10 Ноябр 2026,
сешанбе, 19:54, Душанбе
10.11.2026 18:22

Раёсати созмони СААД ба Тоҷикистон мегузард. Президентҳои аъзои СААД дар Маскав чиро баррасӣ мекунанд?

Сарони кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти Дастаҷамъӣ имрӯз, 10-юми ноябр бо сафари расмӣ барои ширкат дар нишасти ин созмон ба шаҳри Маскав сафар карданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарони дигари кишварҳои узви ин созмон аллакай озими Русия шуданд.

Сарони кишварҳои узви СААД  рӯзи 11-уми ноябр дар шаҳри Маскав гирди ҳам омада, масъалаҳои мубориза бо терроризм, таҳдидҳои фаромарзӣ, ҳамкориҳои низомиву амниятӣ ва баррасии вазъияти Афғонистонро муҳокима мекунанд.

Мулоқоти сарони кишварҳои узви СААД дар ҳоле баргузор мешавад, ки Тоҷикистон барои ба даст гирифтани раёсати созмон дар соли 2027 омодагӣ мебинад ва масъалаҳои амнияти минтақавӣ, мубориза бо терроризм ва ояндаи ҳамкориҳои низомии кишварҳои узв дубора ба рӯзномаи сиёсӣ бармегарданд.

Президенти Русия Владимир Путин рӯзи 11-уми ноябр дар Маскав нишасти Шурои амнияти дастаҷамъии СААД-ро раисӣ мекунад. Интизор меравад, ки роҳбарони кишварҳои узв дар бораи вазъи амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ, роҳҳои тақвияти ҳамкориҳои низомию сиёсӣ ва самтҳои минбаъдаи фаъолияти созмон низ табодули назар кунанд.

Бино ба иттилои агентии иттилоотии “Интерфакс” аз 9-юми ноябр, дар нишаст имзои як қатор санадҳои муштарак, аз ҷумла Эъломияи ниҳоӣ ва Стратегияи зиддитеррористии СААД то соли 2030 пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин, масъалаи гузаштани раёсати созмон аз Русия ба Тоҷикистон аз 1-уми январи соли 2027 баррасӣ мешавад.

Ин қарор барои Душанбе аҳамияти махсус дорад. Тоҷикистон дар ҳоле масъулияти роҳбарии созмонро ба зимма мегирад, ки вазъи амниятӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамоно аз омилҳои мухталиф, аз ҷумла таҳаввулоти Афғонистон, таҳдидҳои террористӣ ва қочоқи маводи мухаддир таъсирпазир аст.

Омодагӣ ба нишаст ва ҳузури роҳбарони кишварҳо

Расонаҳои Русия чанд рӯз боз дар бораи омодагӣ ба ин мулоқот гузориш медиҳанд. Рӯзномаи “Коммерсант” рӯзи 9-юми ноябр навишт, ки нишаст таҳти раёсати Владимир Путин баргузор шуда, масъалаҳои такмили низоми амнияти дастаҷамъӣ ва мушкилоти мубрами байналмилалӣ дар меҳвари он қарор мегиранд.

Рӯзи 10-юми ноябр агентии “Интерфакс” хабар дод, ки президенти Беларус Александр Лукашенко барои иштирок дар нишасти СААД ба Маскав рафтааст. Ба иттилои ин агентӣ, ӯ, ҳамчунин, бо Владимир Путин мулоқоти дуҷониба анҷом медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, расонаҳои Қазоқистон хабар додаанд, ки президенти ин кишвар Қосим-Жомарт Тоқаев низ рӯзи 11-уми ноябр ба Маскав сафар мекунад. Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов бошад, рӯзҳои 10 ва 11-уми ноябр дар Русия сафари корӣ анҷом дода, дар нишасти созмон иштирок хоҳад кард.

Яке аз масъалаҳои асосӣ дар нишасти сарони кишварҳои узви СААД тақвияти марзи Тоҷикистону Афғонистон хоҳад буд. Зеро таҳдидҳои амниятӣ аз марзи Афғонистон яке аз нигарониҳои асосии ин созмон аст. Ин созмони низомӣ, ки ба манзури тақвияти амнияти кишварҳои узв фаъолият мекунад, барномаҳои муштараки низомӣ ва зиддитеррористиро барои тақвияти амнияти кишварҳои узв амалӣ мекунад.

