80 нигораи нодири таърихию фарҳангии Тоҷикистон дар Италия муаррифӣ шуд
Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» ҷамъбаст шуда, ғолибон қадрдонӣ шуданд
Ифтитоҳи Қасри фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ, ки ба номи Кароматулло Қурбонов гузошта шудааст
Филми эронии “Қиморбоз” дар ҷашвораи “Тоҷи Сомон”-и Душанбе намоиш дода мешавад
Ҷашнвораи VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид. Тоҷикистонро кадом театрҳо намояндагӣ мекунанд?
Бинобар иттилои маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, 21-уми октябр дар шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи Ҷашнвораи VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор гардид.
Ба навиштаи манбаъ, чорабинии мазкур то 26-уми октябр идома ёфта, ҳунармандони кишварҳои гуногунро ба ҳам меорад.
Гуфта мешавад, ки дар «Чодари хаёл» ҳунармандони театрҳои лӯхтаки Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Туркманистон, Русия ва дигар давлатҳо бо намоишномаҳои гуногун иштирок намуда, дастовардҳои ҳунарии худро пешкаши тамошобинон мегардонанд.
“Тоҷикистонро дар ин чорабинии байналмилалӣ театрҳои лӯхтаки шаҳрҳои Душанбе, Бӯстон ва Бохтар намояндагӣ мекунанд. Аз ҷумла, Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоишномаи миллӣ омода намуда, тавассути он анъанаҳо, арзишҳои фарҳангӣ ва таърихии халқи тоҷикро муаррифӣ менамояд”, - афзудааст манбаъ.
Ёдовар мешавем, ки Ҷашнвораи байналмилалии «Чодари хаёл» дар ду сол як маротиба баргузор мешавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Ироқчӣ ба Амрико бори дигар ҳушдор дод
Тоҷикистон мехоҳад бо ширкатҳои чинӣ неругоҳҳои офтобӣ ва бодӣ бунёд кунад
Бо фармони Эмомалӣ Раҳмон гули лола ва сиёҳгӯш гулҳои миллӣ эълон шуданд
Тавҳини Трамп бар миллати Эрон: “Эрониҳо бадтарин миллати рӯи заминанд”