 10:45

Фавзия Кӯфӣ: “Ин бор Толибонро занони Афғонистон шикаст медиҳанд”

Фавзия Кӯфӣ, намояндаи пешини Маҷлиси намояндагони Афғонистон аз ҷомеаи байналмилалӣ даъват кардааст, ки барои ҳимоят аз ҳуқуқи занони афғонистонӣ ба иқдомҳои амалӣ рӯ оварда, фақат бо изҳороту изҳори ҳамдардӣ иктифо накунанд.
12.11.2026 10:33

Эрон: ҷанг агар оғоз шавад, ба пойгоҳҳои Амрико дар Осиёи Ғарбӣ ва Аврупо ҳамла хоҳем кард

Муҳсин Ризоӣ, Дабири кулли Шурои олии амнияти миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар паёми ҳушдоромез гуфт, агар Амрико ҳамла кунад, Эрон ба пойгоҳҳои ин кишвар дар Ғарби Осиё ва Аврупо ҳамла хоҳад кард.
12.11.2026 10:27

Қазоқистон 70 фоизи саҳмияҳои ду кони бузурги волфрамро ба ширкатҳои писарони Трамп медиҳад

Қазоқистон 70 дарсади саҳмияҳои лоиҳаи истихроҷи волфрамро дар ду кони бузурги худ ба як ширкати амрикоӣ вогузор кардааст. Арзиши умумии ин тарҳ тақрибан 1,1 миллиард доллар арзёбӣ мешавад. Ширкати мазкур бо фаъолияти тиҷоратии писарони президенти ИМА Доналд Трамп – Доналд Трамп Ҷуниор ва Эрик Трамп иртибот дорад.
12.11.2026 10:20

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон барои бартараф кардани монеаҳои нақлиётӣ ба созиш расиданд

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои зиёд намудани ҳаҷми ҳамлу нақли бор, сода намудани расмиёти гумрукӣ, транзитӣ ва бартараф кардани мушкилоти логистикӣ ба созиш расидаанд.
12.11.2026 09:33

“Рӯзи илмии Сино” дар донишгоҳи Бутто. Сафири Тоҷикистон ва Эрон аз ҷойгоҳи ҷаҳонии Сино гуфтанд

Дар Ҷумҳурии Исломии Покистон бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин кишвар ва ҳамкории Донишгоҳи тиббии Шаҳид Зулфиқор Алӣ Бутто рӯзи 10-уми ноябр таҳти унвони “Рӯзи илмии Абуалӣ ибни Сино” ҳамоиши илмӣ баргузор гардид. Ҳадафи ин ҳамоиш омӯзиш ва гиромидошти меросими илмии Абуалӣ ибни Сино мебошад.
12.11.2026 08:00

Иштирок ва суханронии Президенти мамлакат дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД

11-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
11.11.2026 17:46

Британияи Кабир ба захираҳои сурма, нуқра, тилло ва сурби Тоҷикистон “чашм дӯхтааст”

Британияи Кабир имконияти сармоягузорӣ дар истихроҷу коркарди маъданҳои стратегӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ мекунад. Ин кишвар дар пайи пайдо намудани манбаъҳои нави ашёи хом ва коҳиш додани вобастагиаш аз Чин мебошад.
11.11.2026 15:17

Футболбози 18-солаи тоҷик ба бошгоҳи Арабистони Саудӣ пайваст

Футболбози ҷавони тоҷик Абдулло Иброҳимзода фаъолияти худро дар Арабистони Саудӣ идома медиҳад. Ӯ бо клуби “Ал-Қодисия” шартнома баста, дар марҳилаи аввал дар ҳайати дастаи ҷавонони то 19-сола бозӣ хоҳад кард.