18 Ноябр 2026,
чоршанбе, 14:31, Душанбе
18.11.2026 14:09

Талаби 55 сол ҳабс: Ҷузъиёти парвандаи Мансур Манучеҳрӣ аз сӯи Вазорати адлияи Амрико нашр шуд

Вазорати адлияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷузъиёти шаҳрванди Тоҷикистон Мансур Манучеҳриро нашр кард. Ӯ ба иттиҳоми ҳамкорӣ ва маблагузаронӣ ба ДОИШ як сол қабл боздошт шуда буд.

Бар асоси мурофиаи додгоҳи ИМА шаҳрванди Тоҷикистон Мансур Манучеҳрӣ барои ирсоли 70 ҳазор доллар ба афроди вобаста ба гурӯҳи террористии ДОИШ ва чанд ҷинояти дигар гунаҳкор дониста шуд. Мақомоти додгоҳи ИМА гуфтаанд, ки иттиҳомҳои эълоншуда ӯро метавонад то ба 55 сол ба кунҷи зиндон барад.

Ҳайати ҳаками додгоҳи федеролӣ дар шаҳри Бруклини иёлати Ню-Йорк шаҳрванди Тоҷикистон Мансур Манучеҳрӣ, маъруф бо номҳои Манучеҳрӣ ва “Манишер”-ро дар чор банди иттиҳом, аз ҷумла ҳамкорӣ барои расонидани кумаки молиявӣ ба гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” (ДОИШ) ва шохаи он дар Афғонистон - ДОИШ-и Хуросон, гунаҳкор эътироф кард.

Дар ин бора Вазорати адлияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рӯзи 17-уми ноябр хабар дода, зикр кардааст, ки Манучеҳрӣ ҳамчунин, барои нигоҳдорӣ ва истифодаи ғайриқонунии силоҳу муҳимот дар ҳоле, ки дар қаламрави ИМА ғайриқонунӣ қарор дошт, инчунин, пешниҳоди маълумоти бардурӯғ ба кормандони мақомоти федералӣ гунаҳкор дониста мешавад.

Ӯ рӯзи 30-юми октябри соли 2026 ба иттиҳоми панҷум, қаллобӣ дар масъалаи муҳоҷират тавассути издивоҷи сохта бо як шаҳрванди Амрико, иқрор шудааст. Баррасии парванда ду ҳафта идома дошта, бо эълони ҳукми ҳайати ҳакамон анҷом ёфтааст. Дар сурати маҳкум шудан бо ҳадди аксари ҷазо, 55 соли зиндон ӯро интизор аст.

Тибқи маълумоти дар мурофиа пешниҳодшуда Манучеҳрӣ моҳи июни соли 2016 бо раводиди сайёҳӣ аз Тоҷикистон ба ИМА рафта, баъди анҷоми муҳлати раводидаш дар моҳи декабри ҳамон сол низ дар ин кишвар боқӣ мондааст.

Додситонӣ муайян кардааст, ки ӯ дар Амрико наворҳои таблиғотии ДОИШ-ро, ки хушунат ва ҳамлаҳои террористиро ташвиқ мекарданд, ҷамъоварӣ намуда, аз ин гурӯҳ пуштибонӣ мекардааст. Аз ҷумла, ӯ ҳамлаи моҳи октябри соли 2017 дар шоҳроҳи Вест-Сайд дар Ню-Йоркро ситоиш кардааст. Дар он ҳамла як мард бо мошини боркаш ба одамон ҳамла карда, ҳашт нафарро кушта ва чандин тани дигарро маҷрӯҳ карда буд.

Ҳамсари собиқи Манучеҳрӣ дар додгоҳ шаҳодат додааст, ки ӯ дар бораи иҷрокунандаи ин ҳамла гуфтааст: “Он мард ҳоло дар биҳишт аст”.

Ба иттилои додситонӣ, аз моҳи декабри соли 2021 то июни соли 2023 Манучеҳрӣ аз Бруклин ба интиқоли тақрибан 70 ҳазор доллар ба афроди вобаста ба ДОИШ дар Туркия ва Сурия мусоидат кардааст.

Яке аз гирандагони ин маблағҳо баъдан аз ҷониби мақомоти Туркия бо гумони даст доштан дар ҳамлаи террористии моҳи январи соли 2024 ба як калисо дар шаҳри Истанбул боздошт шудааст. Масъулияти он ҳамларо ДОИШ-и Хуросон ба уҳда гирифта буд.

Мақомоти Амрико ҳамчунин, гуфтаанд, ки Манучеҳрӣ моҳи марти соли 2017 ба як шаҳрванди ИМА пул додааст, то бо ӯ издивоҷи сохта кунад ва бо ин роҳ мақоми қонунии будубошро ба даст орад. Аммо ӯ ҳуҷҷатҳои иловагии талабкардаи мақомоти муҳоҷиратро пешниҳод накардааст ва дархосташ қабул нашудааст.

Дар ҳамин давра ӯ бо вуҷуди надоштани иҷозати қонунии будубош аз силоҳи оташфишон истифода карда, чандин маротиба ба майдонҳои тирандозӣ рафтааст.

Моҳи феврали соли 2022 Манучеҳрӣ худро ҳангоми тирандозӣ бо автомати ҷангӣ дар яке аз майдонҳои тирандозии иёлати Ню-Ҷерсӣ сабт карда, наворро ба яке аз афроди вобаста ба ДОИШ дар Туркия фиристодааст. Ӯ ҳамроҳи навор навиштааст: “Шукри Худо, ман омодаам, бародар”.

