10 Ноябр 2026,
сешанбе, 19:54, Душанбе
10.11.2026 18:10

Намояндаи Путин бо Толибон дар бораи ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва мубориза бо маводи мухаддир гуфтугӯ кард

Замир Кобулов, намояндаи вижаи президенти Федератсияи Русия Владимир Путин рӯзи 10-юми ноябр дар Кобул бо Вазири корҳои хориҷии гурӯҳи террористии Толибон Амирхон Муттақӣ мулоқот намуда, дар баробари масъалаҳои сиёсиву иқтисодӣ, вазъияти мубориза бо маводи мухаддирро баррасӣ намуд.

Дар ин бора хабаргузории “Пажвок”-и Афғонистон гузориш дода, навишт, ки ҳамчунин, ду ҷониб масъалаи густариши робитаҳои тиҷоратӣ ва рушди ҳамкориҳои иқтисодии Маскав ва Кобулро баррасӣ карданд.

Тибқи иттилоъ, Амирхон Муттақӣ дар ин мулоқот хостори рушди равобит бо Русия шуда, таъкид кардааст, ки ҳар ду кишвар аз имкониятҳои иқтисодиву тиҷоратии якдигар истифода кунанд. Амирхон Муттақӣ иддао кардааст, ки ҳукумати Толибон барои ҷилавгирӣ аз кишт, истеҳсол ва интиқоли маводи мухаддир талошҳои пайваста анҷом медиҳанд. Ӯ гуфта, ин иқдомҳо на фақат барои Афғонистон, балки барои амнияти тамоми минтақа аҳамият доранд.

Замир Кобулов аз иқдомҳои Толибон  дар ҷиҳати мубориза бо маводи мухаддир ситоиш карда, гуфтааст, ки  баъзе созмонҳои байналмилалӣ дар гузориши худ вазъияти воқеии Афғонистонро дуруст инъикос намекунанд.

Хушбинии Замир Кобулов ва Амирхон Муттақӣ дар бораи мубориза бо маводи мухаддир дар Афғонистон дар ҳолест, ки гузориши СММ дар бораи истеҳсоли афюн дар ин кишвар чизи дигар аст.

Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар гузориши ахири худ хабар дода буд, ки ҳаҷми истеҳсоли афюн дар Афғонистон дар соли 2026 нисбат ба соли гузашта тақрибан панҷ баробар афзоиш ёфтааст.

Бар асоси ин гузориш, истеҳсоли афюн аз тақрибан 300 тонна дар соли 2025 ба наздики 1 ҳазору 500 тонна дар соли 2026 расидааст. Афзоиши майдони кишти кӯкнор ва беҳтар шудани ҳосил аз сабаби боришоти бештар аз омилҳои асосии ин раванд арзёбӣ шудаанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

10.11.2026 18:22

Раёсати созмони СААД ба Тоҷикистон мегузард. Президентҳои аъзои СААД дар Маскав чиро баррасӣ мекунанд?

Сарони кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти Дастаҷамъӣ имрӯз, 10-юми ноябр бо сафари расмӣ барои ширкат дар нишасти ин созмон ба шаҳри Маскав сафар карданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарони дигари кишварҳои узви ин созмон аллакай озими Русия шуданд.
10.11.2026 18:10

Намояндаи Путин бо Толибон дар бораи ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва мубориза бо маводи мухаддир гуфтугӯ кард

Замир Кобулов, намояндаи вижаи президенти Федератсияи Русия Владимир Путин рӯзи 10-юми ноябр дар Кобул бо Вазири корҳои хориҷии гурӯҳи террористии Толибон Амирхон Муттақӣ мулоқот намуда, дар баробари масъалаҳои сиёсиву иқтисодӣ, вазъияти мубориза бо маводи мухаддирро баррасӣ намуд.
10.11.2026 15:53

Сафари кории Президенти кишвар ба Федератсияи Русия

Имрӯз, 10-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба шаҳри Москваи Федератсияи Русия сафар карданд.
10.11.2026 14:07

Иддаои ҷангталабонаи Трамп: “Миқёси ҳамлаи дубора ба Эрон панҷ баробар бузургтар хоҳад буд”

Доналд Трамп, раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳушдор дод, ки миқёси ҳамлаи нави низомӣ ба Эрон метавонад аз амалиёти қаблӣ панҷ баробар бештар бошад.
10.11.2026 14:03

Дар Пактиёи Афғонистон коргарони тоҷиктабори Ҳилоли Аҳмарро аз кор барканор кардаанд

Дар вилояти Пактиёи Афғонистон аз кор барканор намудани чанд коргари тоҷиктабори Ҳилоли Аҳмар ва ба ҷойи онҳо таъйин намудани афроди наздик ба роҳбари ин ниҳод боиси нигаронӣ шудааст. Сарчашмаҳои маҳаллӣ ин иқдомро нишонаи хусумати қавмӣ ва хешутаборбозӣ дар сохтори як созмони башардӯстона медонанд.
10.11.2026 13:58

Аврупо мегӯяд музокира бо Толибон бузургтарин арзишҳои Аврупоро зери по мекунад

Намояндаи парлумони Аврупо дар Фаронса гуфт, ки музокироти кишварҳои аврупоӣ бо гурӯҳи террористии Толибон дар хусуси бозгардондани паноҳҷӯёни афғон боиси зери по шудани мавқеи Аврупо дар масъалаи ҳуқуқи инсон ва расман эътироф накардани ҳукумати Толибон шавад.
10.11.2026 11:55

Пешвои миллат: "Фаъолият дар мақомоти корҳои дохилӣ рамзи садоқат ба давлату миллат, эҳтиром ба қонун, ҳимояи сулҳу субот ва қонунияту тартибот мебошад"

Имрӯз, 10-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок ва суханронӣ намуданд.
10.11.2026 11:54

Литсеи Дурахшандагони Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид

Имрӯз, 10-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт бинои муассисаи давлатии таълимии литсеи Дурахшандагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд.
10.11.2026 10:06

Қазоқистон содироти гандум ба Тоҷикистонро зиёд мекунад

Ҷумҳурии Тоҷикистон мехоҳад ҳаҷми воридоти гандум аз Қазоқистонро зиёд кунад. Мақомоти ду кишвар барои воридоти гандум ва густариши ҳамкориҳо дар соҳаи кишоварзӣ бо ҳам гуфтугӯ намудаанд. Ин раванд дар ҳоле баррасӣ мешавад, ки Қазоқистон аз ҳоло яке аз таъминкунандагони асосии бозори Тоҷикистон бо ғалладона ба шумор меравад.
10.11.2026 09:57

“Суперчемпион”-ҳо аз Тоҷикистон. Дастоварди назарраси хонандагони тоҷик аз Олимпиадаи ҷаҳонӣ

Тибқи иттилои маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шаҳри Остонаи Қазоқистон Олимпиадаи ҷаҳонӣ оид ба арифметикаи зеҳнӣ бо иштироки намояндагони 10 кишвари ҷаҳон баргузор гардид.