Дар Тоҷикистон 1050-солагии Робиаи Балхиро таҷлил карданд
Ҷашнвораи VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид. Тоҷикистонро кадом театрҳо намояндагӣ мекунанд?
80 нигораи нодири таърихию фарҳангии Тоҷикистон дар Италия муаррифӣ шуд
Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» ҷамъбаст шуда, ғолибон қадрдонӣ шуданд
Иштироки Матлубахон Сатториён дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ»
27-уми октябр вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» иштирок намуд.
Бинобар иттилои маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, форуми мазкур аз 27-ум то 29-уми октябр баргузор гардида, дар доираи ташаббуси «Раванди Боку», ки бо ибтикори президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев роҳандозӣ шудааст, доир мешавад.
Иттилоъ дода мешавад, ки ҳадафи асосии форум баррасии масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои фарҳангӣ, таҳкими робитаҳои дӯстона миёни кишварҳо, эҳтиром ба гуногунрангии фарҳангҳо ва мусоидат ба ҳамзистии осоишта дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.
“Иштироки Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҳамоиши байналмилалӣ ба таҳкими робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои ҷаҳон, муаррифии арзишҳо ва дастовардҳои фарҳанги миллӣ ва густариши ҳамкориҳои судманд дар самти ҳифзу тарғиби мероси фарҳангӣ мусоидат менамояд”, - омадааст дар иттилоияи вазорат.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Иштироки Матлубахон Сатториён дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ»
Тоҷикистону Қатар масъалаи таъсиси корхонаҳои муштаракро баррасӣ карданд
Вазорати маориф санаи таътили тирамоҳии хонандагонро расман эълон кард
Чин барои коҳиши танишҳо намояндаи вижаашро ба Ховари Миёна мефиристад