11 Ноябр 2026,
чоршанбе, 11:39, Душанбе
11.11.2026 07:43

Тоҷикистон дар Конфронси Доҳа ояндаи алоқаи ҷаҳонӣ ва рушди технологияҳои рақамиро баррасӣ кард

Намояндаи Тоҷикистон дар шаҳри Доҳаи Қатар дар Конфронси ваколатдорони Иттиҳоди байналмилалии алоқа (ITUPP) ширкат намуда, масъалаи ҳамкориҳо дар самти рушди соҳаи алоқаро баррасӣ кард.

Дар ин бора Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки нишасти Шурои Иттиҳоди минтақавии алоқа рӯзи 10-уми ноябр дар шаҳри Доҳаи Қатар баргузор шуд. Дар ин нишаст намояндагони кишварҳои узви иттиҳодия масъалаи ҳамоҳансозии ҳамкориҳо дар доираи Конфронси ваколатдорони Иттиҳоди байналмилалии алоқа (ITU)-ро баррасӣ карданд.

Яке аз мавзуҳои муҳимми нишаст ба ҳам наздик кардани мавқеи ҳайатҳои милли кишварҳои узв оид ба масъалаҳое буд, ки дар конфронси байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Намояндагони кишварҳои узв зарурати идомаи робитаҳои доимӣ ва ҳамоҳангсозии фаъодияти ҳайатҳоро дар рӯзҳои баргузории ин ҳамоиш таъкид намуданд.

Тибқи барномаи конфронс намояндагони кишварҳои Иттиҳоди минтақавии алоқа дар давоми нишаст ҳар рӯз мулоқотҳои ҳамоҳангсозӣ баргузор мекунанд. Дар ин мулоқот ҷонибҳо табодули назар намуда, масъалаҳои наверо, ки дар ҷараёни конфронс матраҳ мешавад, мавриди гуфтугӯ қарор медиҳанд.

Конфронси ваколатдорони Иттиҳоди байналмилалии алоқа аз 9 то 27-уми ноябр дар шаҳри Доҳаи Қатар баргузор мешавад. Ин ниҳод мақоми олии қабули қарорҳои Иттиҳоди байналмилалии алоқа ба ҳисоб рафта, ҳар чор сол як маротиба баргузор мешавад.

Дар ин конфронс намояндагони 194 кишвари узви созмон, инчунин, ширкатҳо ва ташкилотҳои байналмилалии фаъол дар соҳаи телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ширкат доранд.

Мавзуъҳои асосии рӯзномаи конфронс ояндаи алоқаи ҷаҳонӣ, рушди технологияҳои рақамӣ, инфрасохтори телекоммуникатсионӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин соҳа мебошанд. Дар ҷараёни он кишварҳои иштирокдор самтҳои сиёсати умумии созмон, нақшаҳои стратегии фаъолияти минбаъда ва масъалаҳои молиявиро муайян карда, роҳбарияти олии онро интихоб мекунанд.

Ширкати Тоҷикистон дар ин нишаст дар ҳолест, ки рушди инфрасохтори рақамӣ ва густариши дастрасӣ ба технологияҳои муосири алоқа аз масъалаҳои муҳимми ҳамкориҳои байналмилалии кишвар ба шумор мераванд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

11.11.2026 11:15

Котиби Шурои амнияти Эрон: “Посухи Амрико фиребкорона аст. Бо Вашингтон музокира надорем

Муҳсин Ризоӣ, китоби Шурои олии амнияти миллии Эрон гуфт, ки посухи Иёлоти Муттаҳида ба ҳафт шарти пешниҳоднамудаи Теҳрон қонеъкунанда нест. Ӯ гуфт, то замони иҷрои талабҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз нахоҳад шуд ва ҳоло миёни ду кишвар ҳеч гуна гуфтугӯ идома надорад.
11.11.2026 11:01

Путин: “Мавзуи иқтисод ва амният дар меҳвари нишасти СААД қарор мегирад”

