“Артиши Афғонистон об шуд”. Ҷо Байден пас аз 5 сол аз қарори хуруҷи неруҳои амрикоӣ аз Афғонистон дар китоби нави худ ҳимоят кард
Занони Афғонистон дар зери сояи тарс аз Толибон “кошонаи ҳусн ва мактабҳои пинҳонӣ” мекушоянд
Айзенкот: “Нетаняҳу ҳатто як дақиқаи дигар набояд дар мақоми сарвазир боқӣ монад”
Трамп, Путин ва Ҷинпин дар дидори таърихӣ дар Чин баҳси атомӣ ва Украинаро ҳал мекунанд?
“Тарс аз Эрон”. Мақомоти амрикоӣ аз тарси Эрон ба паноҳгоҳҳо мераванд
Дар тӯли як ҳафтаи ахир лаҳни гуфтори мақомоти Эрону Амрико тағйир карда ва онҳо ҳамдигарро ба ҳамлаи мутақобил таҳдид мекунанд. Амрико аз тарси ҳамлаи Эрон ба мақомоти олирутбааш онҳоро дар маконҳои муҳофизатшуда ҷо дода ва иддао мекунад, ки Эрон дар пайи террори мақомоти амрикоӣ ва ҳамлаи, ҳатто кимиёӣ ба Амрико аст.
Бархе расонаҳои наздик ба мақомоти низомии Эрон аз он гузориш доданд, ки Эрон мушакҳои дурбурдашро ба самти Амрико ва Аврупо омодаи партоб кардааст. Аз сӯи дигар, расади ҳаракатҳои низомии Амрико дар Ховари Миёна ва мавриди ҳадаф қарор додани системаи зиддиҳавоии Амрико дар Баҳрайн гумонзаниҳо дар мавриди тақвияти қудрати дифоии Эронро афзоиш додааст.
Бар хилофи хости Трамп мақомоти Эрон шарти хориҷ кардани урани ғанишуда аз Эронро қабул намекунанд ва Муҳсин Ризоӣ дабири Шурои олии амнияти миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, ки ҳатто як зара аз урани ғанишуда аз Эрон хориҷ нахоҳад шуд.
Роҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҷтабо Хоманаӣ дар як паёми катбӣ ба мақомоти низомии кишвараш дастур дод, ки дар сурати ҳамлаи нави Исроил ва Амрико посухи низомӣ фаротар аз Ховари Миёна ва густурдатар бошад.
Баъзе коршиносони низомӣ аз он мегӯянд, ки Эрон дар пайи таҳдидҳои муқаррари Амрико бурд ё масофаи мушакҳои нуқтазанашро афзоиш додааст. Ҳоло ҳадс зада мешавад, ки Эрон эҳтимолан дар ихтиёраш мушак ва паҳподҳоеро дорад, ки то масофаи Амрико ва пойгоҳҳои Амрико дар Уқёнуси Ҳинд мерасад.
Тақвияти қудрати мушакии Эрон собит мекунад, ки дар ҷанг бо Исроил ва Амрико онҳо аз қудрати болое бархӯрдоранд. Ҳарчанд дар раванди ҷанг роҳбарон ва бахши зиёди инфрасохтори низомиву иқтисодии Эрон осеб дид, вале шерозаи асосии қудрати дифоии Эрон ҳифз шуд.
Мақомоти эронӣ, аз ҷумла Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон, Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси парлумон, Масъуд Пизишкиён раиси ҷумҳур ва дигарон дар мавриди он мегӯянд, ки Эрон бо тамоми тавон дар муқобили таҳдидҳои Амрико меистад ва ба он таҳдидҳо посух мегӯяд.
Дар маҳофили сиёсии дохилии Амрико демократҳо фишор меоваранд, ки ҷанги Амрико бо Эрон бояд ҳарчи зудтар поён ёбад. Интихоботи парлумонӣ дар Исроил низ Бенямин Нетаняҳуро дар вазъияти бад қарор дода ва мухолифони ӯ мехоҳанд дасти ӯро барои ҳамлаи дубора қабл аз интихоби сарвазири ҷадид бибанданд.
