Путин дар Чин: “Таҳримҳои Ғарб бар зидди Русия ноком аст”
Бонки ҷаҳонӣ: камбуди об ва фишори иқтисодӣ зиндагии миллионҳо сокини Афғонистонро душвор кардааст
Сафири Тоҷикистон бо намояндаи Толибон масъалаи таъсиси бозор дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистонро баррасӣ кард
Ёсин Зиё ба Ҳайбатуллоҳ: “Мо барои курсӣ намеҷангем, барои озодӣ меҷангем”
Сафири Тоҷикистон бо намояндаи Толибон масъалаи таъсиси бозор дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистонро баррасӣ кард
Саъдӣ Шарифӣ, сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кобул дар мулоқот бо раиси Палатаи тиҷорат ва сармоягузории ҳукумати гурӯҳи террористии Толибон дар Афғонистон Сайид Карим Ҳошимӣ масъалаи таъсиси бозори муштрак дар минтақаи марзии ду кишвар ва густариши ҳамкориҳои иқтисодиро баррасӣ кардаанд.
Тибқи иттилои Палатаи тиҷорат ва сармоягузории Афғонистон, ин мулоқот рӯзи 18-уми ноябр дар дафтари кории Сайид Карим Ҳошимӣ баргузор шуд. Ду ҷониб роҳҳои рушди муносибатҳои тиҷоратӣ, афзоиши ҳамкориҳои дуҷониба ва фароҳам намудани имкониятҳои навро барои соҳибкорон ва сармоягузорони ду кишвар баррасӣ кардаанд.
Саъдӣ Шарифӣ дар ин мулоқот гуфт, ки роҳбарияти Тоҷикистон ба густариши манобеи робитаҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо Афғонистон таваҷҷуҳ дорад ва мехоҳад барои фаъолияти муштараки соҳибкорони ду кишвар шароити беҳтар фароҳам шавад.
Сафири Тоҷикистон гуфт, ки таъсиси бозори муштарак дар минтақаи марзии ду кишвар бо мақсади осон намудани мубодилаи молу маҳсулот ва густариши робитаҳои иқтисодӣ дар миёни соҳибкорон, сармоягузорон ва сокинони ҳар ду кишвар баррасӣ шуд.
Сайид Карим Ҳошимӣ, раиси Палатаи тиҷорат ва сармоягузории Афғонистони таҳти ҳукумати Толибон гуфт, барои ташкили ҳайати на камтар аз 10 нафар соҳибкорони афғон ба Тоҷикистон талош дорад. Ҳадафи ин сафар шиносоии наздики соҳибкорони афғон бо имкониятҳои тиҷоратӣ ва сармоягузории Тоҷикистон ва барқарор намудани робитаҳои мустақим бо ҳамтоёни тоҷики онҳо аст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Ҷинпин хостори нақши пешсафи Чину Русия дар ташкили низоми ҷаҳонии бисёрқутбӣ шуд