Путин: “Мавзуи иқтисод ва амният дар меҳвари нишасти СААД қарор мегирад”
Ироқчӣ ба Трамп: Ҷанг ва таҳримҳо моро ба созиш водор намекунанд
Раёсати созмони СААД ба Тоҷикистон мегузард. Президентҳои аъзои СААД дар Маскав чиро баррасӣ мекунанд?
Намояндаи Путин бо Толибон дар бораи ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва мубориза бо маводи мухаддир гуфтугӯ кард
Путин: “Мавзуи иқтисод ва амният дар меҳвари нишасти СААД қарор мегирад”
Владимир Путин, раисҷумҳури Федератсияи Русия гуфт, ки нишасти навбатии Созмони аҳдномаи амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) на фақат ба масъалаҳои амниятӣ, балки ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва башардӯстонаи кишварҳои узв низ бахшида мешавад.
Владимир Путин ин нуктаро рӯзи 10-уми ноябр дар ҷараёни мулоқот бо Александр Лукашенко, раисҷумҳури Беларусия дар қароргоҳи Ново-Огарёво баён кардааст.
Раиси ҷумҳури Федератсияи Русия гуфт, ки сарони кишварҳои узв дар нишасти рӯзи 11-уми ноябр доираи васеи масъалаҳои равобити муштаракро баррасӣ хоҳанд кард.
“Фардо рӯзи пурраи корӣ дорем. Бо ҳамкорон дар доираи нишасти навбатии СААД суҳбат мекунем. Мисли ҳамеша, тамоми ҷанбаҳои муносибатҳои худро, аз ҷумла иқтисодиёт ва дигар масъалаҳои башардӯстонаро баррасӣ хоҳем кард”, - таъкид кард Путин.
Ӯ афзуд, ки амният низ яке аз мавзуъҳои асосии нишаст хоҳад буд ва ин масъала дар маънои васеи он баррасӣ мешавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Котиби Шурои амнияти Эрон: “Посухи Амрико фиребкорона аст. Бо Вашингтон музокира надорем
Путин: “Мавзуи иқтисод ва амният дар меҳвари нишасти СААД қарор мегирад”
Дар Москва ҷанбаҳои муҳимми амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ гардид
Вазири молияи Амрико аз тарси таҳдиди Эрон ба пойгоҳи низомӣ паноҳ гирифт