Дар тӯли ду рӯзи охир дар гузаргоҳи байналмилалии Ҳурмуз чандин киштӣ мавриди ҳама қарор гирифт ва расонаҳои Эрон навиштанд, ки ин оброҳи байналмилалӣ барои убуру мурури киштиҳои душман дигар амн нест.
Дар пайи овозаҳои ҳамлаи кимиёии Эрон ба Амрико Аббос Ироқчӣ вокуниш нишон дод ва таъкид кард, ки чунин иттилое дуруст нест. Ин ҳарфҳо, гоҳо аз ҷониби Исроил дар расонаҳои ғарбӣ матраҳ мешаванд ва бисёре аз коршиносон мегӯянд, ки ҳадафи он муқаддимачинӣ барои ҳамлаи нав ба Эрон аст.
Аббос Ироқчӣ дар паёми худ дар “Х” навишт, ки “дар 72 соати гузашта расонаҳои Исроил муддаӣ шудаанд, ки Эрон зоҳиран дар ҳоли тавтеа барои истифода аз силоҳи кимиёӣ дар Вашингтон аст ва ҳамзамон дар зер садҳо пойгоҳҳои мушакӣ месозад. Дурӯғи маҳз! Луфтан, аз дасти ин таблиғоти дурӯғин ба сабки ҷанг бо Ироқ бардоред, ба вижа вақте радди пои Исроил дар тамоми ин моҷаро ошкор аст. Ҳеч кас ин иддаоро бовар намекунад”.
Дар ҳамин ҳол сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон низ вокуниш нишон дода, гуфт, ки иддаоҳои ҷанги равонии Амрико ва Исроил дар мавриди дар зери садҳои обӣ бунёд шудани пойгоҳҳои мушакӣ ва истифодаи “бомбаи касиф” (бомбаи шимиёӣ) дар Амрико дуруст нест: “Иттилооти беасоси иртиботи садҳои Эрон бо пойгоҳҳои мушакӣ, намунаи дигаре аз ҳаракатҳои шайтонӣ барои бунёди дастовези таблиғотӣ ва амниятӣ ба манзури тавҷеҳи тааррузи инфрасохтори ҳаётии як кишвар аст. Дар ҷараёни ҳамлаҳои таҷовузкоронаи ахири Амрико ва Исроил ба зидди Эрон махзани захираи об дар Хумайн (вилояти марказӣ), Ҳафтал (вилояти Хузистон) ва муассисаҳои обширинкун дар ҷазираи Қишм, Некшаҳр ва Тес ва рустои ҷанубии Ҷоск мавриди ҳадаф қарор гирифтанд: ҳамлаҳое, ки ба қатъ ё ихтилол дар обрасонӣ ба мардум ва минтқаҳои маскунӣ анҷомид”.
Дар пайи афзоиш ёфтани таҳдидҳои Эрон як қатор мақомоти олирутбаи амрикоӣ, аз ҷумла вазири молия, вазири корҳои хориҷӣ, вазири ҷанг ба манзилҳои муҳофизатшаванда кӯчонда шуданд. Ин кор нигарониҳоро дар Амрико дар мавриди амнияти мансабдорони ин кишвар бештар кардааст.
Рӯзи 16-уми ноябр “CNN” бо истинод ба ҳафт мансабдори амрикоӣ гузориш дод, ки хадамоти иктишофии ИМА иттилоеро дар хусуси эҳтимоли таҳияи нақшаи ҳамла аз ҷониби Эрон ба мақомоти баландпояи ҳукумати Трамп дар Вашингтон дарёфт кардаанд. Тибқи ин гузориш, эҳтимолан дар чунин нақша истифодаи маводи радиоактивӣ ё силоҳи кимиёӣ баррасӣ мешавад.