Ҳуҷҷатҳои пардохти маркази тирандозӣ нишон медиҳанд, ки ӯ рӯзи 27-уми феврали соли 2022 ҳамроҳи як дӯсташ барои истифодаи майдони тирандозӣ пул дода, автомати АК-47, милтиқи тактикии Smith & Wesson M&P 15 ва муҳимоти ҷангӣ иҷора гирифтааст.

Ба гуфтаи додситонӣ, ӯ силоҳро берун аз майдонҳои тирандозӣ низ истифода мебурд. Аз ҷумла, 24-уми августи соли 2024 ба як ҳамхонааш наворе фиристодааст, ки дар он аз дохили мошини ҳаракаткунанда дасташро аз тиреза берун карда, бо таппонча ба самти шоҳроҳ тир мекушояд.

Муовини иҷрокунандаи вазифаи ёвари додситони кулли ИМА М. Скотт Проктор гуфтааст, ки Манучеҳрӣ аз ДОИШ пуштибонӣ карда, ба интиқоли маблағ ба афроди вобаста ба ин гурӯҳ мусоидат намудааст.

Додситони федералии минтақаи шарқии Ню-Йорк Ҷозеф Ночелла низ изҳор доштааст, ки ин ҳукм ба безарар гардонидани таҳдиди ҷиддӣ ва мубориза бо шабакаҳои маблағгузории терроризм мусоидат мекунад.

Парвандаро додситонҳои федералии минтақаи шарқии Ню-Йорк бо ҳамкории бахши мубориза бо терроризми Вазорати адлия баррасӣ кардаанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

18.11.2026 14:21

Ёсин Зиё ба Ҳайбатуллоҳ: “Мо барои курсӣ намеҷангем, барои озодӣ меҷангем”

Роҳбари Ҷабҳаи озодии Афғонистон дар вокуниш ба изҳороти ахири роҳбари гурӯҳи террористии Толибон Мулло Ҳайбаттулоҳ гуфт, ки пешниҳоди Ҳайбатуллоҳ Охунзода дар хусуси ҷалби мухолифон ба сохтори ҳукумат наметавонад онҳоро аз мубориза бар зидди Толибон боз дорад.
18.11.2026 14:09

Талаби 55 сол ҳабс: Ҷузъиёти парвандаи Мансур Манучеҳрӣ аз сӯи Вазорати адлияи Амрико нашр шуд

Вазорати адлияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷузъиёти шаҳрванди Тоҷикистон Мансур Манучеҳриро нашр кард. Ӯ ба иттиҳоми ҳамкорӣ ва маблагузаронӣ ба ДОИШ як сол қабл боздошт шуда буд.
18.11.2026 13:17

Муовини вазири дифои Русия аз Пойгоҳи низомии 201 дар Тоҷикистон боздид кард

Муовини вазири дифои Русия, генерал-лейтенант Павел Фрадков дар ҷараёни сафари корӣ ба Тоҷикистон аз Пойгоҳи низомии 201-уми ин кишвар боздид карда, ба анҷоми сохтмони як қатор иншооти низомию иҷтимоӣ дастур додааст.
18.11.2026 13:13

Самтҳои афзалиятноки ҳамкории Тоҷикистон ва UNCCD муҳокима шуданд

Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо котиби иҷроияи Конвенсияи СММ оид ба мубориза бо биёбоншавӣ (UNCCD) Ясмин Фуад мулоқот намуд.
18.11.2026 12:12

Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Амрико дар дидори Сарвари давлат бо Кристофер Ландау баррасӣ гардид

Имрӯз, 18-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Кристофер Ландауро ба ҳузур пазируфтанд.
18.11.2026 10:38

“Тарс аз Эрон”. Мақомоти амрикоӣ аз тарси Эрон ба паноҳгоҳҳо мераванд

Дар тӯли як ҳафтаи ахир лаҳни гуфтори мақомоти Эрону Амрико тағйир карда ва онҳо ҳамдигарро ба ҳамлаи мутақобил таҳдид мекунанд. Амрико аз тарси ҳамлаи Эрон ба мақомоти олирутбааш онҳоро дар маконҳои муҳофизатшуда ҷо дода ва иддао мекунад, ки Эрон дар пайи террори мақомоти амрикоӣ ва ҳамлаи, ҳатто кимиёӣ ба Амрико аст.
18.11.2026 09:02

Чин: Бо ҳамаи кишварҳо ҳамкорӣ мекунем

Си Ҷинпин, роҳбари Чин мегӯяд, ки новобаста аз тағйироти вазъи байналмилалӣ, сиёсати кишвараш дар самти ҳамкорӣ бо ҳамаи давлатҳои ҷаҳон тағйир нахоҳад кард.
18.11.2026 07:32

Бонки аврупоии таҷдид ва рушд: сармоягузорӣ дар Тоҷикистон 44,9 фоиз афзоиш ёфтааст

Ҳаҷми сармоягузорӣ дар Тоҷикистон дар 9 моҳи соли 2026 нисбат ба ҳамин давраи соли гузошта 44,9 фоиз афзоиш ёфтааст. Дар ин давра маҷмуи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон низ 8,3 фоиз зиёд шудааст.