Тоҷикистон ва масъулияти нави амниятӣ

Барои Тоҷикистон нишасти Маскав танҳо як мулоқоти навбатии сарони давлатҳо нест. Ин кишвар аз соли оянда раёсати созмонеро ба уҳда мегирад, ки яке аз самтҳои асосии фаъолияти он ҳамоҳангсозии сиёсати амниятии давлатҳои узв мебошад.

Тоҷикистон бо Афғонистон марзи тӯлонӣ дорад ва масъалаҳои марбут ба суботи ин кишвар дар сиёсати амниятии Душанбе ҷойгоҳи муҳим доранд. Вазъи минтақаҳои наздимарзӣ, фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва таҳдидҳои фаромиллӣ аз масъалаҳое мебошанд, ки ҳамкории кишварҳои минтақаро талаб мекунанд.

Аз ин рӯ, раёсати Тоҷикистон метавонад барои пешбурди ташаббусҳои марбут ба ҳифзи сарҳадҳо, табодули иттилооти амниятӣ ва тақвияти ҳамоҳангии ниҳодҳои низомию амниятӣ замина фароҳам оварад.

Масъалаи дигаре, ки барои Душанбе муҳим аст, муайян кардани самтҳои амалии фаъолияти созмон дар давраи раёсати он мебошад. Қабули санадҳо худ аз худ маънои ҳалли мушкилоти амниятиро надорад. Самаранокии онҳо аз иҷрои уҳдадориҳои муштарак, омодагии кишварҳо ба ҳамкорӣ ва натиҷаҳои воқеии тадбирҳои қабулшуда вобаста хоҳад буд.

Мавқеи Арманистон ва саволҳо дар бораи ояндаи созмон

Нишасти Маскав дар ҳоле баргузор мешавад, ки муносибати Арманистон бо СААД ҳамоно яке аз масъалаҳои ҳассоси дохили созмон боқӣ мондааст.

Ҳукумати Арманистон аз соли 2024 иштироки худро дар фаъолияти СААД амалан боздошта, аз ширкат дар як қатор чорабиниҳои созмон худдорӣ мекунад. Мақомоти Русия ва намояндагони созмон дар моҳҳои охир борҳо ин мавзуъро матраҳ кардаанд.

Тибқи гузориши “РБК” аз 9-юми ноябр, дабири кулли СААД Таалатбек Масадиков қаблан гуфта буд, ки масъалаи татбиқи моддаи 25-и Оинномаи созмон нисбат ба Арманистон метавонад мавриди баррасӣ қарор гирад.

Ин модда дар ҳолатҳои муайян маҳдуд кардани баъзе ҳуқуқҳои давлатеро, ки уҳдадориҳои молиявии худро иҷро намекунад, пешбинӣ мекунад. Аз ҷумла, сухан дар бораи пардохт накардани ҳаққи узвият меравад.

Мавқеи Арманистон барои ояндаи созмон низ аҳамият дорад, зеро масъалаи иштироки пурраи ҳамаи давлатҳои узв ба ҳамоҳангии қарорҳои сиёсӣ ва амниятӣ таъсир мерасонад.

Аз Маскав то Душанбе

Дар нишасти 11-уми ноябр ҳамчунин, натиҷаҳои раёсати Русия дар созмон ҷамъбаст мешаванд. Интиқоли раёсат ба Тоҷикистон аз 1-уми январи соли 2027 оғози марҳилаи нави фаъолияти Душанбе дар доираи ин сохтори минтақавӣ хоҳад буд.

Рӯзи 10-уми ноябр дар Маскав низ нишасти муштараки вазирони корҳои хориҷӣ, вазирони мудофиа ва котибони шуроҳои амнияти кишварҳои узви СААД баргузор мешавад. Ба иттилои Мария Захарова, намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров дар ин мулоқот ҳамтоёни худро аз раванди иҷрои афзалиятҳои раёсати Русия огоҳ мекунад. Ҳамчунин, лоиҳаи санадҳое, ки бояд ба сарони давлатҳо пешниҳод шаванд, баррасӣ мегарданд.

Ба ин тартиб, нишасти Маскав барои Тоҷикистон на танҳо имкони иштирок дар қабули қарорҳои муҳимми минтақавӣ, балки оғози омодагии сиёсӣ ва дипломатӣ ба раёсати оянда низ ба шумор меравад.