Вале сарчашмаҳои “CNN” таъкид кардаанд, ки иттилооти бадастомада ҳанӯз маънои омодагӣ ба ҳамлаи наздикро надорад. Тибқи гуфтаи онҳо Эрон метавонад чунин сенарияҳоро ҳамчун имконоти эҳтимолӣ баррасӣ кунад ва ҳоло ҳам дар бораи қобилияти амалӣ кардани он ва нияти воқеии Теҳрон баҳс вуҷуд дорад. Бо вуҷуди ин, иттилооти иктишофӣ ба гуфтаи манбаъҳо, бархе маконҳо ва ҳадафҳои эҳтимолиро дар бар гирифта, мақомоти амрикоиро водор кардааст, ки чораҳои эҳтиётӣ ва нақшаҳои изтирориро таҳия кунанд.
Масъалаи истифодаи “бомбаи ифлос” низ дар ин гузоришҳо матраҳ гардидааст. Ин навъи силоҳ таркиби маводи радиоктивӣ ва моддаҳои тарканда аст. Он ба монанди бомбаи атомӣ таркиши атомӣ ба вуҷуд намеорад, вале метавонад маводи радиоктивиро паҳн карда, боиси олӯда гаштани муҳити зист, халалдор шудани фаъолияти шаҳрҳо ва тарсу ҳарос дар миёни аҳолӣ гардад. Ин иддаоҳо дар ҳоле нашр мешавад, ки мақомоти амрикоӣ ҳамзамон кӯшиш доранд эҳтимоли таҳдидро аз хатари воқеии наздик ҷудо кунанд.
Бо вуҷуди гузоришҳои нигаронкунанда мақомоти амрикоӣ кӯшиш доранд нишон диҳанд, ки вазъият таҳти назорат қарор дорад. Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рӯзи 17-уми ноябр гуфт, ки ба назари ӯ таҳдиди фаврӣ ба Вашингтон вуҷуд надорад ва ҳарчанд мақомоти амрикоӣ тамоми иттилооти вобаста ба амнияти кишварро пайгирӣ мекунанд.
Доналд Трамп дар навбати худ гуфт, ки эҳтимоли чунин ҳамла ҷиддӣ гирифта мешавад. Вай ҳушдор дод, ки агар Эрон ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳамла кунад, бо вокуниш рӯ ба рӯ хоҳад шуд ва тибқи гуфтаи ӯ ҳамла сурат намегирад.
Мавқеи Кохи Сафед низ то андозае оромтар буд. Сухангӯи Кохи Сафед гуфт, ки ҳукумат таҳдидҳои эҳтимолиро назорат мекунад ва ҳоло барои қаламрави Амрико таҳдидҳо мушаххас шудааст. Дар Вашингтон сарфи назар аз чораҳои пурзӯри муҳофизатӣ ҳанӯз иттилои расмии ҳамлаи наздик ба даст наомадааст. Бо ин далел, кӯчондани баъзе мансабдорон ба пойгоҳҳои низомӣ бештар ба чораҳои эҳтиётӣ ва арзёбии хатарҳои эҳтимолӣ рабт дорад, на ба эълони фавқулода.
Дар шароити кунунӣ масъалаи таҳдидҳои эҳтимолӣ фақат ба амнияти низомӣ маҳдуд намешавад. Вашингтон, Теҳрон ва Тел-Авив дар хусуси муборизаи воқеӣ дар майдони низомӣ дар фазои иттилоотӣ низ рақобат мекунанд. Ҳар як изҳорот, гузоришҳои хадамотҳои истихборотӣ ва иддаои расонаӣ метавонад ба афкори ҷомеа, бозорҳо ва қарорҳои сиёсӣ таъсир расонад.
