Путин: “Мавзуи иқтисод ва амният дар меҳвари нишасти СААД қарор мегирад”
Ироқчӣ ба Трамп: Ҷанг ва таҳримҳо моро ба созиш водор намекунанд
Раёсати созмони СААД ба Тоҷикистон мегузард. Президентҳои аъзои СААД дар Маскав чиро баррасӣ мекунанд?
Намояндаи Путин бо Толибон дар бораи ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва мубориза бо маводи мухаддир гуфтугӯ кард
Котиби Шурои амнияти Эрон: “Посухи Амрико фиребкорона аст. Бо Вашингтон музокира надорем
Муҳсин Ризоӣ, китоби Шурои олии амнияти миллии Эрон гуфт, ки посухи Иёлоти Муттаҳида ба ҳафт шарти пешниҳоднамудаи Теҳрон қонеъкунанда нест. Ӯ гуфт, то замони иҷрои талабҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз нахоҳад шуд ва ҳоло миёни ду кишвар ҳеч гуна гуфтугӯ идома надорад.
Муҳсин Ризоӣ дар суҳбат бо шабакаи телевизионии “Ал-Миёдин” посухи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба хостаҳои Эронро фиребкорона хонд.
Ба гуфтаи ӯ, Теҳрон аз ҷониби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико хоста буд ба шартҳои пешниҳодшуда посухи дақиқ ва возеҳ диҳад, вале то кунун посух дарёфт накардааст. Ӯ гуфт эҳтимолан Вашингтон дар оянда мавқеи худ дар ин масъаларо рӯшан кунад.
Ин мақоми эронӣ гуфт, Эрон ҳафт шартро ба ҷониби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико пешниҳод кард, интизори посухи он аст ва посухи нахустини Вашингтонро кофӣ намедонад.
Муҳсин Ризоӣ хабарҳо дар хусуси идомаи музокироти Эрон ва Амрико ва эҳтимоли баргузории нишаст дар Қатарро рад намуда, гуфт, ки он дурӯғ ва туҳмат аст. Ҳадаф аз нашри чунин хабарҳо дар хусуси идомаи гуфтугӯҳо коҳиш додани фишорҳои иқтисодӣ ва поин овардани нархи нафт мебошад.
Котиби Шурои олии амнияти миллии Эрон, инчунин, гузоришҳо дар бораи омодагӣ ба мулоқоти ӯ бо Ҷей Ди Вэнс, муовини президенти ИМА-ро нодуруст ва беасос хондааст.
Муҳсин Ризоӣ бори дигар таъкид кардааст, ки ҳафт шарти пешниҳодкардаи Теҳрон, ба гуфтаи ӯ, ҳуқуқи мардуми Эронро ифода мекунанд ва то замони иҷрои онҳо тангаи Ҳурмуз боз нахоҳад шуд.
“Дар ҳоли ҳозир бо амрикоиҳо ҳеч гуна музокирот анҷом намедиҳем ва миёни мо ва Вашингтон ягон гуфтугӯ вуҷуд надорад”, - таъкид кард Муҳсин Ризоӣ.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Котиби Шурои амнияти Эрон: “Посухи Амрико фиребкорона аст. Бо Вашингтон музокира надорем
Путин: “Мавзуи иқтисод ва амният дар меҳвари нишасти СААД қарор мегирад”
Дар Москва ҷанбаҳои муҳимми амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ гардид
Вазири молияи Амрико аз тарси таҳдиди Эрон ба пойгоҳи низомӣ паноҳ гирифт