Владимир Путин, раисҷумҳури Федератсияи Русия гуфт, ки нишасти навбатии Созмони аҳдномаи амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) на фақат ба масъалаҳои амниятӣ, балки ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва башардӯстонаи кишварҳои узв низ бахшида мешавад.
11.11.2026 10:54

Дар Москва ҷанбаҳои муҳимми амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ гардид

10-уми ноябр дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти муштараки Шурои вазирони корҳои хориҷӣ, Шурои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони Шурои амнияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) иштирок кард.
11.11.2026 09:12

Вазири молияи Амрико аз тарси таҳдиди Эрон ба пойгоҳи низомӣ паноҳ гирифт

Скотт Бессант, вазири молияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баъди дарёфти таҳдидҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон аз тарс манзили зисташ дар Вашингтонро тарк кард. Ӯро ба як пойгоҳи низомӣ интиқол додаанд.
11.11.2026 09:05

Саршумори бузи кӯҳии морхӯр дар Тоҷикистон дар 30 сол 10 баробар зиёд шудааст

Саршумори бузи нодири кӯҳии морхӯр ё пармашох дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар се даҳсолаи ахир дар натиҷаи амалӣ намудани барномаҳои ҳифзи муҳити зист ва ҷалби сокинони маҳаллӣ 10 баробар зиёд шудааст. Имрӯз саршумори он дар Тоҷикистон аз 7 ҳазор сар гузаштааст. Ин дар ҳолест, ки дар солҳои 1990 саршумори он 500 сар шумурда мешуд.
11.11.2026 08:54

71 фоизи амрикоиҳо дар як назарсанҷӣ хостори поёни ҷанги Эрон шуданд

Натиҷаҳои як назарсанҷии нави “Ройтерз-Ипсос” (Reuters/Ipsos) нишон медиҳанд, ки аксарияти шаҳрвандони ИМА аз Конгресси ин кишвар талаб доранд барои хотима додан ба ҷанг бо Эрон чора андешад.
11.11.2026 08:00

Ироқчӣ ба Трамп: Ҷанг ва таҳримҳо моро ба созиш водор намекунанд

Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо ҳамлаҳои низомиву фишорҳои иқтисодӣ наметавонад Теҳронро ба қабули шартҳои Вашингтон водор кунад. Ӯ аз ҳукумати Доналд Трамп хост, ки барои ҳалли низоъ ба ҷои таҳдид аз роҳи дипломатия истифода кунад.
11.11.2026 07:43

Тоҷикистон дар Конфронси Доҳа ояндаи алоқаи ҷаҳонӣ ва рушди технологияҳои рақамиро баррасӣ кард

Намояндаи Тоҷикистон дар шаҳри Доҳаи Қатар дар Конфронси ваколатдорони Иттиҳоди байналмилалии алоқа (ITU) ширкат намуда, масъалаи ҳамкориҳо дар самти рушди соҳаи алоқаро баррасӣ кард.
10.11.2026 18:22

Раёсати созмони СААД ба Тоҷикистон мегузард. Президентҳои аъзои СААД дар Маскав чиро баррасӣ мекунанд?

Сарони кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти Дастаҷамъӣ имрӯз, 10-юми ноябр бо сафари расмӣ барои ширкат дар нишасти ин созмон ба шаҳри Маскав сафар карданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарони дигари кишварҳои узви ин созмон аллакай озими Русия шуданд.
10.11.2026 18:10

Намояндаи Путин бо Толибон дар бораи ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва мубориза бо маводи мухаддир гуфтугӯ кард

Замир Кобулов, намояндаи вижаи президенти Федератсияи Русия Владимир Путин рӯзи 10-юми ноябр дар Кобул бо Вазири корҳои хориҷии гурӯҳи террористии Толибон Амирхон Муттақӣ мулоқот намуда, дар баробари масъалаҳои сиёсиву иқтисодӣ, вазъияти мубориза бо маводи мухаддирро баррасӣ намуд.
10.11.2026 15:53

Сафари кории Президенти кишвар ба Федератсияи Русия

Имрӯз, 10-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба шаҳри Москваи Федератсияи Русия сафар карданд.