18 Ноябр 2026,
чоршанбе, 14:37, Душанбе
18.11.2026 14:21

Ёсин Зиё ба Ҳайбатуллоҳ: “Мо барои курсӣ намеҷангем, барои озодӣ меҷангем”

Роҳбари Ҷабҳаи озодии Афғонистон дар вокуниш ба изҳороти ахири роҳбари гурӯҳи террористии Толибон Мулло Ҳайбаттулоҳ гуфт, ки пешниҳоди Ҳайбатуллоҳ Охунзода дар хусуси ҷалби мухолифон ба сохтори ҳукумат наметавонад онҳоро аз мубориза бар зидди Толибон боз дорад.

Ёсин Зиё гуфт, ки мавқеъгирии роҳбари гурӯҳи террористии Толибон дар бораи бозгашти мухолифон ба Афғонистон ва ширкат дар ҳукуматдорӣ натиҷаи фишори низомии гурӯҳҳои зиддитолиб мебошад. Ба гуфаи ӯ, ҳадафи муборизаи онҳо ба даст овардани мансаб, сарват ё имтиёзҳои сиёсӣ нест, бакли таъмини ҳуқуқи мардум барои мушаххас кардани ояндаи худ, барқарор намудани озодӣ ва баробарии шаҳрвандон аст.

Ёсин Зиё, рӯзи сешанбе дар суҳбат бо расонаҳои афғонистонӣ гуфт, гурӯҳи террористии Толибон ҳоло дарк кардаанд, ки мухолифони онҳо то замони озод шудани кишвар ва поёни ҳокимияти ин гурӯҳ аз мубориза даст намекашанд. Ӯ гуфт, пешниҳоди додани мансабҳои давлатӣ ба мухолифон низ дар ҳамин замина садо додааст.

“Ин изҳорот натиҷаи ҷанги мост. Онҳо ҳоло фаҳмидаанд, ки мо онҳоро раҳо намекунем” – таъкид кард Ёсин Зиё.

Ёсин Зиё гуфт, ки Ҳайбатуллоҳ Охунзода мухолифони Толибонро бо афроде омехта кардааст, ки барои мансаб ва манфиатҳои молӣ мубориза мебаранд.

Ёсин Зиё таъкид намуд, ки муборизаи онҳо барои барқарории адолат ва боз гардонидани ҳуқуқи мардум ба сарзамин ва сарнавишти худ равона шудааст. Ба таъкиди ӯ, онҳо мехоҳанд тамоми шаҳрвандони Афғонистон, новобаста аз ҷинсият, ҷаҳонбинӣ ва мавқеи сиёсӣ, аз ҳуқуқи баробар бархӯрдор бошанд.

“Мо барои таҳкими адолат ва баргардонидани моликияти мардум ба сарзамин ва сарнавишти худ меҷангем. Барои он ки мардуми Афғонистон, занону мардон ва бо ҳар гуна андешаи сиёсӣ, аз ҳуқуқи баробар бархӯрдор бошанд, на барои қудрат ва сарват”, - гуфт Ёсин Зиё.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

18.11.2026 14:21

Ёсин Зиё ба Ҳайбатуллоҳ: “Мо барои курсӣ намеҷангем, барои озодӣ меҷангем”

Роҳбари Ҷабҳаи озодии Афғонистон дар вокуниш ба изҳороти ахири роҳбари гурӯҳи террористии Толибон Мулло Ҳайбаттулоҳ гуфт, ки пешниҳоди Ҳайбатуллоҳ Охунзода дар хусуси ҷалби мухолифон ба сохтори ҳукумат наметавонад онҳоро аз мубориза бар зидди Толибон боз дорад.
18.11.2026 14:09

Талаби 55 сол ҳабс: Ҷузъиёти парвандаи Мансур Манучеҳрӣ аз сӯи Вазорати адлияи Амрико нашр шуд

Вазорати адлияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷузъиёти шаҳрванди Тоҷикистон Мансур Манучеҳриро нашр кард. Ӯ ба иттиҳоми ҳамкорӣ ва маблагузаронӣ ба ДОИШ як сол қабл боздошт шуда буд.
18.11.2026 13:17

Муовини вазири дифои Русия аз Пойгоҳи низомии 201 дар Тоҷикистон боздид кард

Муовини вазири дифои Русия, генерал-лейтенант Павел Фрадков дар ҷараёни сафари корӣ ба Тоҷикистон аз Пойгоҳи низомии 201-уми ин кишвар боздид карда, ба анҷоми сохтмони як қатор иншооти низомию иҷтимоӣ дастур додааст.
18.11.2026 13:13

Самтҳои афзалиятноки ҳамкории Тоҷикистон ва UNCCD муҳокима шуданд

Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо котиби иҷроияи Конвенсияи СММ оид ба мубориза бо биёбоншавӣ (UNCCD) Ясмин Фуад мулоқот намуд.
18.11.2026 12:12

Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Амрико дар дидори Сарвари давлат бо Кристофер Ландау баррасӣ гардид

Имрӯз, 18-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Кристофер Ландауро ба ҳузур пазируфтанд.
18.11.2026 10:38

“Тарс аз Эрон”. Мақомоти амрикоӣ аз тарси Эрон ба паноҳгоҳҳо мераванд

Дар тӯли як ҳафтаи ахир лаҳни гуфтори мақомоти Эрону Амрико тағйир карда ва онҳо ҳамдигарро ба ҳамлаи мутақобил таҳдид мекунанд. Амрико аз тарси ҳамлаи Эрон ба мақомоти олирутбааш онҳоро дар маконҳои муҳофизатшуда ҷо дода ва иддао мекунад, ки Эрон дар пайи террори мақомоти амрикоӣ ва ҳамлаи, ҳатто кимиёӣ ба Амрико аст.
18.11.2026 09:02

Чин: Бо ҳамаи кишварҳо ҳамкорӣ мекунем

Си Ҷинпин, роҳбари Чин мегӯяд, ки новобаста аз тағйироти вазъи байналмилалӣ, сиёсати кишвараш дар самти ҳамкорӣ бо ҳамаи давлатҳои ҷаҳон тағйир нахоҳад кард.
18.11.2026 07:32

Бонки аврупоии таҷдид ва рушд: сармоягузорӣ дар Тоҷикистон 44,9 фоиз афзоиш ёфтааст

Ҳаҷми сармоягузорӣ дар Тоҷикистон дар 9 моҳи соли 2026 нисбат ба ҳамин давраи соли гузошта 44,9 фоиз афзоиш ёфтааст. Дар ин давра маҷмуи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон низ 8,3 фоиз зиёд шудааст.