21.11.2024 11:10
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 19-уми ноябр дар Фестивали асал, картошка ва анор, ки дар вилояти Суғд баргузор гардид, иштирок намуданд.
21.11.2024 10:00
Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Султон Раҳимзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо президенти Ҷумҳурии Сингапур Тарман Шанмугаратнам мулоқот намуда, масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба Тоҷикистонро баррасӣ намуданд. Дар ин бора Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.
21.11.2024 09:21
Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон зимни суханронӣ дар Маҷлиси Олии Ӯзбекистон пешниҳод намуд, ки барои рафтуомади осони шаҳрвандон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон низоми сафар бо корти ID (шиносномаи дохилӣ) ба роҳ монда шавад.
20.11.2024 17:51
Вазорати корҳои хориҷаи Чин бо нашри эъломия ҳамлаи мусаллаҳона ба шаҳрвандонаш дар сарҳади Тоҷикистонро, ки як нафар кушта шуд, маҳкум намуда, аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хост, дар ин хусус таҳқиқи мунсифона анҷом диҳад.
20.11.2024 17:42
Фариддун Насриев, сафири Ӯзбекистон дар Эрон гуфт, ки кишвараш бо Афғонистон беш аз як миллиард доллар тиҷорат дорад ва ин рақам дар тиҷорат бо кишвари Эрон метавонад ба панҷ миллиард доллар расад. Сафири Ӯзбекистон ин нуктаро дар мулоқот бо раиси вилояти Хуросони Разавии Эрон Ғуломҳусайн Музаффарӣ баён кард.
20.11.2024 17:32
Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон бо як гурӯҳ масъулини корхонаҳои истеҳсолии Ҷумҳурии Исломии Эрон мулоқот намуда, доир ба масъалаҳои рушди соҳаи саноат, густариши ҳамкориҳои чандҷониба бо ширкатҳои хориҷӣ ва содироти маҳсулоти кишварзӣ табодули афкор намуд.
20.11.2024 17:22
Хабаргузории “Франс-пресс” хабар додааст, ки гурӯҳи террористии Толибон садҳо номгӯй китобро ба хотири доштани “муҳтавои ғайрисломӣ” аз бозор ва китобхонаҳои Афғонистон ҷамъоварӣ кардаанд.
20.11.2024 17:12
ВАО –и Покистон хабар медиҳад, ки дар натиҷаи ҳамлаи як террорист ба неруҳои мусаллаҳи Покистон 10 нафар низомӣ ҷони худро аз даст додаанд.