Ҷумҳурии Исломии Эрон иддаоҳои вобаста ба омодагӣ барои ҳамла ба қаламрави Амрико ё истифодаи силоҳи кимиёиро рад мекунад. Вашингтон бошад мегӯяд, ки иттилооти иктишофиро ҷиддӣ гирифта, чораҳои зарурӣ меандешанд. Дар чунин вазъият то замоне, ки далелҳои мустақил ва расмӣ пешниҳод нашаванд, ин гузоришҳоро наметавон ҳамчун нақши тасдиқшудаи ҳамлаи Эрон арзёбӣ кард.
Ҳамзамон нашри чунин хабарҳо метавонад ба афзоиши фишорҳои сиёсӣ дар Амрико мусоидат намоянд. Агар ҷомеаи Амрико Эронро ба ҳайси таҳдиди мустақим ба амнияти дохилии кишвар қабул кунад, ин метавонад барои ҷонибдорони сиёсати сахтгирона нисбат ба Теҳрон далели нав гардад. Дар чунин шароит эҳтимоли истифодаи ин иттилоот барои асоснок намудани таҳримҳои бештар, густариши ҳузури низомӣ ва ё ҳатто амалиёти навро низ истисно кардан мумкин нест.
Дар ҳоле, ки таҳдиди ҷонибҳо ва чораҳои амниятӣ пурзӯр мешаванд, имкони идомаи музокирот низ ҳанӯз аз миён нарафтааст. Вашингтон дар муқобили фишори низомиву иқтисодӣ роҳҳои дипломатиро низ баррасӣ мекунад. Миёнравии кишварҳои минтақа, аз ҷумла Уммон ва Қатар метавонад дар коҳиш додани танишҳо нақши муҳим дошта бошад.
Мушкили асосӣ дар он аст, ки ҳар ду ҷониб ҳоло аз мавқеи қавӣ сухан мегӯянд ва барои ақибнишинӣ дар масъалаи калидӣ омодагии кам нишон медиҳанд. Амрико мехоҳад маҳдудиятҳои бештар дар масъалаи барномаи атомӣ ва иқтидори низомии Эронро ба даст орад. Теҳрон бошад ин талабҳоро дахолат ба соҳибихтиёрӣ ва ҳуқуқи худ барои дифоъ арзёбӣ мекунад.
Аз ҷониби дигар, кӯчондани мақомоти армикоӣ ба пойгоҳҳои низомӣ, ҳушдорҳои Доналд Трамп ва иддаоҳо дар хусуси нақшаҳои эҳтимолии Эронро метавон нишони боло рафтани сатҳи нигаронии Вашингтон аз амнияти дохилӣ донист. Ин чораҳо худ аз худ маънои онро надоранд, ки ҳамла ба Амрико ногузир аст ё ҷанги нав ҳатман оғоз хоҳад шуд.
Вазъияти кунунӣ бештар ба марҳилаи ҳассоси муқовимати сиёсӣ, низомӣ ва иттилоотӣ монанд аст, ки дар он як ҳодисаи хурд, ҳисобҳои нодуруст ва иттилооти тасдиқшуда метавонад боиси авҷ гирифтани танишҳо гардад. Ҳоло суоли асосӣ ин аст, ки оё Вашингтон ва Теҳрон роҳи маҳдуд намудани муқовиматро пайдо мекунанд ё таҳдидҳои дуҷонибаи онҳоро ба марҳилаи нави бархӯрди мустақим мебаранд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Ёсин Зиё ба Ҳайбатуллоҳ: “Мо барои курсӣ намеҷангем, барои озодӣ меҷангем”
Трамп ба Эрон ҳушдор дод: “Ҳамла ба Вашингтон бо паёмадҳои бесобиқа рӯбарӯ хоҳад шуд”
Талаби 55 сол ҳабс: Ҷузъиёти парвандаи Мансур Манучеҳрӣ аз сӯи Вазорати адлияи Амрико нашр шуд
Муовини вазири дифои Русия аз Пойгоҳи низомии 201 дар Тоҷикистон боздид кард