Барои Душанбе масъалаи асосӣ ин хоҳад буд, ки дар давраи раёсати худ то чӣ андоза метавонад ташаббусҳои амниятиро ба барномаҳои мушаххас ва натиҷаҳои амалӣ табдил диҳад. Зеро аҳамияти чунин созмонҳо на танҳо аз шумораи нишастҳо ва санадҳои имзошуда, балки аз таъсири воқеии онҳо ба амнияти кишварҳои узв муайян мешавад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

10.11.2026 18:22

Раёсати созмони СААД ба Тоҷикистон мегузард. Президентҳои аъзои СААД дар Маскав чиро баррасӣ мекунанд?

Сарони кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти Дастаҷамъӣ имрӯз, 10-юми ноябр бо сафари расмӣ барои ширкат дар нишасти ин созмон ба шаҳри Маскав сафар карданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарони дигари кишварҳои узви ин созмон аллакай озими Русия шуданд.
10.11.2026 18:10

Намояндаи Путин бо Толибон дар бораи ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва мубориза бо маводи мухаддир гуфтугӯ кард

Замир Кобулов, намояндаи вижаи президенти Федератсияи Русия Владимир Путин рӯзи 10-юми ноябр дар Кобул бо Вазири корҳои хориҷии гурӯҳи террористии Толибон Амирхон Муттақӣ мулоқот намуда, дар баробари масъалаҳои сиёсиву иқтисодӣ, вазъияти мубориза бо маводи мухаддирро баррасӣ намуд.
10.11.2026 15:53

Сафари кории Президенти кишвар ба Федератсияи Русия

Имрӯз, 10-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба шаҳри Москваи Федератсияи Русия сафар карданд.
10.11.2026 14:07

Иддаои ҷангталабонаи Трамп: “Миқёси ҳамлаи дубора ба Эрон панҷ баробар бузургтар хоҳад буд”

Доналд Трамп, раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳушдор дод, ки миқёси ҳамлаи нави низомӣ ба Эрон метавонад аз амалиёти қаблӣ панҷ баробар бештар бошад.
10.11.2026 14:03

Дар Пактиёи Афғонистон коргарони тоҷиктабори Ҳилоли Аҳмарро аз кор барканор кардаанд

Дар вилояти Пактиёи Афғонистон аз кор барканор намудани чанд коргари тоҷиктабори Ҳилоли Аҳмар ва ба ҷойи онҳо таъйин намудани афроди наздик ба роҳбари ин ниҳод боиси нигаронӣ шудааст. Сарчашмаҳои маҳаллӣ ин иқдомро нишонаи хусумати қавмӣ ва хешутаборбозӣ дар сохтори як созмони башардӯстона медонанд.
10.11.2026 13:58

Аврупо мегӯяд музокира бо Толибон бузургтарин арзишҳои Аврупоро зери по мекунад

Намояндаи парлумони Аврупо дар Фаронса гуфт, ки музокироти кишварҳои аврупоӣ бо гурӯҳи террористии Толибон дар хусуси бозгардондани паноҳҷӯёни афғон боиси зери по шудани мавқеи Аврупо дар масъалаи ҳуқуқи инсон ва расман эътироф накардани ҳукумати Толибон шавад.
10.11.2026 11:55

Пешвои миллат: "Фаъолият дар мақомоти корҳои дохилӣ рамзи садоқат ба давлату миллат, эҳтиром ба қонун, ҳимояи сулҳу субот ва қонунияту тартибот мебошад"

Имрӯз, 10-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок ва суханронӣ намуданд.
10.11.2026 11:54

Литсеи Дурахшандагони Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид

Имрӯз, 10-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт бинои муассисаи давлатии таълимии литсеи Дурахшандагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд.
10.11.2026 10:06

Қазоқистон содироти гандум ба Тоҷикистонро зиёд мекунад

Ҷумҳурии Тоҷикистон мехоҳад ҳаҷми воридоти гандум аз Қазоқистонро зиёд кунад. Мақомоти ду кишвар барои воридоти гандум ва густариши ҳамкориҳо дар соҳаи кишоварзӣ бо ҳам гуфтугӯ намудаанд. Ин раванд дар ҳоле баррасӣ мешавад, ки Қазоқистон аз ҳоло яке аз таъминкунандагони асосии бозори Тоҷикистон бо ғалладона ба шумор меравад.
10.11.2026 09:57

“Суперчемпион”-ҳо аз Тоҷикистон. Дастоварди назарраси хонандагони тоҷик аз Олимпиадаи ҷаҳонӣ

Тибқи иттилои маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шаҳри Остонаи Қазоқистон Олимпиадаи ҷаҳонӣ оид ба арифметикаи зеҳнӣ бо иштироки намояндагони 10 кишвари ҷаҳон баргузор гардид.