18 Ноябр 2026,
чоршанбе, 21:10, Душанбе
18.11.2026 18:00

Ҷинпин хостори нақши пешсафи Чину Русия дар ташкили низоми ҷаҳонии бисёрқутбӣ шуд

Си Ҷинпин, роҳбари Ҷумҳурии Халқии Чин аз Русия хост, ки барои ташаккули низоми ҷаҳонии бисёрқутбӣ талошҳои муштаракро ҳамроҳ идома диҳанд.

Ин даъвати роҳбари Чин рӯзи 18-уми ноябр дар мулоқот бо раиси ҷумҳури Русия дар шаҳри Шэнҷени Чин дар ҳошияи Нишасти ҳамкориҳои иқтисодии Осиё ва Уқёнуси Ором “ОПЕК” садо дод.

Си Ҷинпин таъкид намуд, ки ду кишвар бояд “тамоюли ҳаракат ба сӯи ҷаҳони бисёрқутбиро роҳбарӣ карда, пеш баранд”.

Дидор дар ҳоле доир гардид, ки роҳбарони Русия ва Чин аз густариши ҳамкориҳои сиёсиву иқтисодии ду кишар ҳимоят мекунанд. Пекин ва Маскав дар солҳои ахир робитаҳои тиҷоратӣ ва энергетикии худро густариш додаанд.

Владимир Путин дар ҷараёни суханронӣ дар нишасти ОПЕК сиёсати кишварҳои Ғарбро интиқод ва онҳоро “гегемонҳои собиқ” номида, вазъияти Аврупоро “таназзули таҳқиромез” тавсиф кард.

“Таҷриба нишон медиҳад, ки абзорҳои анъанавии бартарияти иқтисодӣ ва маҷбуркунии амалан ошкоро асосан самаранокии худро аз даст додаанд ва дигар қудрати пешинаи тарсонанда надоранд”, - гуфт Путин.

Путин таъкид кард, ки таҳримҳо, боҷҳои гумрукӣ ва маҳдудиятҳои содиротӣ наметавонанд рушди иқтисодиро боз доранд ва иқтисоди кишварҳои рақибро фурӯ резонанд.

Русия аз моҳи феврали соли 2022, пас аз оғози ҳамлаи густурда ба Украина, таҳти таҳримҳои иқтисодии Иёлоти Муттаҳида ва кишварҳои аврупоӣ қарор дорад.

Тибқи иттилои хабарнигори “Ал-Ҷазира” Катина Ю. роҳбари ду кишвар дар суханрониҳои худ аз ташкили низоми одилонатар ва бисёрқутбии ҷаҳонӣ ҷонибдорӣ кардаанд. Си Ҷинпин ва Путин дар тӯли солҳои охир беш аз 40 маротиба мулоқот кардаанд. Чин ҳамакнун бузургтарин шарики тиҷоратии Русия мебошад ва Маскав низ яке аз таъминкунандагони муҳимми захираҳои энергетикии Пекин ба шумор меравад.

Дар ҳамин ҳол, Роберт Келли, профессори улуми сиёсӣ дар Донишгоҳи миллии Пусан дар Кореяи Ҷанубӣ гуфт, ки Иёлоти Муттаҳида, Русия ва Чин бо ҳадафҳо ва интизориҳои гуногун ба музокироти эҳтимолии сеҷониба ворид мешаванд.

Ба назари ӯ, ин ихтилофи мавқеъҳо метавонад расидан ба созишро душвор созад. Роберт Келли масъалаи силоҳҳои ҳастаиро аз ҷумлаи самтҳое номид, ки ҳамкории се қудрати бузург дар он метавонад натиҷаи муҳим ба бор орад.

“Хуб мебуд, агар ҳар се кишвар тавонистанд мусобиқаи силоҳро таҳти назорат гиранд”, - таъкид намуд ӯ.

Профессор Роберт Келли афзуд, ки мавқеи Вашингтон, Маскав ва Пекин дар масъалаи маҳдуд кардани силоҳҳои ҳастаӣ яксон нест. Ба гуфтаи ӯ, Русия ин силоҳҳоро яке аз воситаҳои нигоҳ доштани мақоми қудрати бузург медонад, Чин захираҳои ҳастаии худро афзоиш медиҳад ва Иёлоти Муттаҳида низ то ҳол барои чунин созишҳо мавқеи ошкоро нишон надодааст.

