Путин: “Мавзуи иқтисод ва амният дар меҳвари нишасти СААД қарор мегирад”
Ироқчӣ ба Трамп: Ҷанг ва таҳримҳо моро ба созиш водор намекунанд
Раёсати созмони СААД ба Тоҷикистон мегузард. Президентҳои аъзои СААД дар Маскав чиро баррасӣ мекунанд?
Намояндаи Путин бо Толибон дар бораи ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва мубориза бо маводи мухаддир гуфтугӯ кард
Ироқчӣ ба Трамп: Ҷанг ва таҳримҳо моро ба созиш водор намекунанд
Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо ҳамлаҳои низомиву фишорҳои иқтисодӣ наметавонад Теҳронро ба қабули шартҳои Вашингтон водор кунад. Ӯ аз ҳукумати Доналд Трамп хост, ки барои ҳалли низоъ ба ҷои таҳдид аз роҳи дипломатия истифода кунад.
Аббос Ироқчӣ гуфт, идомаи амалиёти низомӣ ва афзоиши таҳримҳои иқтисодӣ наметавонанд ба ҷанги миёни Эрону Иёлоти Муттаҳидаи Амрико хотима диҳад. Ӯ гуфт, роҳи ҳалли низоъ фақат ба воситаи дипломатия ва эҳтиром ба хостаҳои Эрон имконпазир хоҳад буд.
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар суҳбат бо хабаргузории “ИРНА” гуфт, ки пешниҳодҳои Эрон дар тарҳи дурӯзаи ин кишвар ҳанӯз дар ҳоли баррасӣ аст. Ӯ аз Вашингтон даъват кард, ки ба шартҳои пешниҳодкардаи Эрон таваҷҷуҳ намояд.
“Дере нагузашта Трамп дарк хоҳад кард, ки дар масъалаи таҳримҳо ва фишорҳои иқтисодӣ низ роҳи нодурустро интихоб кардааст. Ҷанг бо Эрон на бо роҳи низомӣ ва на тавассути афзоиши таҳримҳо анҷом нахоҳад ёфт. Ягона роҳи ҳалли масъала истифода аз забони эҳтиром, пеш гирифтани дипломатия ва иҷрои талаботу шартҳои Эрон аст, ки дар тарҳи дурӯза баён шудаанд ва ҳанӯз ҳам рӯи миз қарор доранд”, - гуфтааст вазири корҳои хориҷии Эрон.
Ӯ, ҳамчунин, таъкид кардааст, ки президенти ИМА Доналд Трамп бояд хеле пештар дарк мекард, ки Вашингтон дар ҷанг бо Эрон ба ҳадафҳои эълонкардаи худ нарасидааст ва ба гуфтаи ӯ, дар оянда низ ба онҳо нахоҳад расид.
Аббос Ироқчӣ дар идомаи суҳбат ба натиҷаҳои интихоботи миёндаврии ИМА ишора карда, гуфтааст, ки ҷомеаи Амрико аз идомаи ҷанг бо Эрон ҷонибдорӣ намекунад. Ба назари ӯ, шаҳрвандони Амрико намехоҳанд кишварашон пайваста барои ҳимоят аз Исроил вориди даргириҳои низомӣ шавад.
“Зарур набуд, президенти ИМА аз мардумаш бишнавад, ки онҳо мухолифи ҷанг бо Эрон ҳастанд ва намехоҳанд кишварашон ҳамеша барои ҳимоят аз режими саҳюнистӣ ба ҷанг кашида шавад. Ӯ мебоист хеле пештар дарк мекард, ки дар ҷанг бо Эрон ба ҳеч яке аз ҳадафҳои худ нарасидааст ва нахоҳад расид”, - гуфт Аббос Ироқчӣ.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Котиби Шурои амнияти Эрон: “Посухи Амрико фиребкорона аст. Бо Вашингтон музокира надорем
Путин: “Мавзуи иқтисод ва амният дар меҳвари нишасти СААД қарор мегирад”
Дар Москва ҷанбаҳои муҳимми амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ гардид
Вазири молияи Амрико аз тарси таҳдиди Эрон ба пойгоҳи низомӣ паноҳ гирифт