18 Ноябр 2026,
чоршанбе, 14:31, Душанбе
18.11.2026 07:32

Бонки аврупоии таҷдид ва рушд: сармоягузорӣ дар Тоҷикистон 44,9 фоиз афзоиш ёфтааст

Ҳаҷми сармоягузорӣ дар Тоҷикистон дар 9 моҳи соли 2026 нисбат ба ҳамин давраи соли гузошта 44,9 фоиз афзоиш ёфтааст. Дар ин давра маҷмуи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон низ 8,3 фоиз зиёд шудааст.

Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар гузориши нави микроиқтисодии худ дар ин бора иттилоъ дода, зикр мекунад, ки афзоиши сармоягузорӣ ва талаботи истеъмолӣ ду омили муҳимми рушди иқтисоди Тоҷикистон дар ин давра мебошад.

Тибқи арзёбии гузориши ин бонк, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар кишвар дар моҳҳои январ ва сентябр 13,7 фоиз афзоиш ёфтааст. Дар ин давра ҳаҷми истеҳсол дар бахши саноати коркард 21,5 фоиз ва гардиши савдои чакана 28 фоиз зиёд гардидааст.

Бар асоси пешбинии бонки зикршуда, дар маҷмуъ иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2026 низ бо суръати 8,3 фоиз дар ҳоли рушд аст.

Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар ин гузориши худ зикр кардааст, ки афзоиши сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон ва сатҳи рушди маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар ин кишвар боиси рушди иқтисодӣ шудааст. Ин ниҳоди молиявии байналмилалӣ, ҳамчунин, иқтисоди чанд кишвари Осиёи Марказиро низ баррасӣ кардааст. Нишондиҳандаҳои ин бонк дар мавриди Тоҷикистон мушаххас мекунад, ки Тоҷикистон дар арзёбии ин бонк аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ як қадам пеш аст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

18.11.2026 14:21

Ёсин Зиё ба Ҳайбатуллоҳ: “Мо барои курсӣ намеҷангем, барои озодӣ меҷангем”

Роҳбари Ҷабҳаи озодии Афғонистон дар вокуниш ба изҳороти ахири роҳбари гурӯҳи террористии Толибон Мулло Ҳайбаттулоҳ гуфт, ки пешниҳоди Ҳайбатуллоҳ Охунзода дар хусуси ҷалби мухолифон ба сохтори ҳукумат наметавонад онҳоро аз мубориза бар зидди Толибон боз дорад.
18.11.2026 14:09

Талаби 55 сол ҳабс: Ҷузъиёти парвандаи Мансур Манучеҳрӣ аз сӯи Вазорати адлияи Амрико нашр шуд

Вазорати адлияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷузъиёти шаҳрванди Тоҷикистон Мансур Манучеҳриро нашр кард. Ӯ ба иттиҳоми ҳамкорӣ ва маблагузаронӣ ба ДОИШ як сол қабл боздошт шуда буд.
18.11.2026 13:17

Муовини вазири дифои Русия аз Пойгоҳи низомии 201 дар Тоҷикистон боздид кард

Муовини вазири дифои Русия, генерал-лейтенант Павел Фрадков дар ҷараёни сафари корӣ ба Тоҷикистон аз Пойгоҳи низомии 201-уми ин кишвар боздид карда, ба анҷоми сохтмони як қатор иншооти низомию иҷтимоӣ дастур додааст.
18.11.2026 13:13

Самтҳои афзалиятноки ҳамкории Тоҷикистон ва UNCCD муҳокима шуданд

Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо котиби иҷроияи Конвенсияи СММ оид ба мубориза бо биёбоншавӣ (UNCCD) Ясмин Фуад мулоқот намуд.
18.11.2026 12:12

Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Амрико дар дидори Сарвари давлат бо Кристофер Ландау баррасӣ гардид

Имрӯз, 18-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Кристофер Ландауро ба ҳузур пазируфтанд.
18.11.2026 10:38

“Тарс аз Эрон”. Мақомоти амрикоӣ аз тарси Эрон ба паноҳгоҳҳо мераванд

Дар тӯли як ҳафтаи ахир лаҳни гуфтори мақомоти Эрону Амрико тағйир карда ва онҳо ҳамдигарро ба ҳамлаи мутақобил таҳдид мекунанд. Амрико аз тарси ҳамлаи Эрон ба мақомоти олирутбааш онҳоро дар маконҳои муҳофизатшуда ҷо дода ва иддао мекунад, ки Эрон дар пайи террори мақомоти амрикоӣ ва ҳамлаи, ҳатто кимиёӣ ба Амрико аст.
18.11.2026 09:02

Чин: Бо ҳамаи кишварҳо ҳамкорӣ мекунем

Си Ҷинпин, роҳбари Чин мегӯяд, ки новобаста аз тағйироти вазъи байналмилалӣ, сиёсати кишвараш дар самти ҳамкорӣ бо ҳамаи давлатҳои ҷаҳон тағйир нахоҳад кард.
18.11.2026 07:32

Бонки аврупоии таҷдид ва рушд: сармоягузорӣ дар Тоҷикистон 44,9 фоиз афзоиш ёфтааст

Ҳаҷми сармоягузорӣ дар Тоҷикистон дар 9 моҳи соли 2026 нисбат ба ҳамин давраи соли гузошта 44,9 фоиз афзоиш ёфтааст. Дар ин давра маҷмуи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон низ 8,3 фоиз зиёд шудааст.