Созмони “ОПЕК” соли 1989 таъсис ёфта, 21 кишвари узв дорад. Ин кишварҳо дар маҷмуъ беш аз нисфи маҷмуи маҳсулоти дохилии ҷаҳонро ташкил медиҳанд ва тақрибан 2,7 миллиард нафар аҳолиро фаро мегиранд.

Интизор меравад, ки дар нишасти имсола масъалаҳои тиҷорати байналмилалӣ ва рушди ҳуши маснуӣ низ баррасӣ шаванд. Яке аз мавзуъҳои муҳим барои кишварҳои узв ояндаи созиши тиҷоратии Иёлоти Муттаҳида ва Чин мебошад, ки муҳлати он моҳи январ ба анҷом мерасад ва масъалаи тамдиди он ҳанӯз рӯшан нест.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

18.11.2026 17:37

Бонки ҷаҳонӣ: камбуди об ва фишори иқтисодӣ зиндагии миллионҳо сокини Афғонистонро душвор кардааст

Бонки ҷаҳонӣ дар изҳороти нави худ ҳушдор дод, бо вуҷуди пешбинии рушди иқтисодии Афғонистон дар соли 2026, коҳиши даромади аҳолӣ, афзоши нахи маводи ғизоӣ ва камбуди об вазъияти зиндагии миллионҳо сокини Афғонистонро душвор кардааст.
18.11.2026 17:28

Сафири Тоҷикистон бо намояндаи Толибон масъалаи таъсиси бозор дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистонро баррасӣ кард

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кобул дар мулоқот бо раиси Палатаи тиҷорат ва сармоягузории ҳукумати гурӯҳи террористии Толибон дар Афғонистон Сайид Карим Ҳошимӣ масъалаи таъсиси бозори муштрак дар минтақаи марзии ду кишвар ва густариши ҳамкориҳои иқтисодиро баррасӣ кардаанд.
18.11.2026 14:21

Ёсин Зиё ба Ҳайбатуллоҳ: “Мо барои курсӣ намеҷангем, барои озодӣ меҷангем”

Роҳбари Ҷабҳаи озодии Афғонистон дар вокуниш ба изҳороти ахири роҳбари гурӯҳи террористии Толибон Мулло Ҳайбаттулоҳ гуфт, ки пешниҳоди Ҳайбатуллоҳ Охунзода дар хусуси ҷалби мухолифон ба сохтори ҳукумат наметавонад онҳоро аз мубориза бар зидди Толибон боз дорад.
18.11.2026 14:09

Талаби 55 сол ҳабс: Ҷузъиёти парвандаи Мансур Манучеҳрӣ аз сӯи Вазорати адлияи Амрико нашр шуд

Вазорати адлияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷузъиёти шаҳрванди Тоҷикистон Мансур Манучеҳриро нашр кард. Ӯ ба иттиҳоми ҳамкорӣ ва маблагузаронӣ ба ДОИШ як сол қабл боздошт шуда буд.
18.11.2026 13:17

Муовини вазири дифои Русия аз Пойгоҳи низомии 201 дар Тоҷикистон боздид кард

Муовини вазири дифои Русия, генерал-лейтенант Павел Фрадков дар ҷараёни сафари корӣ ба Тоҷикистон аз Пойгоҳи низомии 201-уми ин кишвар боздид карда, ба анҷоми сохтмони як қатор иншооти низомию иҷтимоӣ дастур додааст.
18.11.2026 13:13

Самтҳои афзалиятноки ҳамкории Тоҷикистон ва UNCCD муҳокима шуданд

Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо котиби иҷроияи Конвенсияи СММ оид ба мубориза бо биёбоншавӣ (UNCCD) Ясмин Фуад мулоқот намуд.
18.11.2026 12:12

Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Амрико дар дидори Сарвари давлат бо Кристофер Ландау баррасӣ гардид

Имрӯз, 18-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Кристофер Ландауро ба ҳузур пазируфтанд.
18.11.2026 10:38

“Тарс аз Эрон”. Мақомоти амрикоӣ аз тарси Эрон ба паноҳгоҳҳо мераванд

Дар тӯли як ҳафтаи ахир лаҳни гуфтори мақомоти Эрону Амрико тағйир карда ва онҳо ҳамдигарро ба ҳамлаи мутақобил таҳдид мекунанд. Амрико аз тарси ҳамлаи Эрон ба мақомоти олирутбааш онҳоро дар маконҳои муҳофизатшуда ҷо дода ва иддао мекунад, ки Эрон дар пайи террори мақомоти амрикоӣ ва ҳамлаи, ҳатто кимиёӣ ба Амрико аст.