Як ширкати қазоқӣ дар Тоҷикистон аз қаъри замин кони металҳои рангаро ҷустуҷӯ мекунад
Shohin Airlines ба чор минтақаи кишвар парвозҳои мунтазамро ба роҳ мемонад
Тоҷикистон то соли 2035 истеҳсоли нерӯи барқ аз манбаъҳои барқароршавандаро ду баробар афзоиш медиҳад
Рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Британияи Кабир дар соҳаи сайёҳӣ
Як ширкати қазоқӣ дар Тоҷикистон аз қаъри замин кони металҳои рангаро ҷустуҷӯ мекунад
Ширкати қазоқистонии истихроҷи тилло «Solidcore Resources» тасмим гирифтааст, ки бо Сарраёсати геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои иктишофиро барои пайдо намудани конҳои металлҳои қимматбаҳо дар Тоҷикистон оғоз кунад. Ҷониби Тоҷикистон бо ин ширкати қазоқӣ шартномаи панҷсоларо ба имзо расонд.
Тибқи ин созишнома мутахассисони ширкат ва Сарраёсати геологияи Тоҷикистон захираҳои эҳтимолии маъдании кишварро таҳқиқ карда, минтақаҳоеро муайян мекунанд, ки барои корҳои иктишофӣ ва истихроҷи оянда мувофиқанд. Самти асосии таҳқиқот конҳои тилло ва дигар металлҳои қимматбаҳо, аз ҷумла маъданҳои дорои чанд навъи металли саноатӣ хоҳад буд.
Ҷонибҳо дар чорчӯби ин ҳамкорӣ иттилооти мавҷуди геологӣ, аз ҷумла санадҳои солҳои пеш ҷамъоваришударо табодул мекунанд. Ҳамчунин, истифодаи усулҳои нави таҳқиқот, таҳлили муштараки натиҷаҳо ва омодасозии мутахассисон тибқи стандартҳои байналмилалӣ пешбинӣ шудааст.
Рушди ҳамкорӣ бо Тоҷикистон яке аз аҳдофи ин ширкат мебошад. Ин ширкат, моҳи сентябри соли 2026 аз эҳтимоли ширкат барои корҳои иктишофӣ дар панҷ минтақаи Ҷопон хабар дода буд.
Ширкати «Solidcore Resources» дар Қазоқистон низ як тарҳи бузурги сармоягузориро пеш мебарад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Мақомоти Тоҷикистону Ӯзбекистон дар бораи таъсиси корхонаҳои саноатӣ гуфтугӯ карданд
Тоҷикистон барои ҳамгироӣ ба низоми энергетикии Осиёи Марказӣ талош дорад
Як ширкати қазоқӣ дар Тоҷикистон аз қаъри замин кони металҳои рангаро ҷустуҷӯ мекунад
Shohin Airlines ба чор минтақаи кишвар парвозҳои мунтазамро ба роҳ мемонад