Путин дар Чин: “Таҳримҳои Ғарб бар зидди Русия ноком аст”
Бонки ҷаҳонӣ: камбуди об ва фишори иқтисодӣ зиндагии миллионҳо сокини Афғонистонро душвор кардааст
Сафири Тоҷикистон бо намояндаи Толибон масъалаи таъсиси бозор дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистонро баррасӣ кард
Ёсин Зиё ба Ҳайбатуллоҳ: “Мо барои курсӣ намеҷангем, барои озодӣ меҷангем”
Путин дар Чин: “Таҳримҳои Ғарб бар зидди Русия ноком аст”
Рӯзи 18-уми ноябр Владимир Путин, раиси ҷумҳури Федератсияи Русия бо Си Ҷинпин, роҳбари Ҷумҳурии Халқии Чин дар шаҳри Шэнҷени Чин дидор намуда, гуфт, ки таҳримҳои зидди Русияи Ғарб ноком аст.
Дидори раиси ҷумҳури Русия ва роҳбари Чин дар остонаи нишасти сеҷонибаи Путин, Трамп ва Ҷинпин, ки рӯзи панҷшанбе, 19-уми ноябр доир мегардад, сурат гирифт. Дар мулоқоти сеҷонибаи роҳбари се кишвари қудратманд масоили ҳалли ҷанги Украина ва Эрон баррасӣ хоҳад шуд.
Владимир Путин дар дидор бо Си Ҷинпин аз сиёсати таҳрими кишварҳои Ғарб интиқод намуда, афзуд, ки талошҳои дур кардани Русия аз ҳамкориҳои байналмилалӣ натиҷа надодаанд.
“Мо чунин мисолҳоро дар талошҳои нокоми ҷудо кардани кишвари худ - Русия мебинем, ки ба фишори бесобиқаи таҳримӣ рӯбарӯ шудааст” – таъкид кард Владимир Путин.
Си Ҷинпин гуфт, ки Пекин ва Маскав бояд аз имкониятҳои мавҷуда барои табодули назар миёни ҳукуматҳо, ниҳодҳои қонунгузор, сохторҳои низомӣ ва ҳизбҳои сиёсии ду кишвар бештар истифода баранд.
Дидори рӯзи чоршанбе панҷумин дидори Си Ҷинпин ва Путин дар соли ҷорӣ ба ҳисоб меравад. Бахше аз ин дидорҳо ба воситаи видеконфронс доир шуда буданд.
Қабл аз оғози дидор намояндагони Русия гуфта буданд, ки роҳбарони ду кишвар дар бораи ҳамкориҳои энергетикӣ, молиявӣ ва масъалаҳои Украинаву Кореяи Шимолӣ суҳбат мекунанд.
Қабл аз оғози нишаст Си Ҷинпин гуфта буд, ки “Чин бо коҳиш додани боҷҳои гумрукӣ, васеъ кардани имкониятҳои дастрасӣ ба бозор ва баррасии стандартҳои танзим ва идоракунӣ ислоҳоти амиқро амалӣ хоҳад кард”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Ҷинпин хостори нақши пешсафи Чину Русия дар ташкили низоми ҷаҳонии бисёрқутбӣ шуд
Путин дар Чин: “Таҳримҳои Ғарб бар зидди Русия ноком аст”
Бонки ҷаҳонӣ: камбуди об ва фишори иқтисодӣ зиндагии миллионҳо сокини Афғонистонро душвор кардааст
Сафири Тоҷикистон бо намояндаи Толибон масъалаи таъсиси бозор дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистонро баррасӣ кард